Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи амалкуни: 13.02.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 145

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 145

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.03.2015 № 149, аз 07.05.2015 № 316, 30.05.2015 № 357, аз 03.06.2015 № 381, аз 03.07.2015 № 450, аз 01.08.2015 № 497, аз 30.12.2015 № 816, аз 10.02.2016 № 66, аз 25.02.2016 № 79, аз 30.04.2016 № 192, аз 25.01.2017 № 35, аз 27.03.2018 № 169, аз 31.07.2018 № 362, аз 30.11.2018 № 566, аз 09.08.2019 № 404, аз 28.12.2019 № 634, аз 29.04.2020 № 240, аз 26.11.2020 № 629, аз 27.01.2022 № 17, аз 26.02.2022 № 78, аз 26.08.2022 № 422, аз 29.12.2022 № 613, аз 28.11.2023 № 532, № 536, аз 13.02.2024 № 63, аз 29.05.2025 № 319, аз 24.07.2025 № 409, аз 31.10.2025 № 556, аз 26.02.2026 № 79, 81, аз 26.02.2026 № 95)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм буда, сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи маориф ва илм, таълиму тарбия, фаъолияти илмию техникӣ, васояту парасторӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии таълимгирандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва илмӣ амалӣ менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 634, аз 26.02.2026 № 95).

2. Вазорат ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва илмиро бевосита ва тавассути мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95).

3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 362).

4. Вазорат ва муассисаҳои зерсохтори он, раёсату шӯъбаҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таълимии дар сохтори дигар вазорату идораҳо воқеъбуда, инчунин дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи маориф ва илм сохтори ягонаи низоми маорифро ташкил медиҳанд.

5. Вазорат сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ва фаъолияти илмию тадқиқотӣ татбиқ менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 634аз 26.02.2026 № 95).

...

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 марта 2014 года, № 145

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 марта 2014 года, № 145

Положение о Министерстве образования и науки Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 13.03.2015г. № 149, от 07.05.2015г. № 316, от 30.05.2015г. № 357, от 03.06.2015г.№381, от 03.07.2015г. №450, от 01.08.2015г.№497, от 30.12.2015г.№816, от 10.02.2016г.№66, от 25.02.2016г. №79, от 30.04.2016г.№192, от 25.01.2017г.№35, от 27.03.2018г.№169, от 31.07.2018г.№362, от 30.11.2018г.№566, от 09.08.2019г.№404, от 28.12.2019г.№634, от 29.04.2020г.№240, от 26.11.2020г.№629, от 27.01.2022 №17, от 26.02.2022г.№78, от 26.08.2022 №422, ОТ 29.12.2022 №613, от 28.11.2023 №532, от 28.11.2023 №536, от 13.02.2024 №63, от 29.05.2025 №319, от 24.07.2025 №409, 31.10.2025 №556, от 26.02.2026 №79, от 26.02.2026 №81, от 26.02.2026 №95)

1. Общие положения

1. Министерство образования и науки Республики Таджикистан (далее - Министерство) является центральным исполнительным органом государственной власти в сфере образования и науки, осуществляет единую государственную политику и регулирует правовые нормативы в сфере образования и науки, в области обучения, воспитания, научно-технической деятельности, опеки и попечительства, защиты прав ребенка, ответственность за обучение и воспитание ребёнка а также поддержки и социальной защиты учащихся и воспитанников дошкольных, общих, высших, послевузовских образовательных учреждений и научных заведений (в редакции постановления Правительства РТ от 28.12.2019г.№634, от 26.02.2026 №95).

2. Министерство осуществляет координацию и контроль деятельности дошкольных, общих, высших, послевузовских образовательных учреждений и научных заведений непосредственно и посредством государственных местных органов управления сферы образования во взаимодействии с министерствами и ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти, общественными и другими организациями (в редакции пост. Правительства РТ от 26.02.2026 №95).

3. Министерство в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, а также международными правовыми актами признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

4. Министерство и его подведомственные учреждения, управления и отделы образования Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов, образовательные учреждения, находящиеся в структуре других министерств и ведомств, а также другие учреждения и организации сферы образования и науки составляют единую структуру системы образования.

5. Министерство осуществляет государственную политику в сфере образования и науки, в том числе дошкольного обучения и воспитания, общего образования, высшего профессионального, послевузовского профессионального образования, дополнительного образования, защиты прав ребенка, ответственность за обучение и воспитание ребёнка, и научно-исследовательской деятельности (в редакции постановления Правительства РТ от 28.12.2019г.№634, от 26.02.2026 №95).

...