Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2025, № 556 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара»


Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара» таъсис дода шавад.

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Муассисаи мазкурро ҳал намояд.

3. Ба Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 «Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархати ҳаштоду панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

« - Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара»;».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 октябри соли 2025, № 556



Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О создании Государственного образовательное учреждения «Республиканский лицей для одарённых учащихся Дангаринского района»

В соответствии со статьями 52 и 128 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Создать Государственное образовательное учреждение «Республиканский лицей для одаренных учащихся Дангаринского района».

2. Министерству образования и науки Республики Таджикистан совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые и финансовые вопросы данного Учреждения.

3. Дополнить Перечень учреждений и организаций системы Министерства образования и науки Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145 «О Министерстве образования и науки Республики Таджикистан», восемьдесят пятым абзацем следующего содержания:

« - Государственное образовательное учреждение «Республиканский лицей для одаренных учащихся в Дангаринском районе»;».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 31 октября 2025 года №556