Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, № 95 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 «Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) ба банди 1 пас аз калимаи «кӯдак,» калимаҳои «масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак,» илова гардида, калимаи «таълимӣ» ба калимаҳои «таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва илмӣ» иваз карда шавад;

2) дар банди 2 калимаи «таълимӣ» ба калимаҳои «таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» иваз карда шавад;

3) дар банди 5 калимаҳои «ибтидоӣ, миёна,» хориҷ карда шуда, пас аз калимаи «кӯдак» калимаҳои «, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» илова карда шаванд;

4) дар банди 7:

- дар сархати якум калимаҳои «илм ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ба калимаҳои «илм, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» иваз карда шаванд;

- сархатҳои дувоздаҳум, сенздаҳум, чордаҳум, понздаҳум, шонздаҳум, ҳабдаҳум, ҳаждаҳум, нуздаҳум ва бистум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«- ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои дигари дахлдор дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;

- таҳия ва пешниҳод намудани барномаҳои давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;

- таҳия ва пешниҳод намудани низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Внести в Положение о Министерстве образования и науки Республики Таджикистан, утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145 «О Министерстве образования и науки Республики Таджикистан», следующие изменения и дополнения:

1) пункт 1 после слова «ребёнка,» дополнить словами «ответственность за обучение и воспитание ребёнка» и слова «учебных» заменить словами «дошкольных, общих, высших, послевузовских образовательных учреждений»;

2) в пункте 2 слова «учебных» заменить словами «дошкольных, общих, высших, послевузовских образовательных учреждений»;

3) в пункте 5 слова «начального, среднего,» исключить и после слова «ребёнка» дополнить словами «, ответственность за обучение и воспитание ребёнка»;

4) в пункте 7:

- в первом абзаце слова «науки и защиты прав ребенка» заменить словами «науки, защиты прав ребёнка и ответственность за обучение и воспитание ребёнка»;

- дополнить абзацами двенадцатым, тринадцатым, четырнадцатым, пятнадцатым, шестнадцатым, семнадцатым, восемнадцатым, девятнадцатым и двадцатым следующего содержания:

«- координация деятельности государственных органов, органов самоуправления посёлков и дехотов, а также других соответствующих организаций в сфере ответственности за обучение и воспитание ребёнка;

- разработка и представление государственных программ в сфере ответственности за обучение и воспитание ребёнка;

- разработка и представление типового положения об общественных комиссиях в сфере ответственности за обучение и воспитание ребёнка;

- осуществление в пределах своих полномочий контроля за деятельностью общественных комиссий в сфере ответственности за обучение и воспитание ребёнка;

...