Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон қарор мекунад:
1. Аз сархати понздаҳуми Номгӯйи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.
2. Дар Номгӯйи корхона ва муассисаҳои системаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №147 "Дар бораи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- аз сархати бисту нуҳум калимаҳои "Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон," хориҷ карда шаванд;
- сархати сиюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб"".
3. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб"-ро ҳал намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 феврали соли 2022, № 78
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнения в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Из пятнадцатого абзаца Перечня государственных и негосударственных образовательных учреждений, осуществляющих свою деятельность в сфере образования с Министерством образования и науки Республики Таджикистан на основе двустороннего соглашения, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145 "О Министерстве образования и науки Республики Таджикистан", слова "в структуре Технологического университета Таджикистана" исключить.
2. Внести в Перечень предприятий и учреждений системы Министерства промышленности и новых технологий Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №147 "О Министерстве промышленности и новых технологий Республики Таджикистан", следующие изменение и дополнение:
- из двадцать девятого абзаца слова "Институт технологий и инновационного менеджмента в городе Куляб", в структуре Технологического университета Таджикистана" исключить;
- дополнить тридцатым абзацем следующего содержания:
"Государственное образовательное учреждение "Институт технологий и инновационного менеджмента в городе Куляб"".
3. Министерству промышленности и новых технологий Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационноправовые вопросы Государственного образовательного учреждения "Институт технологий и инновационного менеджмента в городе Куляб".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 26 февраля 2022 года, №78