Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 № 145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 13.02.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 634, аз 26.11.2020 № 629, аз 28.11.2023 № 536, аз 13.02.2024 № 63)

 

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3, 4 ва5).

2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 92 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад. Маблағгузории 84 воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 8 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорат анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 629, аз 28.11.2023 № 536, аз 13.02.2024 № 63).

3. Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовараи Вазорат иборат аз 7 нафар дошта бошад. Барои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 5 адад муқаррар карда шавад(қарори Ҳукумати ҶТ  аз 26.11.2020 № 629).

4. Маблағгузории Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода шавад.

5. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- низомномаҳои сохторҳои дар Нақшаи идоракунии Вазорат нишондодашударо таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намояд;

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 марти соли 2014 № 145

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Министерстве образования и науки Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 28.12.2019г.№634, от 26.11.2020г.№629, от 28.11.2023 №536, от 13.02.2024 №63)

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и Указа Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12 "О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение, Структуру центрального аппарата, Схему управления, Перечень учреждений и организаций системы Министерства образования и науки Республики Таджикистан, Перечень государственных и негосударственных образовательных учреждений, осуществляющих свою деятельность в сфере образования с Министерством образования и науки Республики Таджикистан на основе двусторонних соглашений (приложения 1, 2, 3, 4 и 5).

2. Установить предельное количество сотрудников центрального аппарата Министерства образования и науки Республики Таджикистан в количестве 92 штатных единиц (без обслуживающего персонала). Финансирование 84 штатных единиц осуществить за счет республиканского бюджета и 8 штатных единиц за счет специальных средств министерства (в редакции постановления Правительства РТ от 26.11.2020г.№629, от 28.11.2023 №536, от 13.02.2024 №63).

3. Разрешить Министерству образования и науки Республики Таджикистан иметь 4 заместителей министра, в том числе одного первого заместителя и коллегию Министерства в составе 7 человек. Установить для Министерства образования и науки Республики Таджикистан лимит легковых служебных автомашин в количестве 5 единиц (в редакции постановления Правительства РТ от 26.11.2020г.№629).

4. Финансирование Центрального аппарата Министерства образования и науки Республики Таджикистан осуществлять за счет средств республиканского бюджета и других средств в соответствии с порядком согласованным с Министерством финансов Республики Таджикистан.

5. Министерству образования и науки Республики Таджикистан в двухмесячный срок:

- разработать и в установленном порядке утвердить положения органов, указанных в Схеме управления Министерства;

- представить предложения по внесению изменений и дополнений в отраслевые нормативные правовые акты Республики Таджикистан;

- привести в соответствие свои нормативные акты с настоящим постановлением.

6. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №594 "О Министерстве образования Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                 Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 3 марта 2014 года, № 145