Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 № 497 "Дар бораи табдил додани литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ ба муассисаҳои давлатии таълимии литсейҳо барои хонандагони болаёқат"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи табдил додани литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ ба муассисаҳои давлатии таълимии литсейҳо барои хонандагони болаёқат

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи таълимии "Литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе", Муассисаи таълимии "Литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии иқтисодии шаҳри Душанбе", Муассисаи таълимии "Литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳри Хуҷанд", Муассисаи таълимии "Литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳри Турсунзода", Муассисаи таълимии "Литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Мавлоно Ҷалолиддини Румии шаҳри Қӯрғонтеппа" ва Муассисаи таълимии "Литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳри Кӯлоб" бо нигоҳ доштани иншооти мавҷуда, воҳидҳои кории амалкунанда ва бо тартиби худмаблағгузорӣ мутаносибан ба Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ" дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд, Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Турсунзода, Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Қӯрғонтеппа, Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Кӯлоб табдил дода шаванд.

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаҳои мазкурро ҳал намоянд.

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида қабул ва супоридани биною иншоот ва дигар амволи муассисаҳои дар банди 1 қарор зикргардидаро таъмин намояд.

4. Ба Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто аз 3 марти соли 2014, № 145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Душанбе;

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ" дар шаҳри Душанбе;

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд;

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Турсунзода;

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Қӯрғонтеппа;

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Кӯлоб.

5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

6. Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 августи соли 1994, № 413 "Оид ба масъалаҳои литсейҳои Тоҷикистону Туркия" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2015 № 497

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О преобразовании совместных таджикско-турецких лицеев в государственные образовательные учреждении лицеи для одаренных учащихся

В соответствии со статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, статьями 42 и 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Преобразовать Образовательное учреждение "Таджикско-турецкий совместный лицей-интернат имени Ходжи Камола города Душанбе", Образовательное учреждение "Таджикско-турецкий совместный экономический лицей-интернат города Душанбе", Образовательное учреждение "Таджикско-турецкий совместный лицей-интернат города Худжанд", Образовательное учреждение "Таджикско-турецкий совместный лицей-интернат города Турсунзаде", Образовательное учреждение "Таджикско-турецкий совместный лицей-интернат имени Мавлоно Джалолиддина Руми города Курган-тюбе" и Образовательное учреждение "Таджикско-турецкий совместный лицей-интернат города Куляба" с сохранением имеющихся сооружений, действующих штатных единиц и в порядке самофинансирования соответственно на Государственное образовательное учреждение "Лицей для одаренных учащихся" в городе Душанбе, Государственное образовательное учреждение "Лицей для одаренных учащихся экономического направления" в городе Душанбе, Государственное образовательное учреждение "Лицей для одаренных учащихся" в городе Худжанд, Государственное образовательное учреждение "Лицей для одаренных учащихся" в городе Турсунзаде, Государственное образовательное учреждение "Лицей для одаренных учащихся" в городе Курган-тюбе, Государственное образовательное учреждение "Лицей для одаренных учащихся" в городе Куляб.

2. Министерству образования и науки Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами в установленном порядке решить организационно - правовые вопросы указанных учреждений.

3. Министерству образования и науки совместно с Государственным комитетом по инвестициям и государственному имуществу Республики Таджикистан в установленном порядке обеспечить прием и сдачу зданий, сооружений и имущество учреждений, указанных в пункте 1.

4. Перечень учреждений и организаций системы Министерства образования и науки Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145 "О Министерстве образования и науки Республики Таджикистан" дополнить новыми абзацами следующего содержания:

- Государственное образовательное учреждение "Лицей для одаренных учащихся" в городе Душанбе;

- Государственное образовательное учреждение "Лицей экономического направления для одаренных учащихся" в городе Душанбе;

- Государственное образовательное учреждение "Лицей для одаренных учащихся" в городе Худжанд;

- Государственное образовательное учреждение "Лицей для одаренных учащихся" в городе Турсунзаде;

- Государственное образовательное учреждение "Лицей для одаренных учащихся" в городе Курган-тюбе;

- Государственное образовательное учреждение "Лицей для одаренных учащихся" в городе Куляб.

5. Государственному комитету по инвестициям и государственному имуществу Республики Таджикистан внести соответствующие изменения в учетные данные.

6. Признать утратившим силу постановление Совета Министров Республики Таджикистан от 19 августа 1994 года, №413 "О вопросах таджикско - турецких лицеев".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан          Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 1 августа 2015 года, № 497