Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "115" ва "75" мувофиқан ба рақамҳои "123" ва "83" иваз карда шаванд. Маблағузории 115 воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 8 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорат анҷом дода шавад.
2. Ба Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ шудааст, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 1 пас аз калимаҳои "васояту парасторӣ," калимаҳои "ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак," илова карда шаванд;
- дар банди 5 пас аз калимаҳои "таҳсилоти иловагӣ" калимаҳои ", ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак" илова карда шаванд;
- дар сархати якуми банди 7 пас аз калимаҳои "маориф ва илм" калимаҳои "ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак" илова карда шавад.
3. Ба Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ шудааст, сархате шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 декабри соли 2019 № 634
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменения и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах"Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В пункте 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145 "О Министерстве образования и науки Республики Таджикистан" цифры "115" и "75" заменить соответственно цифрами "123"и "83". Финансирование 115 штатных единиц осуществить за счет республиканского бюджета и 8 штатных единиц за счет специальных средств министерства.
2. Внести в Положение о Министерстве образования, и науки Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145, следующие дополнения:
- пункт 1 после слов "опеки и попечительства," дополнить словами "защиты прав ребёнка,";
- пункт 5 после слов "дополнительного образования" дополнить словами ", защита прав ребёнка";
- первый абзац пункта 7 после слов "образования и науки" дополнить словами "и защиты прав ребёнка".
3. Структуру центрального аппарата Министерства образования и науки Республики Таджикистан, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145, дополнить шестым абзацем следующего содержания:
"Управление по защите прав ребёнка".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 28 декабря 2019 года, №634