Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии "Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода"
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" ба "Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" номгузорӣ карда шавад.
2. Дар Номгӯи муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "Муассисаи давлатии "Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" иваз карда шаванд.
3. Дар Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" иваз карда шаванд.
4. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии марбут ба ивазшавии номи муассисаи мазкурро ҳаллу фасл намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 июли соли 2015 № 450
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственном учреждении "Таджикский государственный институт искусств имени Мирзо Турсунзаде"
В соответствии со статьей 17 Конституционого закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Переименовать Государственное учреждение "Таджикский государственный институт искусства имени Мирзо Турсунзаде в "Государственное учебное учреждение "Таджикский государственный институт культуры и искусств имени Мирзо Турсунзаде".
2. В Перечне учреждений и организаций системы Министерства культуры Республики Таджикистан, утверждённом постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №604 "О Министерстве культуры Республики Таджикистан", слова "Таджикский государственный институт искусств имени Мирзо Турсунзаде" заменить словами "Государственное учебное учреждение "Таджикский государственный институт культуры и искусств имени Мирзо Турсунзаде".
3. В Перечне государственных и негосударственных образовательных учреждений, осуществляющих свою деятельность в сфере образования с Министерством образования и науки Республики Таджикистан на основе двухстороннего соглашения, утвержденном постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145, слова "Таджикский государственный институт искусств имени Мирзо Турсунзаде" заменить словами "Государственное учебное учреждение "Таджикский государственный институт культуры и искусств имени Мирзо Турсунзаде".
4. Министерству культуры Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно - правовые вопросы, связанные с переименованием данного учреждения и привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.
Председатель
Правительства Pеспублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 3 июля 2015 года, № 450