Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 № 816 "Дар бораи ба номи профессор Карамшоев Додхудо номгузорӣ намудани Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ба номи профессор Карамшоев Додхудо номгузорӣ намудани Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон"

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи ба Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" додани номи профессор Карамшоев Додхудо дастгирӣ карда шуда, минбаъд он Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба номи Карамшоев Додхудо" номида шавад.

2. Сархати шасту шашуми Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба номи Карамшоев Додхудо;".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2015 № 816

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О присуждении имени профессора Карамшоева Додхудо Государственному образовательному учреждению "Школа-интернат в Рушанском районе Горно-Бадахшанской автономной области"

В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистана "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Поддержать представление исполнительного органа государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области о присуждении имени профессора Карамшоева Додхудо Государственному образовательному учреждению "Школа-интернат в Рушанском районе Горно-Бадахшанской автономной области".

2. Абзац шестьдесят шестой Перечня учреждений и организаций системы Министерства образования и науки Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года,№145, изложить в следующей редакции:

"- Государственное образовательное учреждение "Школа-интернат в Рушанском районе Горно-Бадахшанской автономной области имени Карамшоева Додхудо;".

Председатель

Правительства Pecпублики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 30 декабря 2015 года, № 816