ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода"
Мутобиқи моддаҳои 53 ва 55 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Точикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода" мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода шуда, Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода" номгузорӣ карда шавад.
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода"-ро ҳал намояд.
3. Сархати бистуми замимаи 4 Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода";".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 декабри соли 2022, № 613
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Государственном образовательном учреждении "Таджикский международный университет иностранных языков имени Сотима Улугзаде"
В соответствии со статьями 53 и 55 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, статьей 10 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" и статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Присвоить Государственному образовательному учреждению "Таджикский государственный институт языков имени Сотима Улугзаде" статус международного образовательного учреждения и переименовать на Государственное образовательное учреждение "Таджикский международный университет иностранных языков имени Сотима Улугзаде".
2. Министерству образования и науки Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые вопросы, связанные с Государственным образовательным учреждением "Таджикский международный университет иностранных языков имени Сотима Улугзаде".
3. Двадцатый абзац приложения 4 Перечня организаций и учреждений системы Министерства образования и науки Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145 "О Министерстве образования и науки Республики Таджикистан", изложить в следующей редакции:
"- Государственное образовательное учреждение "Таджикский международный университет иностранных языков имени Сотима Улугзаде";".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 29 декабря 2022 года №613