Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2026, № 645 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи Конфутсий»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Данғара»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи Конфутсий»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Данғара»


Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи Конфутсий»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Данғара» таъсис дода шавад.

2.Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Муассисаи мазкурро дар доираи воҳидҳои корӣ ва маблағҳои пешбинишудаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Данғара» ҳал намояд.

3.Ба Номгӯйи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 «Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархати бистум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи Конфутсий»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Данғара;».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2026, № 645



...