ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи иваз намудани номи Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт"
Мутобиқи моддаи 55 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номи Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт" ба Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисӣ-маърифатии ноҳияи Рашт" иваз карда шавад.
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии марбут ба Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи мухандисӣ-маърифатии ноҳияи Рашт"-ро дар доираи маблағҳои пешбинишуда ҳал намояд.
3. Сархати сию якуми замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи мухандисӣ-маърифатии ноҳияи Рашт";".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 августи соли 2022, № 422
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О переименовании Государственного образовательного учреждения "Педагогический колледж Раштского района"
В соответствии со статьёй 55 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьёй 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Переименовать Государственное образовательное учреждение "Педагогический колледж Раштского района" на Государственное образовательное учреждение "Инженерно-просветительский колледж Раштского района".
2. Министерству образования и науки Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые и финансовые вопросы, связанные с Государственным образовательным учреждением "Инженерно-просветительский колледж Раштского района" в рамках предусмотренных средств.
3. Абзац тридцать первый приложения 4 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145 "О Министерстве образования и науки Республики Таджикистан" изложить в следующей редакции.
"- Государственное образовательное учреждение "Инженернопросветительский колледж Раштского района";".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 26 августа 2022 года, №422