Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587

Санаи амалкуни: 26.11.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.09.2021, №413 аз эътибор соқит дониста шуд

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 587

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 587

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 176, аз 2.07.2008 № 319, аз 28.07.2009 № 449, аз 30.04.2011 № 245, аз 1.07.2011 № 343, аз 12.12.2011 № 626, аз 06.09.2012 № 481, аз 31.03.2014 № 234, аз 28.11.2015 № 704, аз 28.11.2015 № 738, аз 3.06.2016 № 252, аз 21.06.2018 № 332, аз 26.11.2020 № 626)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 176, аз 2.07.2008 № 319, аз 28.07.2009 № 449, аз 30.04.2011 № 245, аз 1.07.2011 № 343, аз 12.12.2011 № 626, аз 06.09.2012 № 481, аз 31.03.2014 № 234, аз 28.11.2015 № 704, аз 28.11.2015 № 738, аз 3.06.2016 № 252, аз 21.06.2018 № 332, аз 26.11.2020 № 626)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорат)мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлат ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқи, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, дигар соҳаҳои адлияе, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2016 № 252).

2. Вазорат фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои системаи худро роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат менамояд.

3. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома ба роҳ мемонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 332).

4. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2016 № 252).

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 30.09.2021г.№413

Приложение 1

утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 декабря 2006 года №587

Приложение 1

утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 декабря 2006 года №587

Положение Министерства юстиции Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 1.04.2008г.№176, от 2.07.2008г. №319, от 28.07.2009г.№449, от 30.04.2011г.№245, от 01.07.2011г. №343, от 07.10.2011г.№505, от 12.12.2011г.№626, от 06.09.2012г. №481,от 31.03.2014г. № 234, от 28.11.2015г.№704, от 28.11.2015г.№738, от 03.06.2016г.№252, от 21.06.2018г.№332, от 26.11.2020г.№626)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 1.04.2008г.№176, от 2.07.2008г. №319, от 28.07.2009г.№449, от 30.04.2011г.№245, от 01.07.2011г. №343, от 07.10.2011г.№505, от 12.12.2011г.№626, от 06.09.2012г. №481,от 31.03.2014г. № 234, от 28.11.2015г.№704, от 28.11.2015г.№738, от 03.06.2016г.№252, от 21.06.2018г.№332, от 26.11.2020г.№626)

I. Общие положения

1. Министерство юстиции Республики Таджикистан (далее -Министерство) является центральным органом исполнительной власти Республики Таджикистан, обеспечивающее проведение государственной политики и нормативно-правовое регулирование в сфере нормотворчества, правовой помощи гражданам, правовой пропаганды исполнении уголовного наказания, судебно-криминалистической экспертизы, в другие установленных законодательством Республики Таджикистан сферах юстиции.

2. Министерство осуществляет руководство, координацию и контроль деятельности органов и организаций, находящихся в его системе.

3. Министерство юстиции осуществляет свою деятельность на основании Конституции Республики Таджикистан, конституционных законов и законов Республики Таджикистан, решений Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указов и распоряжений Президента Республики Таджикистан, постановлений и распоряжений Правительства Республики Таджикистан, международно- правовых актов, признанных Республикой Таджикистан, а также настоящим Положением.

...