Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 26.11.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.09.2021, №413 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 176, аз 2.07.2008 № 319, аз 1.07.2011 № 343, аз 06.09.2012 № 481, аз 28.11.2015 № 738, аз 3.06.2016 № 252, аз 21.06.2018 № 332, аз 26.11.2020 № 626)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 176, аз 2.07.2008 № 319, аз 1.07.2011 № 343, аз 06.09.2012 № 481, аз 28.11.2015 № 738, аз 3.06.2016 № 252, аз 21.06.2018 № 332, аз 26.11.2020 № 626)

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷроӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаҳою корхонаҳои системаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 464 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 118 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2016 № 252, аз 21.06.2018 № 332, аз 26.11.2020 № 626).

3. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад.

Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 11 адад, аз он ҷумла барои дастгоҳи марказӣ ба микдори 5 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 343).

4. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ, мақомот ва муассисаҳои системаи Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

5. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- низомномаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятиро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 343);

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 30.09.2021г.№413

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Министерстве юстиции Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 1.04.2008г.№176, от 2.07.2008г.№319, от 01.07.2011г. №343, от 06.09.2012г. №481, от 28.11.2015г.№738, от 03.06.2016г.№252, от 21.06.2018г.№332, от 26.11.2020г.№626)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 1.04.2008г.№176, от 2.07.2008г.№319, от 01.07.2011г. №343, от 06.09.2012г. №481, от 28.11.2015г.№738, от 03.06.2016г.№252, от 21.06.2018г.№332, от 26.11.2020г.№626)

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и во исполнении Указа Президента Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года №9 "О совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение, Структуру центрального аппарата, Схему управления, Перечень учреждений и предприятий системы Министерства юстиции Республики Таджикистан (приложения 1, 2, 3, 4).

2. Установить предельную численность работников Министерства юстиции Республики Таджикистан в количестве 464 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе центрального аппарата в количестве 118 единиц (в редакции постановления Правительства РТ от 03.06.2016г.№252, от 21.06.2018г.№332, от 26.11.2020г.№626).

3. Разрешить Министерству юстиции Республики Таджикистан иметь 4 заместителей Министра, в том числе одного первого, и коллегию в составе 9 человек.

Установить для Министерства юстиции Республики Таджикистан, за исключением Главного управления исполнений уголовных наказаний, лимит служебных легковых автомобилей в количестве 11 единиц, в том числе для центрального аппарата в количестве 5 единиц (в редакции Постановления Правительства РТ от 01.07.2011г. №343).

4. Осуществлять финансирование центрального аппарата, органов и учреждений системы Министерства юстиции Республики Таджикистан за счет средств республиканского бюджета.

5. Министерство  юстиции  Республики  Таджикистан  в течении двух месяцев:

- разработать и предоставить на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан положение Главного управления исполнений уголовных наказаний (в редакции Постановления Правительства РТ от 01.07.2011г. №343);

- представить предложения по внесению изменений и дополнений в отраслевые нормативные правовые акты Республики Таджикистан;

...