Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2012, № 481 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

а) дар банди 2 қарор рақами "103" ба "93" иваз карда шавад;

б) дар Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти зерин ворид карда шавад:

- сархати сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ";

- сархати нӯҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Раёсати молия ва хоҷагӣ";

- сархати ёздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Бахши бақайдгирии давлатии ӯҳдадориҳои гаравӣ";

- сархати дувоздаҳум хориҷ карда шавад.

2. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, №503 "Дар бораи масъалаҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "163" ба рақами "175" иваз карда шавад.

3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 6 сентябри соли 2012, № 481

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №587 " О Министерстве юстиции Республики Таджикистан" следующие изменения:

а) в пункте 2 постановления цифру "103" заменить цифрой "93";

б) в Структуре центрального аппарата Министерства юстиции Республики Таджикистан внести следующие изменения:

- абзац третий изложить в следующей редакции:

"Управление международно-правовых связей";

- абзац девятый изложить в следующей редакции:

"Финансово-хозяйственное управление";

- абзац одиннадцатый изложить в следующей редакции:

"Сектор государственной регистрации залоговых обязательств";

- абзац двенадцатый исключить.

2. В пункте 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 1 ноября 2006 года, №503 "О вопросах Управления актов гражданского состояния Министерства юстиции Республики Таджикистан" цифру "163" заменить цифрой "175".

3. Министерству юстиции Республики Таджикистан привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.

Председатель

Правительства Pecnyблики Таджикистан              Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 6 сентября 2012 года, №481