Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯйи ташкилотҳои низоми Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 464 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 130 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад.
4. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ, мақомот ва ташкилотҳои низоми Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои махсуси мақомот ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
5. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2022:
- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.
6. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 28 декабри соли 2006, №587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 1 ноябри соли 2006, №503 "Дар бораи масъалаҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 сентябри соли 2021, № 413
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Министерстве юстиции Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьей 5 Закона Республики Таджикистан "Об органах юстиции Республики Таджикистан", статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и во исполнение указа Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12 "О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить положение, структуру центрального аппарата, схему управления и перечень организаций системы Министерства юстиции Республики Таджикистан (приложения 1, 2, 3 и 4).
2. Установить предельную численность работников Министерства юстиции Республики Таджикистан в количестве 464 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе центрального аппарата в количестве 130 единиц.
3. Разрешить Министерству юстиции Республики Таджикистан иметь 4 заместителей министра, в том числе одного первого, и коллегию в составе 9 человек.
4. Финансирование центрального аппарата, органов и организаций системы Министерства юстиции Республики Таджикистан осуществить за счет средств республиканского бюджета, специальных средств органа и иных источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.
5. Министерству юстиции Республики Таджикистан до 1 января 2022 года:
- представить предложения по внесению изменений и дополнений в отраслевые нормативные правовые акты;
- привести свои акты в соответствие с настоящим постановлением.
6. Признать утратившими силу следующие постановления Правительства Республики Таджикистан:
- от 28 декабря 2006 года, №587 "О Министерстве юстиции Республики Таджикистан";
- от 1 ноября 2006 года, №503 "О вопросах Управления актов гражданского состояния Министерства юстиции Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 30 сентября 2021 года, №413