Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷроӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаҳою корхонаҳои системаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 464 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 118 воҳид муқаррар карда шавад .
3. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад.
Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 11 адад, аз он ҷумла барои дастгоҳи марказӣ ба микдори 5 адад муқаррар карда шавад .
4. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ, мақомот ва муассисаҳои системаи Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
5. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:
- низомномаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятиро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд ;
- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.
6. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шаванд:
аз 4 декабри соли 1998 № 463 "Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
аз 2 июли соли 1999 № 270 "Масъалаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
аз 3 июни соли 2006 № 254 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1999 № 270 "Масъалаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 587
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Министерстве юстиции Республики Таджикистан
(в редакции Постановления Правительства РТ от 1.04.2008г.№176, от 2.07.2008г.№319, от 01.07.2011г. №343, от 06.09.2012г. №481, от 28.11.2015г.№738, от 03.06.2016г.№252, от 21.06.2018г.№332, от 26.11.2020г.№626)
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и во исполнении Указа Президента Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года №9 "О совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Положение, Структуру центрального аппарата, Схему управления, Перечень учреждений и предприятий системы Министерства юстиции Республики Таджикистан (приложения 1, 2, 3, 4).
2. Установить предельную численность работников Министерства юстиции Республики Таджикистан в количестве 464 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе центрального аппарата в количестве 118 единиц
3. Разрешить Министерству юстиции Республики Таджикистан иметь 4 заместителей Министра, в том числе одного первого, и коллегию в составе 9 человек.
Установить для Министерства юстиции Республики Таджикистан, за исключением Главного управления исполнений уголовных наказаний, лимит служебных легковых автомобилей в количестве 11 единиц, в том числе для центрального аппарата в количестве 5 единиц ().
4. Осуществлять финансирование центрального аппарата, органов и учреждений системы Министерства юстиции Республики Таджикистан за счет средств республиканского бюджета.
5. Министерство юстиции Республики Таджикистан в течении двух месяцев:
- разработать и предоставить на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан положение Главного управления исполнений уголовных наказаний ();
- представить предложения по внесению изменений и дополнений в отраслевые нормативные правовые акты Республики Таджикистан;
- привести свои акты в соответствие с настоящим постановлением.
6. Признать утратившим силу следующие постановления Правительства Республики Таджикистан:
от 4 декабря 1998 года №463 "Об утверждении Положения о Министерстве юстиции Республики Таджикистан";
от 2 июля 1999 года №270 "Вопросы Министерства юстиции Республики Таджикистан";
от 3 июня 2006 года №254 "О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 1999 года №270 "Вопросы Министерства юстиции Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 28 декабря 2006 года № 587
ш. Душанбе