Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018 № 332 "Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 29.12.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

7Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 237, аз 29.12.2022 № 623, аз 25.06.2024 № 373, аз 27.09.2025 № 508)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 237, аз 29.12.2022 № 623, аз 25.06.2024 № 373, аз 27.09.2025 № 508)

 

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018, № 1043 "Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

3. Шумораи воҳидҳои кории кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 378 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 48 воҳид муқаррар карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 623, аз 25.06.2024 № 373, аз 27.09.2025 №508).

4. Ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини сардор, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 237).

5. Ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 6 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 3 адад муқаррар карда шавад.

6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2018 дар сметаи хароҷоти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои буҷети давлатиро барои нигоҳдории иҷрочиёни суд пешбинӣ намояд.

7. Маблағгузории Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

8. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Хадамоти иҷрои назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи муштараки ба тобеияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани истеҳсолоти иҷроро таъсис дода, то 1 июли соли 2018:

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О вопросах Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 02.05.2019г.№237, от 29.12.2022 №623, от 25.06.2024 №373, от 27.09.2025 №508)

(в редакции постановления Правительства РТ от 02.05.2019г.№237, от 29.12.2022 №623, от 25.06.2024 №373, от 27.09.2025 №508)

В соответствии со статьей 12 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и указа Президента Республики Таджикистан от 5 апреля 2018 года, №1043 "О Службе исполнения при Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Службу исполнения при Правительстве Республики Таджикистан.

2. Утвердить положение, структуру центрального аппарата и схему управления Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан (приложения 1, 2 и 3).

3. Установить предельную численность сотрудников Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 378 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе центрального аппарата 48 единиц (в редакции пост. Правительства РТ от 29.12.2022 №623, от 25.06.2024 №373, от 27.09.2025 №508).

4. Разрешить Службе исполнения при Правительстве Республики Таджикистан иметь двоих заместителей начальника, в том числе одного первого заместителя и коллегию в составе 5 человек (в редакции постановления Правительства РТ от 02.05.2019г.№237).

5. Установить Службе исполнения при Правительстве Республики Таджикистан лимит служебных легковых автомобилей в количестве 6 единиц, в том числе для центрального аппарата 3 единицы.

6. Министерству финансов Республики Таджикистан с 1 июля 2018 года предусмотреть в смете расходов Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан средства государственного бюджета для содержания судебных исполнителей.

7. Финансирование Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан осуществлять за счет средств республиканского бюджета и специальных средств по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.

8. Министерству юстиции Республики, Таджикистан совместно со Службой исполнения при Правительстве. Республики Таджикистан создать совместную комиссию по передаче в подчинение Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан исполнительного производства и до 1 июля 2018:

- завершить прием - передачу личных дел судебных исполнителей и исполнительных документов, находящихся в производстве судебных исполнителей;

...