Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, № 319 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 587"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 587

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар банди 2 қарор рақами "91" ба рақами "103" иваз карда шавад.

2. Дар Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- сархати сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Сарраёсати равобити байналмилалии ҳуқуқӣ";

- сархати шашум хориҷ карда шавад.

3. Зербанди 7 банди 6 Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"7) дар соҳаи таъмини самаранокии ҳифзи ҳуқуқии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ:

- дар таҳияи санадҳои байналмилалии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзад;

- санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои санадҳои байналмилалии ҳуқуқиро мегузаронад;

- иштироки ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин менамояд;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №587

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №587 "О Министерстве юстиции Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:

1. В пункте 2 постановления цифру "91" заменить цифрой "103".

2. В Структуре центрального аппарата Министерства юстиции Республики Таджикистан:

- абзац третий изложить в следующей редакции:

"Главное управление международно-правовых связей";

- шестой абзац исключить.

3. Подпункт 7 пункта 6 Положения о Министерстве юстиции Республики Таджикистан изложить в следующей редакции:

"7) в сфере обеспечения эффективной правовой защиты интересов Республики Таджикистан в области международно-правовых отношений:

- участвует в разработке проектов международно-правовых актов Республики Таджикистан;

- проводит юридическую экспертизу проектов международных правовых актов;

- осуществляет правовое обеспечение участия Республики Таджикистан в международных организациях;

...