Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 4 калимаҳои "Раёсати корҳои ислоҳӣ" ба калимаҳои "Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ" иваз карда шаванд;
- дар банди 6 калимаҳои "Раёсати корҳои ислоҳиро" ба калимаҳои "Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятиро" иваз карда шаванд.
а) Ба Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №587 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 13 калимаҳои "Раёсати корҳои ислоҳӣ" ба калимаҳои "Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати шонздаҳуми банди 15 калимаҳои "Раёсати корҳои ислоҳӣ" ба калимаҳои "Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ" иваз карда шаванд.
б) Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №587 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Роҳбарият
Сарраёсати қонунгузорӣ
Сарраёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ
Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
...