Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Сархати дуюми Нақшаи идоракунии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ".
2) Ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ як муовини Сардор оид ба корҳои тарбиявӣ иҷозат дода шавад.
3) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2011 № 245
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №587
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Второй абзац Схемы управления Министерства юстиции Республики Таджикистан, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №587 "О Министерстве юстиции Республики Таджикистан" изложить в следующей редакции:
"Главное управление по исполнению уголовных наказаний".
2) Разрешить Главному управлению по исполнению уголовных наказаний одного заместителя Начальника по воспитательной работе.
3) Министерству юстиции Республики Таджикистан в двухмесячный срок представить Правительству Республики Таджикистан предложение по внесению изменений и дополнений в нормативные правовые акты Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 30 апреля 2011 года №245
г. Душанбе