Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 № 704 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"

Санаи амалкуни: 29.12.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 № 184, аз 29.12.2022 № 622)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 № 184, аз 29.12.2022 № 622)

 

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" таъсис дода шавад.

2. Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2) (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 622).

3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"-ро ҳал намояд.

4. Маблағгузории Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" бо дарназардошти 34 шаҳру ноҳияе, ки ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дар вилоятҳои Суғду Хатлон ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба роҳ монда шудааст, аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мешаванд, бо зиёдшавии он ҳар сол дар ҳаҷми 20% дар солҳои 2022-2024, инчунин аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои ёрирасон бо тартиби зерин амалӣ карда шавад:

- дар соли 2022 бо илова намудани 12 ҳуқуқшиноси давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки ёрии ҳуқуқӣ бори аввал роҳандозӣ мегардад ва хароҷоти хизматрасонии адвокатҳои шаҳри Душанбе 60% аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 40% аз ҳисоби ташкилотҳои ёрирасон;

- дар соли 2023 бо илова намудани 12 ҳуқуқшиноси давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки ёрии ҳуқуқӣ бори аввал роҳандозӣ мегардад ва хароҷоти хизматрасонии адвокатҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 80% аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 20% аз ҳисоби ташкилотҳои ёрирасон;

- дар соли 2024 бо илова намудани 10 ҳуқуқшиноси давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки ёрии ҳуқуқӣ бори аввал роҳандозӣ мегардад ва хароҷоти хизматрасонии адвокатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 100% аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 622).

4(1). Шумораи кормандони Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" бо дарназардошти зиёдшавии шумораи шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ба роҳ монда мешавад ва ҳайати хизматрасон, ки барои амалишавии ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мусоидат мекунанд, марҳила ба марҳила дар солҳои 2022-2024 бо теъдоди зерин муқаррар карда шавад:

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании Государственного учреждения "Центр правовой помощи"

(в редакции постановления Правительства РТ от 30.04.2016г.№184, от 29.12.2022 №622)

(в редакции постановления Правительства РТ от 30.04.2016г.№184, от 29.12.2022 №622)

В соответствии со статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Государственное учреждение "Центр правовой помощи".

"2. Утвердить устав и структуру Государственного учреждения "Центр юридической помощи" (приложения 1 и 2)(в редакции Пост. Правительства РТ от 29.12.2022 №622).

3. Министерству юстиции Республики Таджикистан решить организационно-правовые вопросы Государственного учреждения "Центр юридической помощи.

4. Финансирование Государственного учреждения "Центр юридической помощи", с учётом 34 городов и районов, где реализуются первичная юридическая помощь и вторичная юридическая помощь в Согдийской и Хатлонской областях, осуществить за счёт средств, которые предусматриваются в республиканском бюджете для Министерства юстиции Республики Таджикистан, с его ежегодным увеличением в размере 20% на 2022-2024 годы, а также за счёт средств донорских организаций в следующем порядке:

- в 2022 году с добавлением 12 государственных юристов в городах и районах, в которых впервые реализуется юридическая помощь, и расходов на услуги адвокатов города Душанбе 60% за счёт средств республиканского бюджета и 40% за счёт донорских организаций;

- в 2023 году с добавлением 12 государственных юристов в городах и районах, в которых впервые реализуется юридическая помощь, и расходов на услуги адвокатов городов и районов республиканского подчинения 80% за счёт средств республиканского бюджета и 20% за счёт донорских организаций;

- в 2024 году с добавлением 10 государственных юристов в городах и районах, в которых впервые реализуется юридическая помощь, и расходов на услуги адвокатов Горно-Бадахшанской автономной области 100% за счёт средств республиканского бюджета(в редакции Пост. Правительства РТ от 29.12.2022 №622).

4(1). Определить численность сотрудников Государственного учреждения "Центр юридической помощи" с учётом поэтапного увеличения количества городов и районов на 2022-2024 годы, в которых будет осуществляться первичная юридическая помощь, и обслуживающий персонал, который способствует осуществлению вторичной юридической помощи, в следующем количестве:

- в 2022 году - 70 единиц;

...