Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011 № 505 "Дар бораи тадбирҳои ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Аз 1 январи соли 2012 ба Нақшаи идоракунии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шаванд:

- мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо бо шумораи штатии 155 воҳид, инчунин шумораи амалкунандаи штатии ҳайати техникӣ ва хизматрасон (замима мегардад);

- Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе бо шумораи штатӣ;

- Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бо шумораи штатӣ;

- шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Турсунзода бо шумораи штатиаш, ки дар асоси худмаблағгузорӣ фаъолият менамояд.

2) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо маҳалли ҷойгиршавии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро бетағйир мононда, тибқи тартиби муқарраргардида шумораи штатӣ, сметаи хароҷот, молу мулк ва дигар лавозимотеро, ки барои истифода дар фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешбинӣ шудаанд, ба Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд.

3) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- мувофиқи тартиби муқарраргардида маблағгузории мутамаркази мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро аз қисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявй, инчунин ба Нақшаи идоракунии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани шумораи хизматчиёни давлатии мақомоти маҳаллиро пешбинӣ намояд;

- ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 115 "Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" таклиф пешниҳод намояд.

4) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ва Нақшаи идоракунии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мақомоти сабти асноди

ҳолати шаҳрвандӣ комиссияи муштарак таъсис диҳанд.

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах по переводу в подчинение Министерства юстиции Республики Таджикистан органов записи актов гражданского состояния

(в редакции постановления Правительства РТ от 01.08.2015г.№510)

(в редакции постановления Правительства РТ от 01.08.2015г.№510)

В соответствии со статьей 9 Закона Республики Таджикистан "О государственной регистрации актов гражданского состояния" и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) С 1 января 2012 года перевести в Схему управления Управления актов гражданского состояния Министерства юстиции Республики Таджикистан:

- органы записи актов гражданского состояния исполнительных органов государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов, штатной численностью 155 единиц, а также действующую штатную численность технического и обслуживающего персонала (прилагается);

- Дом бракосочетания города Душанбе с штатной численностью;

- Дом бракосочетания города Худжанд с штатной численностью;

- отдел записи актов гражданского состояния города Турсунзода с штатной численностью, действующий на основе самофинансирования.

2) Исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов оставить без изменения месторасположение органов записи актов гражданского состояния и в установленном порядке передать Управлению актов гражданского состояния Министерства юстиции Республики Таджикистан штатную численность, смету расходов, имущество и другие принадлежности, предусмотренные для использования в деятельности органов записи актов гражданского состояния.

3) Министерству финансов Республики Таджикистан:

- в установленном порядке предусмотреть централизованное финансирование органов записи актов гражданского состояния за счет средств государственного бюджета, а также перевод численности государственных служащих местных органов в Схему управления Управления актов гражданского состояния Министерства юстиции Республики Таджикистан;

- представить предложения о внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2011 года, №115 "О типовых положении и структуре аппарата председателя, местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления посёлков и сёл и лимитах общей численности государственных служащих местных исполнительных органов государственной власти".

...