Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи амалкуни: 13.02.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 145

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 145

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.03.2015 № 149, аз 07.05.2015 № 316, 30.05.2015 № 357, аз 03.06.2015 № 381, аз 03.07.2015 № 450, аз 01.08.2015 № 497, аз 30.12.2015 № 816, аз 10.02.2016 № 66, аз 25.02.2016 № 79, аз 30.04.2016 № 192, аз 25.01.2017 № 35, аз 27.03.2018 № 169, аз 31.07.2018 № 362, аз 30.11.2018 № 566, аз 09.08.2019 № 404, аз 28.12.2019 № 634, аз 29.04.2020 № 240, аз 26.11.2020 № 629, аз 27.01.2022 № 17, аз 26.02.2022 № 78, аз 26.08.2022 № 422, аз 29.12.2022 № 613, аз 28.11.2023 № 532, № 536, аз 13.02.2024 № 63, аз 29.05.2025 № 319, аз 24.07.2025 № 409, аз 31.10.2025 № 556, аз 26.02.2026 № 79, 81, аз 26.02.2026 № 95)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.03.2015 № 149, аз 07.05.2015 № 316, 30.05.2015 № 357, аз 03.06.2015 № 381, аз 03.07.2015 № 450, аз 01.08.2015 № 497, аз 30.12.2015 № 816, аз 10.02.2016 № 66, аз 25.02.2016 № 79, аз 30.04.2016 № 192, аз 25.01.2017 № 35, аз 27.03.2018 № 169, аз 31.07.2018 № 362, аз 30.11.2018 № 566, аз 09.08.2019 № 404, аз 28.12.2019 № 634, аз 29.04.2020 № 240, аз 26.11.2020 № 629, аз 27.01.2022 № 17, аз 26.02.2022 № 78, аз 26.08.2022 № 422, аз 29.12.2022 № 613, аз 28.11.2023 № 532, № 536, аз 13.02.2024 № 63, аз 29.05.2025 № 319, аз 24.07.2025 № 409, аз 31.10.2025 № 556, аз 26.02.2026 № 79, 81, аз 26.02.2026 № 95)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм буда, сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи маориф ва илм, таълиму тарбия, фаъолияти илмию техникӣ, васояту парасторӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии таълимгирандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва илмӣ амалӣ менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 634, аз 26.02.2026 № 95).

2. Вазорат ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва илмиро бевосита ва тавассути мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95).

3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 362).

4. Вазорат ва муассисаҳои зерсохтори он, раёсату шӯъбаҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таълимии дар сохтори дигар вазорату идораҳо воқеъбуда, инчунин дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи маориф ва илм сохтори ягонаи низоми маорифро ташкил медиҳанд.

5. Вазорат сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ва фаъолияти илмию тадқиқотӣ татбиқ менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 634аз 26.02.2026 № 95).

...

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 145

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.03.2015 № 149, аз 07.05.2015 № 316, 30.05.2015 № 357, аз 03.06.2015 № 381, аз 03.07.2015 № 450, аз 01.08.2015 № 497, аз 30.12.2015 № 816, аз 10.02.2016 № 66, аз 25.02.2016 № 79, аз 30.04.2016 № 192, аз 25.01.2017 № 35, аз 27.03.2018 № 169, аз 31.07.2018 № 362, аз 30.11.2018 № 566, аз 09.08.2019 № 404, аз 28.12.2019 № 634, аз 29.04.2020 № 240, аз 26.11.2020 № 629, аз 27.01.2022 № 17, аз 26.02.2022 № 78, аз 26.08.2022 № 422, аз 29.12.2022 № 613, аз 28.11.2023 № 532, № 536, аз 13.02.2024 № 63, аз 29.05.2025 № 319, аз 24.07.2025 № 409, аз 31.10.2025 № 556, аз 26.02.2026 № 79, 81, аз 26.02.2026 № 95)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм буда, сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи маориф ва илм, таълиму тарбия, фаъолияти илмию техникӣ, васояту парасторӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии таълимгирандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва илмӣ амалӣ менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 634, аз 26.02.2026 № 95).

2. Вазорат ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва илмиро бевосита ва тавассути мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95).

3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 362).

4. Вазорат ва муассисаҳои зерсохтори он, раёсату шӯъбаҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таълимии дар сохтори дигар вазорату идораҳо воқеъбуда, инчунин дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи маориф ва илм сохтори ягонаи низоми маорифро ташкил медиҳанд.

5. Вазорат сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ва фаъолияти илмию тадқиқотӣ татбиқ менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 634аз 26.02.2026 № 95).

6. Муносибатҳои мутақобилаи Вазорат ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ тибқи созишнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

2. Ваколатҳо

7. Ба ваколатҳои Вазорат дохил мешаванд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 634 , аз 26.02.2026 № 95);

- таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи маориф ва илм;

- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар доираи ваколатҳои худ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 629);

- ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани барномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бо тартиби муқарраргардида;

- пешниҳод намудани ҳисоботи солона ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- гузаронидани мониторинги меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоии нишондиҳандаҳои ҳаёти кӯдакон;

- пешниҳод намудани иттилоот оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба воситаҳои ахбори омма, ҷомеа ва мақомоте, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак машғуланд;

- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- ташкил ва пешбурди махзани ягонаи давлатии маълумот оид ба кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар доираи ваколатҳои худ амалӣ намудани назорати таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 629);

- ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои дигари дахлдор дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- таҳия ва пешниҳод намудани барномаҳои давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;

- таҳия ва пешниҳод намудани низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;

- дар доираи ваколатҳои худ амалӣ намудани назорати фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;

- гузаронидани мониторинг дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;

- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;

- андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»;

- ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;

- дархости маълумот аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- назорати раванди таълим дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, ба истиснои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- ба имзо расонидани шартнома ва дигар санадҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф, илм, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, пешниҳод намудани онҳо барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95).

а) Дар бахши таҳсилоти олии касбӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95):

- тайёр кардан, бозомӯзии кадрҳо ва роҳбарии методӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди низоми таҳсилоти олии касбӣ ва гузаронидани ислоҳоти маориф дар самти мазкур (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- тайёр кардани кадрҳои баландихтисос бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат дар заминаи муассисаҳои илмию таълимӣ аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои инноватсионӣ ва афзалиятнок;

- мусоидат ба ҷорӣ намудани маблағгузории бисёршабакавии низоми таҳсилоти олии касбӣ, рушди фаъолияти истеҳсолӣ ва таълими пулакӣ дар муассиасиҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- амалӣ намудани роҳбарии ташкилӣ ва методии омӯзиши касбии аҳолӣ, тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси онҳо;

хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 629);

- таҳия ва тасдиқи стандартҳои фаннӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- тасдиқи нақша ва барномаҳои таълимии намунавӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- муайян кардани теъдоди нашри адабиёти таълимӣ, тасдиқи нашри китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва маводи таълимию методӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

- баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои таъмин ва ҷобаҷогузории мутахассисон, муайян кардани мазмун, тартиби гузаштани такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;

- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъминоти заминаҳои моддию техникӣ, низоми молиявӣ, меъёрҳои маблағгузорӣ, меъёри музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намудани онҳо;

- дар мувофиқа бо мақомоти давлатии дахлдор муайян намудани андозаи маблағи таҳсил, аз ҷумла маблағи таълими пулакӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- гузаронидани аттестатсияи омӯзгорон бо мақсади муайян намудани дараҷаи тахассус ва такмили маҳорати касбии мутахассисон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 629);

хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 629);

- тасдиқ кардани меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо ба роҳ мондани омӯзиш, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон ва кормандон барои корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;

- таъсиси вазифаи ходимони илмӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 629);

- дар мувофиқа бо мақомоти давлатии дахлдор амалӣ намудани таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ;

- ташкил кардани такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф;

- бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбӣ ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ тасдиқ намудани қоидаҳои ҷойивазкунии роҳбарони муассиса ва воҳидҳои зерсохтор;

- таъмини фаъолияти ҳамоҳанги мақомоти идоракунии маориф ва муассисаҳои таълимӣ;

- таъмин ва назорати фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбияи соҳаи маориф оид ба маблағгузории онҳо аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашон буда;

- бо тартиби муқарраргардида дар асоси созишномаҳои дутарафа амалӣ намудани ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла ҷиҳати дастгирии моддию молиявии ислоҳоти соҳаи маориф, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ.

б) Дар бахши илм:

- андешидани тадбирҳо ҷиҳати таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника;

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди илму техника;

- ташкил ва татбиқи барнома ва лоиҳаҳои соҳаи илму техника;

- пешниҳод намудани таклифҳо оид ба ташкили сохторҳои илмӣ ҷиҳати рушди илм ва техника;

- таъмини эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ бо кадрҳои дараҷаи илмидошта, новобаста аз тобеияти идоравиашон;

- тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дорои дониши мукаммали назариявӣ ва амалӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва илмӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот;

- ҷиҳати таъсиси муассисаҳои давлатии илмӣ, фондҳо ва ҷумҳуриявӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод мекунад;

- тасдиқи оинномаҳои муассисаҳои таълимӣ ва илмии зер сохтори худ;

- иштирок дар кори шӯроҳои илмӣ ва комиссияҳои илмию методӣ ва рафти қабул ба магистратураву аспирантура, ординатура, докторантура ва докторантура аз рӯи ихтисос;

- назорати иҷрои саривақтии мавзӯъҳои тасдиқшудаи фармоишии аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ маблағгузоришаванда;

- мусоидат ба коромӯзиву бозомӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- амалисозии ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои генералӣ оид ба соҳаи илм (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- таҳия ва тасдиқи Низомномаи тақсимот ва ба ҷои кор таъмин намудани муттахассисони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66аз 26.02.2026 № 95).

8. Вазорат тибқи ваколатҳои дар доираи фаъолияташ муқарраргардида ҳуқуқ дорад:

- механизми муосири идоракунӣ ва маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва илмӣ, хизматрасонии пулакии таълим, мустақилияти молиявии таълимгоҳҳо, истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, сармоягузории дохилию хориҷиро таъмин намояд ва ба рушди муассисаҳои таълимию илмии хусусӣ мусоидат кунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи маориф, илм, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро ҳамоҳанг созад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- дар ҳамкорӣ ва якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ташкили таълиму тарбияи кӯдакони душвортарбия ва дорои имконияти маҳдуд ҳамкорӣ намуда, ба онҳо кӯмаки молиявӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва методӣ расонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- бо мақомоти маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти васоят ва парасторӣ дар масъалаҳои бақайдгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони ятиму бепарастор ва бесарпаноҳ ҳамкорӣ намояд;

- оид ба масъалаҳои маориф, илм, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак тибқи тартиби муқарраргардида конференсия, семинар, симпозиум, анҷуман ва маҷлисҳои машваратӣ гузаронида, дар кори муассиса ва ташкилотҳои байнидавлатии таълимӣ, комиссия, кумита, форум, симпозиум, намоишгоҳ ва озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- ҳифзи сирри давлатиро дар доираи ваколатҳои худ таъмин созад;

- раисони комиссияҳои аттестатсияи давлатии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон тасдиқ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ масъалаҳои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани муовинони аввал ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти умумӣ ва мактаб - интернатҳои дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва дигар муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсуси сохтори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маорифро ҳал намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- низомномаҳое, ки фаъолияти таълимро дар муассисаҳои таълимӣ, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба танзим медароранд тасдиқ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- консепсия ва барномаҳои дурнамои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати рушди соҳаи маориф ва илмро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намояд;

- номгӯи адабиёти таълимиву методиро барои муассисаҳои таълимӣ, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва илмӣ муайян карда, эҳтиёҷот ба нашр, хариди адабиёти таълимию методӣ, воситаҳои техникии таълимиро муқаррар намуда, тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таълимӣ, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муқаррар намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмиро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравиашон, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати муайян кардани теъдод, сохтор, равия, ихтисос ва сифати тайёр кардани мутахассисон ба низом дарорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- қоидаҳои гузаронидани таълимгирандагонро аз як равия ба равияи дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як муассиса ба муассисаи дигари таълимӣ, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқ менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 629аз 26.02.2026 № 95);

- тасдиқ намудани тартиби таъсис ва барҳам додани ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва назорати иҷрои онҳо (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 629аз 26.02.2026 № 95);

- тасдиқ намудани тартиби хориҷ, барқарор ва гузариши хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва назорати иҷрои он (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- таъмини сифати таҳсилот ва риояи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 629аз 26.02.2026 № 95);

- якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи равияҳо, ихтисосҳо ва харҷномаҳоро аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои тайёр кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ муайян намуда, ташкили таҳсили шаҳрвандони ҷумҳуриро дар хориҷи кишвар ва шаҳрвандони хориҷиро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- намунаи ҳуҷҷатҳои давлатиро оид ба дараҷаи таҳсилот таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби додан, нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ, супоридан ва пур намудани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро дар бораи таҳсилот муқаррар намояд;

- хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 629); 

- тартиби қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро ба муассисаҳои таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- феҳристи мансабҳои кормандони роҳбарикунандаи соҳаи маориф ва илмро муайян намояд;

- якҷоя бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакону таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ шароит фароҳам орад;

- маълумоти омориро оид ба рушди соҳаи маориф ва илм ҷамъоварӣ ва таҳлил намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти дахлдор пешниҳод намояд ва дар навбати худ аз мақомоти давлатӣ дар соҳаи омор (ҳамзамон аз муассисаҳои таълимӣ) маълумот гирад;

- бо дархости муассисаҳои илмӣ корҳои илмию тадқиқотиро дар ҷаласаи мушовара баррасӣ намуда, маблағгузорӣ намояд;

- иттилоотикунонии соҳаи маориф, илм, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро таъмин ва корҳои табъу нашриявиро ба роҳ монад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, илм, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак таклифҳо пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ тибқи тартиби муқарраршуда ҳамкориро дар соҳаи маориф, илм, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ба роҳ монда, иҷрои ӯҳдадориҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавиро дар соҳаи маориф, илм, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- оид ба масъалаҳои соҳаи маориф ва илм тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ намояндагӣ намояд ва шартнома ба имзо расонад;

- тартиби гузаронидани озмунҳои (олимпиадаҳои) ҷумҳуриявиро таҳия ва тасдиқ намояд;

- оид ба тарбияи варзишии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии кишвар бо мақомоти давлатии дахлдор ҳамкорӣ намуда, тартиби гузаронидани чорабиниҳои варзиширо дар муассисаҳои таълимӣ, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия ва тасдиқ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- барои омода намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар самти таълиму тарбияи ҳарбӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳамкорӣ намуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шартномаҳо ба имзо расонад;

- бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳамкорӣ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- барои иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, дастрас намудани маводи зарурӣ шартномаҳо бандад;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида мақомоти ҳамоҳангсоз ва машваратӣ (шӯро, комиссия ва гурӯҳҳо) ташкил диҳад;

- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро иҷро намояд.

- барои таъсис додани намояндагиҳои Вазорат оид ба соҳаи маориф ва илм дар хориҷи кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2015 № 381);

- барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони намояндагиҳои Вазорат дар хориҷи кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- кормандони намояндагиҳои Вазоратро дар хориҷи кишвар ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2015 № 381).

3. Ташкили фаъолият

9. Вазоратро Вазир роҳбарӣ мекунад, ки ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

10. Вазир муовинҳо, аз ҷумла муовини якум дорад, ки онҳоро бо пешниҳоди Вазир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд.

11. Вазири маориф ва илм:

- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, илм, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак масъул мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- фаъолияти Вазоратро роҳбарӣ намуда, кори онро ташкил мекунад;

- дар доираи ваколатҳои худ вобаста ба соҳаи маориф, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак фармоиш ба имзо мерасонад, ки иҷрои онҳо барои кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, муассисаҳои сохторӣ, муассисаҳои таълимию илмӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳатмӣ мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- низомномаҳои сохторҳои дастгоҳи марказии вазорат ва оинномаҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маорифро тасдиқ мекунад;

- вазифаҳои хизматии муовинон, роҳбарони раёсат, шӯъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорат, роҳбарони муассисаҳои соҳаи маориф ва илмро муайян мекунад;

- сохтор ва басти вазифаҳои Вазоратро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва бароварди ягонаи даромад ва хароҷоти Вазоратро дар доираи маблағгузорӣ, ки барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;

- бо пешниҳоди роҳбарони сохторҳои Вазорат муовинон, роҳбарони муассисаҳои таълимии давлатии ҷумҳуриявиро, ки дар системаи вазорат мебошанд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, директорони мактабҳои Президентии мақоми ҷумҳуриявидошта пешниҳод манзур менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 629);

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои мақоми ҷумҳуриявидошта, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ пешниҳод манзур месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- нақшаи кории шашмоҳа, солона ва нишондиҳандаҳои фаъолияти сохторҳои низоми соҳаи маориф ва илмро тасдиқ намуда, инчунин дар бораи фаъолияти онҳо ҳисобот талаб менамояд;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистои доир ба таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатӣ дар қисмати маблағгузории фаъолияти сохторҳои Вазорат пешниҳод манзур месозад;

- ба роҳбарони муассиса ва дигар ташкилотҳои тобеи Вазорат дастуру супоришҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;

- дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи озмун кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва илмии ҷумҳуриявиро, ки дар системаи Вазорат мебошанд, ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;

- кормандони фаъоли дастгоҳи марказии Вазорат, сохторҳои тоберо ҳавасманд мегардонад ва онҳоро барои дарёфти мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро менамояд.

12. Дар Вазорат Ҳайати мушовара дар ҳайати Вазир (раиси Ҳайати мушовара), муовини якум, муовинони Вазир (аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат таъсис дода мешавад.

13. Аъзои Ҳайати мушовараи Вазорат бо пешниҳоди Вазир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои Ҳайати мушовара бо протокол ба расмият дароварда шуда, бо№ 556 оиши Вазир амалӣ карда мешаванд.

14. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида, анҷом дода мешавад.

15. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забони давлатӣ, тамға, бланкҳои дахлдор, тавозуни мустақил мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.

16. Нишонии ҳуқуқии Вазорат: 734024, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад - 13 а мебошад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" марти соли 2014, № 145

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус

Раёсати таҳсилоти томактабӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.02.2024 № 63)

Раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 629)

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.11.2023 № 536)

Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ

Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 № 634)

Раёсати илм ва инноватсия

Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ

Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм

Шӯъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ

Шӯъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм

Шӯъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ

Шӯъбаи аудити дохилӣ

Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 629)

Шуъбаи сифати таҳсилот (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 629)

Шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.02.2024 № 63)

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" марти соли 2014, № 145

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 629)

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95)

Шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо.

Намояндагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2015 № 381)

- Муассисаи давлатии Маркази таълимии занон "Сарвар" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).


Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" марти соли 2014, № 145

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

- Муассисаи давлатии "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон";

- Муассисаи давлатии "Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф";

- Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2015 № 381);

- Муассисаи давлатии "Осорхонаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон";

- Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ";

- Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2015 № 381);

- Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2025 № 409);

- Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2015 № 381);

- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ";

- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ";

- Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии "Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66);

- Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд";

- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров";

- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ";

- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 362);

- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев";

- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд";

- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Данғара";

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт";

- Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе;

- Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ "МИСиС" дар шаҳри Душанбе;

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95);

- Муассисаи давлатии "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Бӯстон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 362);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.11.2023 № 532);

- Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ҷумҳуриявии №7 ноҳияи Данғара";

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе";

- Муассисаи давлатии таълимии "Меҳровар" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2015 № 357);

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 362);

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 362);

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони кари ноҳияи Рӯдакӣ";

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ";

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав";

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод";

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Сангвор" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 362);

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ";

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шамсиддин Шоҳин" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 362);

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб";

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт";

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон";

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 07.05.2015 № 316аз 31.07.2018 № 362);

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 362); 

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба номи Карамшоев Додхудо (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 816);

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон";

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон";

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби байналмилалии президентӣ" дар шаҳри Душанбе;

- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб";

- Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 79)

- Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ;

- Муассисаи нашриявии "Маориф";

- Матбааи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Нашрияи рӯзномаи "Омӯзгор";

- Нашрияи маҷаллаи "Маърифати омӯзгор";

- Нашрияи маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон";

- Нашрияи маҷаллаи "Русский язык и литература в школах Таджикистана"; 

- Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Маърифат";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе";

- Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 81)

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ" дар шаҳри Душанбе;

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд;

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Турсунзода;

- Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара» (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2025 № 556);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Бохтар (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 362);

- Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Кӯлоб (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2015 № 497);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95).


дар таҳрири нав тасдиқ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95)
Замимаи 5
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, №145

Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд

- Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

- Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино»;

- Муассисаи давлатии «Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур»;

- Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;

- Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи технологии Тоҷикистон»;

- Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон»;

- Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»;

- Донишгоҳи Осиёи Марказӣ;

- Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»;

- Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода»;

- Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов»;

- Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»;

- Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит;

- Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон;

- Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии «Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон»;

- Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон»;

- Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон»;

- Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон;

- Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд»;

- Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент;

- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд»;

- Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- Донишкадаи такмили ихтисос ва таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ;

- Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон»;

- Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Омӯзишгоҳи олии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ворисони Куруши Кабир»;

- Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов»;

- Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара;

- Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Левакант»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»;

- Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Данғара»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»;

- Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»;

- Филиали Муассисаи федералии давлатии буҷавии таълимии маълумоти олии Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе;

- Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе;

- Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ»;

- Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи инноватсионии Душанбе» (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 95).