Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.04.2021

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 30.05.2017 № 887, аз 5.04.2018 № 1043, аз 31.05.2018 № 1062, аз 15.08.2018 № 1085, аз 27.01.2020 № 1430, аз 03.04.2021 № 147, аз 04.06.2024 № 836)

 

Бо мақсади ташаккули низоми самараноки идоракунии давлатӣ ҷиҳати таъмини банақшагирии стратегӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат, бо дарназардошти муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам (Фармони Президенти ҶТ аз 03.04.2021 № 147):

1. Сохтори замимагардидаи мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки:

- ба низоми мақомоти идоракунии давлатӣ вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо, хадамот, агентиҳо ва саридораҳо дохил мешаванд;

- вазифаҳои мақомоти идоракунии давлатие, ки роҳбарии фаъолияти онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, дар низомномаҳои ин мақомот, ки мутобиқан бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, муайян карда мешаванд;

- ҷиҳати роҳ надодан ба сӯиистифода аз фишангҳои дохилисоҳавӣ барои ҳимояи манфиатҳои дохилиидоравӣ, муносибати байниҳамдигарии вазорату кумитаҳои давлатӣ бо хадамот ва агентиҳои низоми онҳо тибқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

3. Ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистои чор муовин, аз ҷумла як муовини якум муқаррар карда шавад.

4. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба саноат аз доираи ваколатҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, иҷрои вазифаҳои марбут ба пешбурди сиёсати об аз Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

5. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба саноат аз доираи ваколатҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд.

6. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати илм аз доираи ваколатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати мазкур вогузор мегарданд.

7. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

Муқаррар карда шавад, ки Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда мешавад.

8. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти идоравии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

9. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.

10. Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.

11. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.

12. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

13. Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

14. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Муқаррар карда шавад, ки Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми Агентии мазкур шомил карда мешавад.

15. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба беҳдошти замин ва обёрии Вазорати барҳамдодашудаи мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии мазкур вогузор мегарданд.

16. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

17. Бо мақсади пешбурди ислоҳот дар низоми идоракунии маҳал, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мусоидат дар рушди баробари минтақаҳои кишвар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

18. Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

19. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- такмили сохтори мақомоти идоракунии давлатиро дар асоси Фармони мазкур таъмин намояд;

- дар мӯҳлати се моҳ сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва низомномаи вазорату идораҳои навтаъсис ва таҷдидшавандаро бо таъмини тақсимоти дақиқи вазифаҳо ва бартарафсозии такроршавии вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ таҳия ва тасдиқ намояд;

- масъалаҳои ташкилӣ, молиявӣ ва моддиеро, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, ҳал намояд;

- баҳри тақвияти низоми ҳисоботдиҳӣ ва таъмини рушди босуботи соҳаҳои саноати кишвар ҷиҳати ба низоми Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани корхонаҳои воҳиди давлатии "Востокредмет", "Тоҷиксемент", "Заря Востока", "Иттиҳодияи истеҳсолии "Тоҷиктекстилмаш", "Ҷамаст", ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушодаи "Тоҷиктрансформатор", "Химзавод" ва мутобиқан ба корхонаҳои воҳиди давлатии "Фулузоти нодири Тоҷикистон", "Сементи Тоҷик", "Нури Ховар", "Коргоҳи машинасозӣ" ва ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушодаи "Трансформатор", "Корхонаи кимиёвӣ" номгузорӣ кардани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад;

- санадҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд;

- доир ба масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се моҳ пешниҳодоти мушаххас манзур намояд.

20. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд дар асоси муқаррароти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 вобаста ба таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ пешниҳодот манзур намояд;

- дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида қабулу супоридани биноҳои маъмурӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои асосию гардони вазорату идораҳои барҳамдодашуда ва навтаъсисро таъмин карда, ҷиҳати истифодабарии минбаъдаи онҳо лоиҳаҳои санадҳои дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур намояд.

21. Банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷрояи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

19 ноябри соли 2013 № 12

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 ноябри соли 2013, № 12

тасдиқ шудааст

Сохтори мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 03.04.2021 № 147)

1. Мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 03.04.2021 № 147)

Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 03.04.2021 № 147

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми иазди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 27.01.2020 № 1430)

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазората тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 31.05.2018 № 1062).

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 04.06.2024 № 836)

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 15.08.2018 № 1085)

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданни назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 30.05.2017 № 887)

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 30.05.2017 № 887)

Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 5.04.2018 № 1043)

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 15.08.2018 № 1085)

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 31.05.2018 № 1062)

Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 04.06.2024 № 836)

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан

(в редакции Указ Президента РТ от 30 мая 2017 года, №887, от 05.04.2018г.№1043, от 31.05.2018г.№1062, от 15.08.2018г.№1085, от 27.01.2020г. № 1430, от 03.04.2021 №147, от 04.06.2024 №836)

 

В целях формирования эффективной системы государственного управления для обеспечения стратегического планирования и устойчивого социально-экономического развития страны, с учетом положений Закона Республики Таджикистан "О системе органов государственного управления Республики Таджикистан" и в соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан постановляю:

1. Утвердить прилагаемую структуру центральных исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан.

2. Установить, что:

- в систему органов государственного управления входят министерства, государственные комитеты, комитеты, службы, агентства и главные управления;

- обязанности органов государственного управления, руководство деятельностью которых осуществляется Президентом Республики Таджикистан и Правительством Республики Таджикистан, определяются положениями, утверждаемыми соответственно указами Президента Республики Таджикистан и постановлениями Правительства Республики Таджикистан;

- в целях недопущения злоупотребления внутриотраслевыми рычагами для защиты внутриведомственных интересов, взаимоотношения министерств и государственных комитетов со службами и агентствами их систем осуществляются в соответствии с законами и другими нормативными простыми актами Республики Таджикистан.

3. Установить Премьер-министру Республики Таджикистан четырех заместителей, в том числе одного первого заместителя.

4. Преобразовать Министерство энергетики и промышленности Республики Таджикистан в Министерство энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан.

Установить, что функции, связанные с промышленностью, выводятся из круга полномочий Министерства энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан и выполнение функций, связанных с ведением водной политики, передаются от Министерства мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан Министерству энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан.

5. Образовать Министерство промышленности и новых технологий Республики Таджикистан.

Установить, что функции, связанные с промышленностью, выводятся из круга полномочий Министерства энергетики и промышленности Республики Таджикистан и возлагаются на Министерство промышленности и новых технологий Республики Таджикистан.

6. Преобразовать Министерство образования Республики Таджикистан в Министерство образования и науки Республики Таджикистан.

Установить, что функции ведения научной политики выводятся из круга полномочий Академии наук Республики Таджикистан и возлагаются на указанное Министерство.

7. Преобразовать Министерство труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан в Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.

Установить, что Миграционная служба при Правительстве Республики Таджикистан включается в систему Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.

8. Преобразовать Министерство здравоохранения Республики Таджикистан в Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

Установить, что функции, связанные с социальной защитой населения Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан, возлагаются на Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан и Государственная служба медико-социальной экспертизы Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан передается в ведомственное подчинение Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

9. Упразднить Министерство мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан.

10. Переименовать Государственный комитет землеустройства и геодезии Республики Таджикистан в Государственный комитет земельного управления и геодезии Республики Таджикистан.

11. Переименовать Комитет по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан в Комитет по религии, упорядочению традиций, торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан (в редакции Указа РТ от 15.08.2018г.№1085).

12. Преобразовать Агентство по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан в Комитет по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан.

13. Преобразовать Главное управление по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан в Службу по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан.

14. Образовать Агентство лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан.

Установить, что Государственное учреждение лесного хозяйства и охоты Комитета охраны природы при Правительстве Республики Таджикистан включается в систему данного Агентства.

15. Образовать Агентство мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан.

Установить, что функции, связанные с мелиорацией и ирригацией упраздненного Министерства мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан, возлагаются на указанное Агентство.

16. Преобразовать Государственное агентство социального страхования и пенсий Республики Таджикистан в Агентство социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан.

17. В целях продвижения реформы в системе местного управления, координации деятельности местных исполнительных органов государственной власти и органов местного самоуправления, содействия в равномерном развитии регионов страны, образовать Комитет по местному развитию при Президенте Республики Таджикистан.

18. Преобразовать Управление государственной службы при Президенте Республики Таджикистан в Агентство государственной службы при Президенте Республики Таджикистан.

19. Правительству Республики Таджикистан:

- обеспечить совершенствование структуры органов государственного управления на основании данного Указа;

- в трехмесячный срок разработать и утвердить структуру центрального аппарата, схему управления и положение вновь образуемых и реструктуризируемых министерств и ведомств с обеспечением четкого распределения функций и устранения дублирования функций и полномочий государственных органов;

- решить организационные, финансовые и материальные вопросы, вытекающие из настоящего Указа;

- в целях укрепления системы отчетности и обеспечения устойчивого развития отраслей промышленности страны, принять необходимые меры по включению в систему Министерства промышленности и новых технологий Республики Таджикистан государственных унитарных предприятий "Востокредмет", "Таджикцемент", "Заря Востока", "Производственное объединение "Таджиктекстильмаш", "Джамаст", акционерных обществ открытого типа "Таджиктрансфоматор", "Химзавод", соответственно переименовав их в государственные унитарные предприятия "Фулузоти нодири Точикистон", "Сементи Точик", "Нури Ховар", "Коргохи машинасозй" и акционерные общества открытого типа "Тансформатор", "Корхонаи Кимиёвй";

- привести свои решения в соответствие с настоящим Указом;

- в трехмесячный строк представить предложения по вопросам внесения изменений и дополнений в нормативные правовые акты Республики Таджикистан.

20. Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан:

- в целях укрепления системы координации политики развития на основании положений Послания Президента Республики Таджикистан Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 26 апреля 2013 года, в месячный срок представить конкретные предложения по реорганизации структуры Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;

- совместно с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан обеспечить в установленном порядке прием и передачу административных зданий, транспортных и других основных и оборотных средств упраздненных и новообразованных министерств и ведомств, разработать и представить в Правительство Республики Таджикистан проекты соответствующих актов по их дальнейшему использованию;

- представить предложения по внесению изменений и дополнений в соответствующие акты Президента Республики Таджикистан.

21. Признать утратившим силу пункт 1 Указа Президента Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года, №9 "О совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан".

Президент

Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 19 ноября 2013 года, № 12

Утверждена

 Указом Президента

Республики Таджикистан

от 19 ноября 2013 года, № 12

Структура центральных исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан

1. Органы при Президенте Республики Таджикистан

Совет безопасности Республики Таджикистан

Исключен (в редакции Указа Президента РТ от 03.04.2021 №147)

Комитет местного развития при Президенте Республики Таджикистан

Агентство государственной службы при Президенте Республики Таджикистан

Агентство по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан

Агентство по надзору в сфере образования и науки при Президенте Республики Таджикистан (в редакции Указа Президента РТ от 27.01.2020 № 1430)

Агентство по инновациям и цифровым технологиям при Президенте Республики Таджикистан (в редакции Указа Президента РТ от 03.04.2021 №147)

Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан (в редакции Указом Президента РТ от 04.06.2024 №836

Агентство по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан

Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан

2. Правительство Республики Таджикистан

3. Министерства Республики Таджикистан

Министерство юстиции Республики Таджикистан

Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан

Министерство внутренних дел Республики Таджикистан

Министерство иностранных дел Республики Таджикистан

Министерство образования и науки Республики

Таджикистан Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан

Министерство финансов Республики Таджикистан

Министерство обороны Республики Таджикистан

Министерство транспорта Республики Таджикистан

Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан

Министерство промышленности и новых технологий Республики Таджикистан

Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан

Министерство культуры Республики Таджикистан

Министерство энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан

4. Государственные комитеты Республики Таджикистан

Государственный комитет национальной безопасности Республики Таджикистан

Государственный комитет по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан

Агентство по охране исторического и культурного наследия при Правительстве Республики Таджикистан (в редакции Указом Президента РТ от 04.06. 2024 №836

Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан

5. Органы при Правительстве Республики Таджикистан

Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан

Комитет продовольственной безопасности при Правительстве Республики Таджикистан (в редакции Указа РТ от 31.05.2018г.№1062).

Комитет по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан

Комитет по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан

Комитет по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан

Комитет по религии, упорядочению традиций, торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан (в редакции Указа РТ от 15.08.2018г.№1085);

Комитет по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан

Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан

Комитет по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан

Комитет по делам молодежи и спорту при Правительстве Республики Таджикистан (в редакции Указ Президента РТ от 30 мая 2017 года, №887)

Комитет по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан (в редакции Указ Президента РТ от 30 мая 2017 года, №887)

Служба исполнения при Правительстве Республики Таджикистан (в редакции Указ Президента РТ от 05.04.2018г.№1043);

Служба связи при Правительстве Республики Таджикистан

Таможенная служба при Правительстве Республики Таджикистан

Антимонопольная служба при Правительстве Республики Таджикистан

Служба по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан

Агентство по экспорту при Правительстве Республики Таджикистан (в редакции Указа РТ от 15.08.2018г.№1085);

Агентство гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан (в редакции Указа РТ от 31.05.2018г.№1062)

Агентство мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан

Агентство по государственным материальным резервам при Правительстве Республики Таджикистан

Агентство по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан

Агентство социального страхования и пенсий при Правительстве Республики Таджикистан

Агентство по обеспечению специальным имуществом при Правительстве Республики Таджикистан

Агентство по государственным закупкам товаров, работ и услуг при Правительстве Республики Таджикистан

Агентство лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан

Главное архивное управление при Правительстве Республики Таджикистан

Главное управление геологии при Правительстве Республики Таджикистан

Главное управление по защите государственных секретов при Правительстве Республики Таджикистан