Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007 № 418, аз 30.11.2007 № 603, аз 05.10.2012 № 562, аз 27.12.2012 № 738)
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 83 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад ().
3. Муассисаҳои таълимии ибтидоии касбии собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигоҳ доштани теъдод, бастҳои корӣ ва маблағгузорӣ ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шаванд.
4. Ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла, як муовини аввал ва ҳайати мушовараи Вазорат иборат аз 7 нафар дошта бошад. Барои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 5 адад муқаррар карда шавад ().
5. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
6. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯхлати ду моҳ:
- низомномаҳои мақомоти дар нақшаи идоракунии Вазорат нишондодашударо ба истиснои раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои маорифи шаҳрҳо ва ноҳияҳо таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд ();
- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе,
аз 28 декабри соли 2006 № 594
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Министерстве образования Республики Таджикистан
(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.11.2007г. №603, от 05.10.2012г.№562,от 27.12.2012г.№738)
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и с целью исполнения "Указа Президента Республики Таджикистан "О совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Положение, структуру центрального аппарата, схему управления и перечень учреждений и организаций системы Министерства образования Республики Таджикистан (приложение 1,2,3,4 ).
2. Установить предельную численность работников центрального аппарата Министерства образования Республики Таджикистан в количестве 83 единиц (без обслуживающего персонала
3. Передать начальные профессиональные образовательные учреждения Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан с сохранением штатных единиц и финансирование Министерству образования Республики Таджикистан.
4. Разрешить Министерству образования Республики Таджикистан иметь 4 заместителей Министра, в том числе одного первого заместителя и коллегию Министерства в составе 7 человек. Установить лимит на содержание Министерства образования Республики Таджикистан легковых автомобилей в Количестве 5 единиц.
5. Осуществлять финансирование центрального аппарата Министерства образования Республики Таджикистан за счет средств республиканского бюджета.
6. Министерству образования Республики Таджикистан в двухмесячный срок:
- разработать и предоставить на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан положения органов, предусмотренные в схеме управления Министерства;
- представить предложения по внесению изменении и дополнений в отраслевые нормативные правовые акты Республики Таджикистан;
- привести свои акты в соответствие с настоящим постановлением.
7. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 июля 2006 года №309 "О Министерстве образования Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 28 декабря 2005 года № 594
г. Душанбе