Низомномаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 225

Санаи амалкуни: 29.04.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2010

№ 225 тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.09.2012 № 502, аз 12.01.2013 № 21, аз 02.03.2013 № 88, аз 28.02.2014 № 134, аз 2.07.2015 № 432, аз 27.05.2017 № 272, аз 29.04.2020 № 243)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, барои дар доираи салоҳияти худ таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои марбут ба корҳои давлатии заминсозӣ, кадастри замин, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, харитасозӣ, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, назорати давлатии корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ масъул аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 134).

2) Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи заминсозӣ", "Дар бораи геодезия ва харитасозӣ", "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он", дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

3) Кумита фаъолияти худро мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.

2. Ваколатҳо

4) Кумита тибқи фаъолияти муқарраркардашуда чунин ваколатҳо дорад:

- таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марбути соҳаи фаъолияти Кумита;

- мустақилона қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарорҳо вобаста ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- тибқи тартиби муқарраргардида қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои парвандаи бақайдгирӣ, китоби бақайдгирӣ, дафтари аризаҳо ва гузоштани рақамҳои мушаххаси кадастрии молу мулки ғайриманқулро таҳия ва тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 134);

- амалӣ намудани вазифаи фармоишгари давлатӣ ва иҷрокунандаи корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, илмию таҳқиқотӣ ва дигар корҳои марбут ба гузаронидани ислоҳоти замин, идораи замин, пешбурди кадастри давлатии замин, мониторинги замин, корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ, харитасозӣ ва бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 134);

- амалӣ намудани назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, назорати давлатии геодезӣ;

- тибқи тартиби қонунгузорӣ амалӣ намудани фаъолияти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;

- пешбурди корҳои идораи замин, кадастри давлатии замин, гузаронидани мониторинги замин (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 134);

- иҷрои корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, харитасозӣ ва кадастрӣ;

- пешбурд ва иҷрои корҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;

- иҷрои корҳо оид ба баҳисобгирии тамоми гурӯҳҳои заминҳо, ошкор намудани заминҳои истифоданашаванда ва пешниҳод намудан оид ба ташкили фонди махсуси замин барои азнавтақсимкунии минбаъдаи он;

- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, ки бо танзими муносибатҳои марбут ба замин, гузаронидани ислоҳоти замин, истифода ва ҳифзи замин, корҳои давлатии топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, харитасозӣ ва бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он алоқаманданд;

- такмил ва тараққӣ додани усулҳои иқтисодии идоракунии захираҳои замин, фароҳам овардани шароит барои тараққиёти баробари шаклҳои нави хоҷагидорӣ;

- гузаронидани бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин;

- таъмини соҳаи иқтисодиёт ва комплекси мудофиавии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти топографӣ-геодезӣ, харитасозӣ ва маводи аэрокайҳонӣ, кадастрӣ ва ғайра;

- иштирок ва таъмини корҳои делимитатсия ва демаркатсияи хати Сарҳади давлатӣ;

- муайянкунӣ ва барқароркунии сарҳадҳои маъмурии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот;

- барқароркунӣ ва аз нав муайянкунии пойгоҳҳо ва нуқтаҳои геодезӣ, аз ҷумла ҷойгиркунонии стансияҳои (дастгоҳҳои) доимоамалкунанда бо мақсади истифодаи системаи глобалии мавқеъ;

- ташкил, истифода ва махфӣ нигоҳ доштани системаи ягонаи давлатии координатҳо мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкил намудани шабакаҳои геодезии махсус барои гузаронидани корҳои идораи замин, кадастрӣ ва ғайра (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 134);

- баҳисобгирӣ, барқароркунӣ, таъмир ва назорати нигоҳдории нуқтаҳои геодезии қаламрави ҷумҳурӣ;

- таҳия ва нашри харитаҳои топографӣ ва дигар харитаю атласҳо;

- амалӣ намудани фаъолият оид ба номгузории иншооти ҷуғрофӣ;

- манзур намудани пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти маҳаллӣ ва ё ба суд оид ба бекор намудани санадҳое, ки хилофи қонунгузории замин мебошанд;

- иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои марбут ба идораи замин, кадастри замин, корҳои топографӣ-геодезӣ, харитасозӣ, кадастрӣ ва бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, ки тибқи тартиби муқарраршуда эътироф шудаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 134);

- ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо дар масъалаҳои коркард ва иштирок дар барномаҳои миллии геоэкологӣ, пешгӯӣ ва мониторинги ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ - техногенӣ дар асоси истифодабарии маводи кайҳонӣ ва асбобҳои масофавӣ;

- тадқиқоти захираҳои табиӣ бо роҳи мушоҳидаи фосилавии Замин, иштирок дар барномаҳои кайҳонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мушоҳидаи фосилавии Замин;

- ташкили минтақаҳои бақайдгирӣ;

- татбиқи сиёсати ягонаи давлатии соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда;

- тибқи қонунгузории ҷорӣ анҷом додани бақайдгирии давлатии шартномаҳои гарави амволи ғайриманқул;

- пеш бурдани феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;

- ташкил намудани низоми ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он бо системаи электронӣ;

- муайян намудани андозаҳо, тартиб, мӯҳлат ва шаклҳои пардохти маблағ барои додани маълумот оид ба идораи замин, кадастри замин, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, харитасозӣ, кадастрӣ ва бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 134);

- муқаррар намудани асосҳои таъин ва тартиби барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул, инчунин санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқул ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 88);

- муқаррар намудани асосҳои таъин ва тартиби ташхиси ҳуҷҷатҳои аслии барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшуда;

- муайян намудани тартиби баргузории аттестатсияи бақайдгирандагон;

- тасдиқ намудани шаклҳои сертификат ва шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз китоби бақайдгирӣ, тартиби таъмини ҳифзи ҳуҷҷатҳои мазкур аз сохтакорӣ;

- тасдиқ намудани тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, Шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатӣ ва Шаҳодатномаи саҳми замин (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 432);

- тасдиқ намудани шакли шартномаи иҷораи қитъаи замин (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 432);

- муайян намудани тартиб ва шак ли пешниҳод намудани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби баҳисобгирии иттилооти додашуда;

- бо тартиби муқарраргардида додани машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ, нусхабардории ҳуҷҷатҳо, дигар хизматрасонии ҳуқуқӣ ва техникии марбут ба бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;

- якҷоя бо мақомоти давлатии ҷумҳуриявии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани маҷмӯи нишондодҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;

- таъмини баҳисобгирии ягонаи давлатӣ, инвентаризатсияи техникӣ ва бақайдгирии ҳуқуқии қитъаҳои замин, биноҳо, иншоот, фонди манзил, шабакаҳои мухандисӣ, иншооти ободонии атроф, бино ва иншооте, ки сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти нуқтаҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва ғайра истифода гардида, дар ихтиёри шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор доранд;

- тасдиқ намудани тартиби бақайдгирии шартномаҳои гарав ва пешбурди Феҳристи шартномаҳои гарави молу мулки ғайриманқул (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 88).

- таҳия ва татбиқи нақшаву барномаҳо оид ба тайёр намудан, бозомӯзонидан ва такмили ихтисоси кадрҳо.

3. Ҳуқуқҳо

5) Барои таъмини ваколатҳои худ дар доираи фаъолияти муайяншуда Кумита ҳуқуқ дорад:

- аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар истифодаашон қитъаи замин доранд, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита вогузоргардидаро мувофиқи тартиби муайяншуда ҳуҷҷату маводи зарурӣ талаб намояд;

- ҷиҳати бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоргардидаи қонунгузории замин дастур (амри хаттӣ) диҳад, ки иҷрои он ҳатмӣ мебошад;

- ба суд оид ба масъалаҳои вайронкунии қонунгузории замин аз ҷумла ситонидани ҷаримаҳои аз ҷониби мақомоти он муайяншуда бидуни пардохти судӣ муроҷиат намояд;

- ҳама гуна намуди сохтмон, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва торф, истифодабарии иншоот, гузаронидани корҳои обёрии ҷангалзорҳо, кашфи геологӣ, таҳқиқотӣ, геодезӣ ва ғайраро, ки бо вайронкунии қонунгузории замин, аз ҷумла ҳангоми мавҷуд набудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин анҷом дода мешаванд, боздорад;

- оид ба ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба суд муроҷиат намояд;

- аз рӯи тартиби муқарраргардида шахсони дар вайронкунии қонунгузории марбут ба соҳа айбдорро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад;

- дар корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста ба мансубияти идоравии онҳо оид ба риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба тартиби истифода, назорати баҳисобгирӣ, нусхабардорӣ ва нигоҳдории маводи махфии топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ санҷиш гузаронад;

- аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникиро марбут ба анҷом додани корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ, инчунин вобаста ба тартиби тайёр намудан, ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштан, нусхабардорӣ ва истифодаи мавод дархост намояд ва барои мувофиқа ба даст орад;

- аз корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон талаб намояд, ки саривақт картограммаҳо ва маводи корҳои иҷронамудаи топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозиро барои баҳисобгирӣ, таҳлил ва омӯзиш, инчунин ғанӣ гардонидани фонди бойгонии Кумита пешниҳод намоянд;

- бо тартиби муқарраргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ намояндагӣ намояд;

- мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо, мушовараҳо), аз ҷумла байнисоҳавӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти худ ташкил намояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар воситаҳои ахбори умум нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, ҷойгиркунонии дигар маводро оид ба масъалаҳои фаъолияти Кумита таъмин намояд;

- бо корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Кумита шартномаҳои дуҷониба баста, ҳисоботи роҳбарони ин корхонаю муассисаҳоро дар бораи ҷараёни иҷрои шартномаҳо ва нақшаи кории солонаи тасдиқшударо мунтазам дар маҷлиси ҳайати мушовараи Кумита баррасӣ намояд;

- корҳоро роҷеъ ба таъсис додан, аз нав ташкил намудан ва барҳам додани ташкилоту корхонаҳои ба системаи худ дохилшаванда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;

- бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш вогузоргардида дигар ҳуқуқҳоеро дорад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

4. Ташкили фаъолият

6) Кумитаро Раис роҳбарӣ менамояд, ки ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Раис дар як вақт Сарнозири давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

7) Раис барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, масъулияти шахсӣ дорад.

8) Раис муовинҳо, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Муовинони Раис дар як вақт муовинони Сарнозири давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

9) Дар Кумита ҳайати мушовара иборат аз Раиси Кумита (раиси ҳайати мушовара), муовинони ӯ (аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказӣ, роҳбарони мақомоти маҳаллии Кумита, корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Кумита ташкил карда мешавад. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки тибқи вазифа ба ҳайати он дохил мешаванд аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

10) Дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара масъалаҳои асосии фаъолияти Кумита баррасӣ карда мешаванд. Масъалаҳои дар ҳайати мушовара баррасишаванда бо овоздиҳии аксарияти аъзо қабул гардида, бо протоколҳо ва қарорҳо ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармони Раиси Кумита мавриди амал қарор мегиранд. Дар сурати пайдо шудани ихтилофи назар байни Раис ва аъзоҳои ҳайати мушовара қарорро Раис қабул намуда, дар ин хусус ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад. Аъзои ҳайати мушовара низ метавонанд ақидаи худро оид ба ин масъала ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хаттӣ пешниҳод намоянд.

11) Дар Кумита барои таҳлил ва баррасии масъалаҳои илмию техникии идораи замин, кадастри замин, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ, харитасозӣ, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, истифодаи замин ва муносибатҳои марбут ба замин, инчунин барои қабули қарорҳои асоснок оид ба онҳо Шӯрои илмии техникӣ, комиссияҳо, гурӯҳи корӣ таъсис дода мешаванд. Ҳайати шахсӣ ва низомномаи онҳоро Раиси Кумита тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 134).

12) Сохтори дастгоҳи марказии Кумита мувофиқи самтҳои асосии фаъолияти худ аз сарраёсату раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо иборат мебошад.

13) Раис:

- роҳбарии умумии фаъолияти Кумитаро анҷом медиҳад;

- тибқи қонунгузорӣ санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ қабул мекунад;

- дар хусуси ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовинони Раис, роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул", роҳбарони дигар корхона ва муассисаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 134);

- фармонҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Кумита, инчунин корхонаҳо ва муассисаҳои системаи он ҳатмӣ мебошанд;

- байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;

- низомномаи воҳидҳои сохтории Кумита, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида низомнома ва оинномаҳои корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Кумитаро тасдиқ ва мувофиқа мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон, муовинони роҳбарон, сармуҳандисон ва сармуҳосибони корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Кумитаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва бо ин роҳбарон шартномаҳо мебандад, онҳоро тағйир медиҳад ва бекор мекунад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Кумита ҳал менамояд;

- ҷадвали штатии Кумитаро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муқарраршуда, инчунин сметаи хароҷоти нигаҳдошти Кумитаро дар доираи маблағгузорӣ, ки барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;

- нақшаи кории ҳарсола ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Кумитаро тасдиқ менамояд;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Кумита, корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Кумита пешниҳод манзур менамояд;

- ба корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Кумита супориш медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Кумита, мақомоти маҳаллии он, корхонаҳо ва муассисаҳои дар системаи Кумита қарордошта, дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардида фаъолият доранд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- қарорҳои хусусияти меъёридошта ва оид ба масъалаҳои фаврӣ ва ҷории ташкили фаъолияти Кумита қарорҳои хусусияти меъёринадошта қабул мекунад.

14) Маблағгузории хароҷоти марбут ба нигоҳдории Кумита аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинишуда анҷом дода мешавад.

15) Кумита шахси ҳуқуқӣ, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ, мӯҳрҳои дахлдор ва штампу бланкаҳо буда, аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

16) Кумита дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоби махсус дорад.

17) Маҳали ҷойгиршавии Кумита - шаҳри Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, 50 мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.01.2013 № 21).

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2010

№ 225 тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.09.2012 № 502, аз 28.02.2014 № 134)

Роҳбарият

Раёсати кадастри давлатии замин (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2020 № 243)

Сарраёсати назорати давлатии замин (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.2017 № 272)

Раёсати баҳисобгирӣ, банақшагирӣ ва маблағгузории корҳо

Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад

Раёсати корҳо

Шӯъбаи корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ

Шӯъбаи кадрҳо

Бахши таҳияи сиёсати ягонаи замин

Бахши таъминоти ҳукуқӣ

Бахши арзёбии замин ва пардохтҳо

Бахши мониторинг ва корҳои таҳлилӣ

Бахши барасмиятдарорӣ ва бақайдгирӣ

Бахши робитаҳои байналмилалӣ

Фонди давлатии геодезӣ ва харитасозӣ (бо ҳуқуқи бахш)

Бахши корҳои махсус (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.09.2012 № 502)

Котибот (бо ҳуқуқи бахш) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 88)

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2010

№ 225 тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 134)

Дастгоҳи марказӣ

Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 134)

Кумитаи идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 134)

Кумитаи идораи замини вилояти Суғд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 134)

Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 134)

Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 134)

Кумитаҳои идораи замини шаҳрҳо ва ноҳияҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 134)

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2010

№ 225 тасдиқ шудааст

НОМГӯИ корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии "Тоҷикзаминсоз" бо Корхонаи давлатии фаръии "Суғдзаминсоз"-и тобеъ дар вилояти Суғд

Институти лоиҳакашию таҳқиқотии "Фазо"

Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" ва корхонаҳои давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 88)

Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе

Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Суғд

Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Хатлон

Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Бадахшон

Корхонаи воҳиди давлатии "Фабрикаи харитасозӣ"

Маркази илмию таҳқиқотӣ

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2010

№ 225 тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.09.2012 № 502, аз 12.01.2013 № 21, аз 02.03.2013 № 88, аз 28.02.2014 № 134)

Сарраёсати кадастри давлатии замин

Раёсати назорати давлатии замин