Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 225
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 225 "Дар бораи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва бандҳои 1, 2, 3, 4, 5 ва 6 калимаҳои "заминсозӣ" ва "заминсозии" ба калимаҳои "идораи замин" ва "идораи замини" иваз карда шаванд;
- дар банди 7 калимаҳои "давлатии заминсозӣ" ба калимаҳои "давлатии идораи замин" иваз карда шаванд.
2. Ба Низомномаи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №225 тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва бандҳои 1, 4 ва 11 калимаи "заминсозӣ" ба калимаи "идораи замин" иваз карда шавад;
- дар банди 4 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- тибқи тартиби муқарраргардида қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои парвандаи бақайдгирӣ, китоби бақайдгирӣ, дафтари аризаҳо ва гузоштани рақамҳои мушаххаси кадастрии молу мулки ғайриманқулро таҳия ва тасдиқ менамояд;";
- дар банди 13 сархатҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- дар хусуси ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовинони Раис, роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул", роҳбарони дигар корхона ва муассисаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд".
3. Дар номи Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №225 тасдиқ шудааст, калимаи "заминсозӣ" ба калимаи "идораи замин" иваз карда шавад.
4. Дар Нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 225 тасдиқ карда шудааст, калимаҳои "заминсозӣ", "Кумитаҳои заминсозии" ва "Кумитаи заминсозии" мутаносибан ба калимаҳои "идораи замин", "Кумитаҳои идораи замин" ва "Кумитаи идораи замин" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 феврали соли 2014 № 134
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №225
Во исполнения Указа Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12 "О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан" и соответствии со статьёй 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №225 "О Государственном комитете по землеустройству и геодезии Республики Таджикистан" следующие изменения:
- в названии и пунктах 1, 2, 3, 4, 5 и 6 слово "землеустройству" заменить словами"земельному управлению";
- в пункте 7 слово "землеустройству" заменить словами "земельному управлению".
2. Внести в Положение Государственного комитета по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №225, следующие изменения и дополнения:
- в названии и пунктах 1, 4 и 11 слово "землеустройству" заменить словами"земельному управлению";
- дополнить пункт 4 абзацем третьим следующего содержания:
"- в установленном порядке разрабатывает и утверждает правила, порядок регистрации, ведение и формы регистрационных дел, книги регистрации, книги заявлений и присвоения индивидуального кадастрового номера недвижимого имущества";
- дополнить пункт 13 абзацами третьим и четвертым следующего содержания:
"- направляет представления в Правительство Республики Таджикистан о назначении на должность и освобождении от должности заместителей Председателя, руководителя Государственного унитарного предприятия "Регистрация недвижимого имущества", руководителей других предприятий и учреждений, назначаемых на должность и освобождаемых от должности Правительством Республики Таджикистан".
3. В названии Структуры центрального аппарата и Перечне предприятий и учреждений системы Государственного комитета по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан, утвержденных постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №225, слово "землеустройству" заменить словами "земельному управлению".
4. В Схеме управления Государственного комитета по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №225 слова "землеустройство","Комитеты по землеустройству" и "Комитет по землеустройству" заменить соответственно словами "земельное управление", "Комитеты по земельному управлению" и "Комитет по земельному управлению".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 28 февраля 2014 года, № 134