Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он
Мутобиқи моддаи 68 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуққо ба он", моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Давраи гузариш то амалисозии фаъолияти ташкилотҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2015 бо давомнокии 6 моҳ муқаррар карда шавад.
2. Дар давраи гузариш воҳидҳои марзию маъмурии зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳру ноҳияҳои пилотӣ муайян карда шаванд:
- шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд;
- шаҳри Истаравшани вилояти Суғд;
- шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон;
- ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон;
- ноҳияи Ҳисор;
- ноҳияи Рашт.
3. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- то оғози фаъолияти ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуққо ба онро таҳия ва тасдиқ намуда, бо тартиби муқарраргардида онҳоро аз қайди давлатӣ гузаронад;
- дар ҳолатҳои зарурӣ ҷиҳати такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд.
4. Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул":
- нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба онро дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои онро таъмин намояд;
- то оғози амалисозии бақайдгирии давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ корхонаҳои давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул"-ро бо ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи молу мулки ғайриманқул таъмин намояд;
- дурустии амалиёти анҷомдиҳии бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқулро назорат барад;
- гузаронидани чорабиниҳои иттилоотиро ҷиҳати фаҳмондадиҳии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" амалӣ намояд.
5. Вазоратҳои адлия ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои ҷорӣ намудани системаи ягонаи давлатии бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
6. Дар банди 4 Низомномаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 225 тасдиқ шудааст, пас аз сархати сию шашум сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- тасдиқ намудани тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, Шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатӣ ва Шаҳодатномаи саҳми замин;
- тасдиқ намудани шакли шартномаи иҷораи қитъаи замин.".
7. Аз 1 январи соли 2016 системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад.
8. Аз 1 январи соли 2016 аз эътибор соқит дониста шаванд:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 1998, № 244 "Дар бораи тадбирҳои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ба амал баровардани ҳуқуқи истифодаи замин";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 374 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои тартиби барасмиятдарорӣ, додан, бақайдгирӣ, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин";
- банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, № 105 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2011, № 341 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, №374".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июли соли 2015 № 432
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О вопросах введения единой системы государственной регистрации недвижимого имущества и прав на него
В соответствии со статьей 68 Закона Республики Таджикистан "О государственной регистрации недвижимого имущества и прав на него", статьями 42 и 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Переходный период до начала осуществления деятельности организации по государственной регистрации недвижимого имущества и прав на него на территории Республики Таджикистан установить с 1 июля 2015 года продолжительностью 6 месяцев.
2. Установить в переходный период пилотными городами и районами следующие административно-территориальные единицы Республики Таджикистан:
- город Хорог Горно-Бадахшанской автономной области;
- город Худжанд Согдийской области;
- город Истаравшан Согдийской области;
- город Куляб Хатлонской области;
- Бохтарский район Хатлонской области;
- Гиссарский район;
- Раштский район.
3. Государственный комитет по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан:
- до начала деятельности организации по государственной регистрации в пилотных городах и районах в рамках своей компетенции разработать и утвердить нормативные правовые акты по государственной регистрации недвижимого имущества и прав на него и в установленном порядке произвести их государственную регистрацию;
- в случае необходимости представить предложения в Правительство Республики Таджикистан по доработке нормативных правовых актов Республики Таджикистан.
4. Государственному унитарному предприятию "Регистрация недвижимого имущества":
- разработать и утвердить план мероприятий по осуществлению единой системы государственной регистрации недвижимого имущества и прав на него в пилотных городах и районах и обеспечить его выполнение;
- до начала осуществления государственной регистрации в пилотных городах и районах обеспечить государственные дочерние предприятия "Регистрация недвижимого имущества" документами единого государственного регистра недвижимого имущества;
- осуществлять контроль за правильностью совершения государственной регистрации недвижимого имущества;
- осуществить проведение информационных мероприятий по разъяснению Закона Республики Таджикистан "О государственной регистрации недвижимого имущества и прав на него".
5. Министерствам юстиции и внутренних дел Республики Таджикистан, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, районов республиканского подчинения оказать всяческое содействие в введении единой системы государственной регистрации недвижимого имущества в пилотных городах и районах.
6. Пункт 4 Положения Государственного комитета по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан, утвержденного от 3 мая 2010 года, №225, после абзаца тридцать шестого дополнить новыми абзацами следующего содержания:
"- утверждение порядка предоставления, замены и признании утратившим силу Сертификата на права пользования землей, Свидетельства о государственной регистрации и Свидетельства на земельный пай;
- утверждение формы договора аренды на земельный участок.".
7. С 1 января 2016 года ввести единую систему государственной регистрации недвижимого имущества и прав на него во всех городах и районах Республики Таджикистан.
8. С 1 января 2016 года признать утратившими силу:
- постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 июля 1998 года, №244 "О мерах по выполнению Указа Президента Республики Таджикистан "О реализации права пользования землей";
- постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2009 года, №374 "Об утверждении Правила порядка оформления, выдачи, регистрации, замены и о признании утратившим силу Сертификата на право пользования землей и Свидетельства на земельный пай";
- пункт 3 постановления Правительства Республики Таджикистан от 27 февраля 2010 года, №105 "О внесении изменений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан";
- постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 июля 2011 года, №341 "О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2009 года, №374".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 2 июля 2015 года, № 432