Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2012, № 502 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 225"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 225

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 225 "Дар бораи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:

Дар банди 2 қарор рақамҳои "353" ба "329", "100" ба "85" ва "253" ба "244" иваз карда шаванд.

2. Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 225 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 сентябри соли 2012, № 502

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "28 " сентябри соли 2012,

 № 502 тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Сарраёсати кадастри давлатии замин

Раёсати назорати давлатии замин

Раёсати баҳисобгирӣ, банақшагирӣ ва маблағгузории корҳо

Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад

Раёсати корҳо

Шӯъбаи корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ

Шӯъбаи кадрҳо

Бахши таҳияи сиёсати ягонаи замин

Бахши таъминоти ҳукуқӣ

Бахши арзёбии замин ва пардохтҳо

Бахши мониторинг ва корҳои таҳлилӣ

Бахши барасмиятдарорӣ ва бақайдгирӣ

Бахши робитаҳои байналмилалӣ

Фонди давлатии геодезӣ ва харитасозӣ (бо ҳуқуқи бахш)

Бахши корҳои махсус