Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда аз 2 ноябри соли 2007, № 544

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2007 №544

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2007 №544

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути Сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.04.2009 № 217, аз 29.12.2012 № 788, аз 23.10.2017 № 479, аз 21.05.2022 № 246, аз 31.07.2024 № 442)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.04.2009 № 217, аз 29.12.2012 № 788, аз 23.10.2017 № 479, аз 21.05.2022 № 246, аз 31.07.2024 № 442)

Қоидаҳои умумӣ

1. Қоидаҳои мазкур шарт ва меъёрҳои бо тартиби имтиёзнок аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукӣ интиқол додани молҳо, инчунин тартиби истифодаи меъёри ягонаи боҷҳои гумрукӣ, андозҳо (бо тартиби соддагардонидашуда), риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.10.2017 № 479).

2. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

тартиби имтиёзнок - интиқоли моли барои истифодаи шахсӣ таъингардида тавассути сарҳади гумрукӣ дар доираи андозаи вазнӣ (миқдорӣ) ва арзишӣ, ки Қоидаҳои мазкур муқаррар кардааст ва нисбати онҳо озодкунии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо муайян шуда, маҳдудиятҳои мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷарраргардида истифода намешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.10.2017 № 479);

тартиби соддагардонидашуда - интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукӣ дар доираи меъёрҳои вазнӣ (миқдорӣ) ва арзишӣ, ки Қоидаҳои мазкур муқаррар намудааст ва нисбати онҳо боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо тибқи меъёри ягона пардохт карда шуда, мамнӯият ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.10.2017 № 479);

тартиби умумӣ - интиқоли мол бо пардохти боҷҳои гумрукӣ, хироҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, бо истифодаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

воситаҳои нақлиёт - автомобилҳои сабукрави дар гурӯҳи молии 8703 Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таснифшуда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.10.2017 № 479);

...

Утверждены

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 ноября 2007 года № 544

Утверждены

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 ноября 2007 года № 544

Правила перемещения товаров физическими лицами через таможенную границу Республики Таджикистан в льготном и упрощенном порядке

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.04.2009г.№217, от 29.12.2012г. № 788, от 23.10.2017 г. №479, от 21.05.2022 №246, от 31.07.2024 №442)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.04.2009г.№217, от 29.12.2012г. № 788, от 23.10.2017 г. №479, от 21.05.2022 №246, от 31.07.2024 №442)

Общие положения

1. Настоящие Правила определяют условия и нормы перемещения товаров физическими лицами через таможенную границу в льготном порядке, а также устанавливают порядок применения единых ставок таможенных пошлин, налогов (в упрощенном порядке) и соблюдения запретов и ограничений, предусмотренных нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

2. В настоящих Правилах используются следующие понятия:

льготный порядок - перемещение товаров через таможенную границу в пределах весовых (количественных) и стоимостных норм, установленных настоящими Правилами и предназначенных для личного пользования, в отношении которых предоставляется полное освобождение от уплаты таможенных пошлин, налогов и не применяются ограничения, установленные в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан;

упрощенный порядок - перемещение товаров через таможенную границу в пределах весовых (количественных) и стоимостных норм, установленных настоящими Правилами, в отношении которых таможенные пошлины, налоги взимаются по единой ставке с применением запретов и ограничений, установленных в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан;

общий порядок - перемещение товаров с уплатой таможенных пошлин, налогов и таможенных сборов с применением запретов и ограничений, установленных нормативными правовыми актами Республики Таджикистан;

транспортные средства - легковые автомобили, классифицируемые в товарной позиции 8703 Товарной номенклатуры внешнеэкономической деятельности Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 23.10.2017 г. №479);

...