ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тагйиру илова ба карори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №544
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии хуқуқӣ» Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар зербандҳои а), б) ва д) банди 7 Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда, ки бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №544 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда» тасдиқ шудааст, пас аз калимаҳои «ба истиснои воситаҳои» калимаҳои «наклиёт ва воситаҳои мобилии алоқаи барқии» илова карда, калимаи «нақлиёти» хориҷ карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 июли соли 2024, № 442
...