Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 544
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 544 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар тамоми матн калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;
- дар бандҳои 1,9 ва 22 калимаи "мизони" ба калимаи "меъёри" иваз карда шавад;
- дар сархатҳои якум ва дуюми банди 2 калимаҳои "меъёрҳои" ва "мизони" мувофиқан ба калимаҳои "андозаи" ва "меъёри" иваз карда шаванд;
- дар сархати чоруми банди 2 калимаҳои "Номгӯи моли фаъолияти иқтисодии хориҷии Иттиҳоди иқтисодии Евразия" ба калимаҳои "Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар сархати шашуми банди 2 калимаи "квитансияи" ба калимаи "расиди" иваз карда шавад.
2. Рӯйхати молҳое, ки шахсони воқеӣ метавонанд бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ба миқдори маҳдуд ворид намоянд, ки ба Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда замима шудааст, дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).
3. Қарори мазкур аз 1 июли соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 23 октябри соли 2017 № 479
ш.Душанбе
Замима
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2007 года, №544
В соответствии со статьёй 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В абзаце четвертом пункта 2 Правил перемещения товаров физическими лицами через таможенную границу Республики Таджикистан в льготном и упрощенном порядке, утвержденных постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2007 года, №544 "Об утверждении Правил перемещения товаров физическими лицами через таможенную границу Республики Таджикистан в льготном и упрощенном порядке" слова "Товарной номенклатуры внешнеэкономической деятельности Евразийского экономического сообщества" заменить словами "Товарной номенклатуры внешнеэкономической деятельности Республики Таджикистан".
2. Перечень товаров, которые могут быть ввезены без уплаты таможенных пошлин и налогов в ограниченном количестве физическим лицом, прилагаемый к Правилам перемещения товаров физическими лицами через таможенную границу Республики Таджикистан в льготном и упрощенном порядке, изложить в новой редакции (прилагается).
3. Настоящее постановление ввести в действие с 1 июля 2017 года.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 23 октября 2017 года, №479
*Приложение