Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 544 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.05.2022 № 246)

 

Мутобиқи моддаҳои 304, 305, 317 ва 362 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 253 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.05.2022 № 246):

1. Қоидаҳои замимагардидаи интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда тасдиқ карда шавад.

2. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003 № 466 "Дар бораи тартиби интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёти барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари тиҷоратӣ таъиннагардида аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 487 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003 № 466 "Дар бораи тартиби интиқоли мол ва воситаҳои нақлиётӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари тиҷоратӣ таъиннагардида аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2004 №142 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомнома дар бораи тартиби интиқоли мол ва воситаҳои нақлиётӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари тиҷоратӣ таъиннагардида аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон".

3. Қарори мазкур аз 1 ноябри соли 2007 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Э. Раҳмонов

аз 2 ноябри соли 2007 № 544

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Правил перемещения товаров физическими лицами через таможенную границу Республики Таджикистан в льготном и упрощенном порядке

(в редакции постановления Правительства РТ от 21.05.2022 №246)

В соответствии со статьями 304, 305, 317 и 362 Таможенного кодекса Республики Таджикистан и статьей 253 Налогового кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемые Правила перемещения товаров физическими лицами через таможенную границу Республики Таджикистан в льготном и упрощенном порядке (в редакции постановления Правительства РТ от 21.05.2022 №246).

2. Признать утратившим силу:

постановление Правительства Республики Таджикистан от 25 октября 2003 года № 466 "О порядке перемещения физическими лицами через таможенную границу Республики Таджикистан товаров и транспортных средств, не предназначенных для производственной или иной коммерческой деятельности";

постановление Правительства Республики Таджикистан от 7 ноября 2003 года№ 487 "О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 25 октября 2003 года №466 "О порядке перемещения физическими лицами через таможенную границу Республики Таджикистан товаров и транспортных средств, не предназначенных для производственной или иной коммерческой деятельности";

постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 марта 2004 года №142 "О внесении изменений и дополнений в Положение о порядке перемещения физическими лицами через таможенную границу Республики Таджикистан товаров и транспортных средств, не предназначенных для производственной или иной коммерческой деятельности".

3. Настоящее постановление ввести с 1 ноября 2007 года.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Э.Рахмонов

от 2 ноября 2007 года № 544

г. Душанбе