Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 №544
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 №544 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
Ба Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда:
- ба банди 9 сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Тартиби соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумрукӣ бо истифодаи мизони ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ҳангоми аз ҷониби шахси воқеӣ ворид намудани молҳо ба маблағи зиёда аз 5000 доллари ШМА татбиқ карда намешавад. Нисбат ба чунин зиёдшавӣ тартиби умумии барасмиятдарории гумрукӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, татбиқ карда мешавад.";
- дар сархатҳои якум ва дуюми банди 13 мизонҳои "0,20" ва "0,40" мутаносибан ба мизонҳои "0,40" ва "0,60" иваз карда шаванд.
Ба Руйхати молҳое, ки шахсони воқеӣ метавонанд бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ба микдори маҳдуд ворид намоянд:
- дар банди 1 калимаҳои "як литр" ба калимаҳои "ду литр" иваз карда шаванд;
- дар банди 2 калимаҳои "200 дона (1 блок) ба калимаҳои "ду баста (400 дона) иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 апрели соли 2009 № 217
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2007 года №544
В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2007 года №544 "Об утверждении Правил перемещения товаров физическими лицами через таможенную границу Республики Таджикистан в льготном и упрощенном порядке" следующие изменения и дополнения:
В Правила перемещения товаров физическими лицами через таможенную границу Республики Таджикистан в льготном и упрощенном порядке:
- пункт 9 дополнить абзацем пятым следующего содержания:
"Упрощенный порядок таможенного оформления с применением единых ставок таможенных пошлин, налогов не применяется, если таможенная стоимость товаров, ввезенных физическим лицом, превышает сумму 5000 долларов США. В части такого превышения применяется общий порядок таможенного оформления и уплаты таможенных пошлин и налогов, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан";
- в абзацах первом и втором пункта 13 ставки "0,20" и "0,40" заменить соответственно ставками "0,40" и "0,60".
В Перечень товаров, которые могут быть ввезены без уплаты таможенных пошлин и налогов в ограниченном количестве физическим лицом:
- в пункте 1 слова "Один литр" заменить словами "два литра";
- в пункте 2 слова "200 штук" (1 блок) заменить словами "два блока (400 штук)".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 2 апреля 2009 года №217
г. Душанбе