×

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 № 30 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 22.07.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни конститутсионии ҶТ аз 27.06.2014 № 1084 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст. ҶТ аз 8.12.2003 № 57, аз 17.05.2004 № 36, аз 3.03.2006 № 160, аз 30.07.2007 № 293, аз 20.03.2008 № 369, аз 18.06.2008 № 385, аз 31.12.2008 № 453, аз 12.01.2010 № 581, аз 29.12.2010 № 651 аз 2.08.2011 № 754, аз 26.12.2011 № 773, аз 03.07.2012 № 833, аз 01.08.2012 № 875, аз 28.12.2012 № 926, аз 19.03.2013 № 936, аз 22.07.2013 № 972, аз 22.07.2013 № 1017)

ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни конститутсионии мазкур танзим менамояд

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муносибатҳоро оид ба тарзи ташкил ва фаъолияти судҳо, ҳамчунин фаъолияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба масъалаҳои таъмини ташкилӣ ва моддию техникии судҳо танзим менамояд.

Моддаи 2. Ҳокимияти судӣ

Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб шудаанд, тааллуқ дорад. Ягон мақомоти дигар ва ё шахсон ҳуқуқӣ ба зиммаи худ гирифтани адолати судиро надоранд.

Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амали шуда, дар баробари ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия амал менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36).

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба зиммаи судя вазифаҳои пешбининакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузоранд.

Ҳокимияти судӣ бо роҳи мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба амал бароварда мешавад. тартиби мурофиавии баррасии парвандаҳоро аз ҷониби суд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 453).

Моддаи 3. Вазифаҳои суд

Суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, қонуният ва адолатро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудаанд, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳифз менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36, аз 28.12.2012 № 926).

Вазифаи суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад.

Моддаи 4. Ягонагии мақоми судяҳо

Ҳамаи судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мақоми ягона буда, фақат бо ваколат ва салоҳияти худ тафовут доранд.

Моддаи 5. Мустақилияти судя

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат мекунанд.

Мустақилияти судя таъмин мегардад:

тибқи қонун интихоб, таъин, озод ва бозхонд шудан;

бо дахлнопазирии судя;

бо ба амал баровардани адолати судӣ тибқи тартиби муқарраркардаи қонун;

бо махфияти машварати судяҳо ҳангоми баровардани санадҳои судӣ;

бо манъи ҳама гуна дахолат ба фаъолият оиди ба амалбарории адолати судӣ таҳти таҳдиди ҷавобгарӣ;

бо ҷавобгарӣ барои эҳтиром накардани суд;

бо ҳуқуқ доштан барои ба истеъфо баромадан, бо хоҳиши худаш ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудан, ба нафақа баромадан ва бозхонди судя(Қонуни конст.ҶТ аз 28.12.2012 № 926);

бо ташкил намудани ҷомеаи судяҳо;

бо муҳайё намудани шароити ташкилию техникӣ барои фаъолияти судҳо;

мувофиқи мақомаш аз ҳисоби давлат аз ҷиҳати моддӣ ва иҷтимоӣ таъмин намудани судя.

Кафолати мустақилияти судяҳо, аз ҷумла чораҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии онҳо, ки қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ намудааст, ба ҳамаи судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд (Қонуни конст.ҶТ аз 28.12.2012 № 926).

Моддаи 6. Ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбати суд

Зоҳир намудани беэҳтиромӣ нисбати суд аз тарафи иштирокчиёни парванда ё шаҳрвандоне, ки дар ҷаласаи судӣ ширкат меварзанд, инчунин содир намудани ҳар гуна аъмол аз тарафи ҳар касе, ки аз беҳурматии рӯирост нисбати суд шаҳодат медиҳад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад.

Моддаи 7. Манъ будани дахолат ба фаъолияти судя

Ҳар гуна дахолат ба фаъолияти судя ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ манъ аст ва тибқи қонун ҷавобгарӣ дорад.

Таъсири ғайриқонунӣ расонидан ба судя ва машваратчии халқӣ, ки дар ба амал баровардани адолати судӣ ширкат меварзад, ба мақсади халал расонидан ба баррасии ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаи мушаххас ё ноил шудан ба баровардани ҳукми ғайриқонунии судӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад.

Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ надоранд, ки дар иттилооти худ натиҷаи баррасии парвандаи мушаххасро пешакӣ ҳал намоянд.

Судя вазифадор нест дар бораи моҳияти парвандаҳое, ки баррасӣ шудаанд ё дар ҳолати баррасӣ қарор доранд, баёнот диҳад, инчунин онҳоро барои шинос шудан дар ихтиёри касе гузорад, ба ғайр аз ҳолатҳо ва тартибе, ки тибқи қонун пешбинӣ шудааст.

Моддаи 8. Ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ

Фармонҳо ва ҳалномаҳо, ҳукмҳо, таъинотҳо ва қарорҳои қабулкардаи судҳо, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, барои иҷро ҳатмӣ мебошанд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 453).

Моддаи 9. Дахлнопазирии судя

Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.

Дахлнопазирии судя инчунин ба манзил ва утоқи хизматӣ, нақлиёт ва воситаҳои алоқае, ки дар истифодаи ӯ қарор доранд, муросилот ва ашёю ҳуҷҷатҳои вай тааллуқ дорад.

Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судя танҳо аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешаванд. Пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ва пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судя аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 22.07.2013 № 972).

Судяи Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро бе ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан, ба ҳабс гирифтан мумкин нест.

Судяи суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, суди шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди иқтисодии вилоятӣ, суди иқтисодии шаҳри Душанберо бе ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан, ба ҳабс гирифтан мумкин нест.

Ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтани судя, муваққатан дур кардан аз вазифа, азназаргузаронии манзил, кофтукови манзил ва утоқи хизматии ӯ, ҳабси молу мулк, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар гуфтугӯҳо, ҳабси муросилот, азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани онҳо, кофтуков, ёфта гирифтани ашё, ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти пасандоз ва суратҳисобҳои бонкӣ, ҳабси маблағҳои дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва ташкилотҳои кредитӣ қарордоштаи судя бо дархости прокурор ё муфаттиш бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 22.07.2013 № 972).

Дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии судя, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳоро истифода мебарад, танҳо дар вақти дастгир намудани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят, дар дигар мавридҳо бошад, танҳо вобаста ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбати судя бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 22.07.2013 № 972).

Хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 22.07.2013 № 972).

Шахсоне, ки дар вайронкунии дахлнопазирии судя гунаҳгоранд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 10. Таъмини амнияти судяҳо

Судяҳо, аъзои оилаашон ва молу мулки онҳо таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доранд.

Муҳофизати бино ва молу мулки судҳо, дар сурати зарурат бо аризаи судя, муҳофизати ӯ ва аъзои оилаи вай, хонаи истиқоматӣ ва молу мулки мутааллиқ ба онҳо ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ гузошта мешавад ва он ройгон иҷро карда мешавад.

Судя барои гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани силоҳ ҳуқуқ дорад. Тартиби аз тарафи судя гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани силоҳро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1017).

ФАСЛИ II ИНТИХОБ ВА ТАЪИНИ СУДЯ БА ВАЗИФА. ТАРТИБИ ОЗОД НАМУДАН ВА БОЗХОНДИ СУДЯ

Моддаи 11. Талаботе, ки нисбати номзадҳо ба вазифаи судя пешниҳод карда мешаванд

Судяҳои Суди конститутсионӣ аз ҷумлаи ҳуқуқшиносоне интихоб мешаванд, ки синнашон аз 30 сола кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошанд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36).

Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ҳуқуқшиносоне интихоб мешаванд, ки синнашон аз 30 сола кам ва аз 65 зиёд набошад, ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошанд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36).

Ба вазифаи судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Судҳои вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе ҳуқуқшиносоне таъин мешаванд, ки синни онҳо аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад, ҳадди ақал 5 сол собиқаи кори судягӣ дошта бошанд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36).

Номзадҳо ба вазифаи судяи суди ҳарбӣ инчунин ба талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" бояд ҷавоб диҳанд.

Ба вазифаи судяҳои суди шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди иқтисодии вилоятӣ, суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҳуқуқшиносоне таъин мешаванд, ки синнашон аз 25 кам ва аз 65 зиёд набошад, ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошанд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36).

Судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе, суди шаҳр ва ноҳия, судҳои ҳарбӣ, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят, суди иқтисодии шаҳри Душанбе бояд забони давлатиро донанд (Қонуни конст.ҶТ аз 2.08.2011 № 754).

Моддаи 12. Талаботе, ки нисбати судя пешниҳод мешаванд

Судя бояд Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳоро бечуну чаро риоя намояд, дониш ва таҷрибаи худро барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи судя гузошта шудаанд, истифода кунад, шоистаи номи худ бошад.

Судя ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ, инчунин дар муносибатҳои ғайрихизматӣ бояд аз ҳар гуна аъмоле, ки боиси паст задани обрӯи ҳокимияти судӣ, коҳиши шаъну эътибори судя мегардад ё оиди беғаразона, одилона ва холисона будани амали вай шубҳа бармеорад, ҳазар кунад.

Судя бояд вазифаи дигарро ишғол накунад, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ набошад ё аз ҷиҳати моддӣ онҳоро дастгирӣ нанамояд, дар амалҳои сиёсӣ ширкат наварзад, бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул нашавад, ба ғайр аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Судя дар ду сол як маротиба ба такмили ихтисос фаро гирифта шуда, пас аз хатми он ба ӯ бо тартиби муқарраргардида сертификат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 833).

Моддаи 13. Мӯҳлати ваколати судяҳо

Судяҳо ба мӯҳлати 10 сол интихоб ё таъин карда мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36).

Ҳангоми дар давраи ваколаташ аз як суд ба суди дигари якхела, ё ба суди болои ё ба суди поёни таъин ё интихоб намудани судя мӯҳлати даҳсолаи ваколат аз рӯзи таъин ё интихоби нав ҳисоб карда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36).

Моддаи 14. Интихоб ва таъини судя ба вазифа

Раис, муовинони раис ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб менамояд.

Судяҳои суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Шӯрои адлия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд.

Моддаи 15. Судяҳо

Судяҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни конститутсионии мазкур ва дигар қонунҳо ваколатдори ба амал баровардани адолати судӣ мебошанд ва ваколатҳояшонро бо маҳорати касбӣ анҷом медиҳанд. Раисон ва муовинони раисони тамоми судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон судя ба ҳисоб мераванд ва ваколатҳои худро тибқи тартиби муқарраркардаи қонунҳои мурофиавӣ амалӣ мегардонанд.

Талабот ва амрҳои судяҳо ҳангоми иҷрои ваколатҳояшон, ки асоси қонунӣ доранд, барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳатмӣ мебошанд. Маълумот, ҳуҷҷатҳо ва нусхаҳои онҳо, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ заруранд, бо талаби судя ройгон дода мешаванд.

Иҷро накардани талабот ва амрҳои судя оқибати ҷавобгарӣ дорад, ки он дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.

Моддаи 16. Машваратчиёни халқӣ

Машваратчиёни халқӣ ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ дорои тамоми ҳуқуқҳои судя мебошанд.

Ба ҳар як судя бист машваратчии халқӣ интихоб карда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 28.12.2012 № 926).

Тартиби интихоб, музди меҳнат, кафолатҳо ва имтиёзҳои машваратчиёни халқиро ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян менамояд.

Моддаи 17. Савганди судя

Шахсе, ки аввалин бор ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантананок чунин савганд ёд мекунад:

"Бо тантана савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона ва аз рӯи виҷдон иҷро менамоям, адолати судиро танҳо мутобиқи Конститутсия ва қонун ба амал бароварда, бо амри виҷдон холисона ва одилона анҷом медиҳам".

Судяҳо дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъомади судяҳо савганд ёд мекунанд.

Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" савганд ёд мекунанд.

Моддаи 18. Аз вазифа бозхонд ва озод намудани судя

Аз вазифа бозхонд ва озод намудани судя дар ҳолатҳои зерин амалӣ мегардад:

1. Қонеъ намудани аризаи хаттии судя дар бораи истеъфо;

2. Дар асоси аризаи хаттиаш дар бораи аз вазифаи судя бозхонд ва озод шудан:

а) бо хоҳиши худ;

б) бо сабаби ба нафақа баромадан (Қонуни конст.ҶТ аз 28.12.2012 № 926);

в) бо сабаби ба кори дигар гузаштан ё гузаронидан;

г) бо сабабҳои оилавӣ тағйир додани ҷои истиқомат;

д) бо сабаби аз ҳудуди ҷумҳурӣ баромада рафтан;

3. Вақте ки судя бо фаъолияти ба вазифааш мувофиқ набуда машғул аст;

4. Нисбати ӯ бароварда шудани ҳукми айбдоркунандаи суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он;

5. Бо ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд қобилияти амалкуниаш маҳдуд дониста шудааст ё ӯ ғайри қобили амал эътироф шудааст;

6. Аз рӯи вазъи саломатӣ ё сабабҳои дигари узрнок дар муддати тӯлонӣ на камтар аз чор моҳ пай дар пай иҷро карда натавонистани вазифаи судягӣ;

7. Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гум кардани судя;

8. Мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун бо қарори суд, ки ба қувваи қонун даромадааст, бедарак ғоиб эътироф намудан ё фавтида эълон намудан;

9. Таҷдиди сохтори суд (судҳо) ё ихтисори шумораи судяҳо;

10. Вафоти судя;

11. Вайрон намудани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ё содир намудани рафторе, ки ба қадру номуси судя доғ мерасонад (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36);

12. Вайрон кардани қонунгузории меҳнатӣ;

13. Ба итмом расидани мӯҳлати ваколати ӯ;

14. Ошкор шудани номувофиқ будани судя ба вазифаи ишғолкардааш.

15) Вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (Қонуни конст.ҶТ аз 30.07.2007 № 293).

Аз рӯи асосҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонда мешаванд, судяҳои Суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе бошад аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод карда мешаванд.

Моддаи 19. Истеъфои судя

Истеъфои судя аз рӯи мазмуни ҳамин қонуни конститутсионӣ бо ифтихор аз вазифа рафтани судя мебошад. Барои судяе, ки дар истеъфо мебошад, номи судя, кафолати дахлнопазирии шахсиаш ва мансубият ба ҷомеаи судяҳо нигоҳ дошта мешавад ва дар ин бобат ба ӯ шаҳодатнома дода мешавад.

Ҳар судя бо хоҳиши худ сарфи назар аз синну сол ҳангоми на камтар аз сию панҷ сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиноси, аз он ҷумла на камтар аз бисту панҷ сол собиқаи кории судяги доштан, судяи Суди конститутсиони бошад на камтар аз сию панҷ сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла на камтар аз понздаҳ сол собиқаи кории судягӣ доштан тибқи асосҳои дар бандҳои 1, 5, 6, 13 қисми якуми моддаи 18 Қонуни конститутсионии мазкур пешбини гардида, ҳуқуқ дорад ба истеъфо барояд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36аз 28.12.2012 № 926).

Ба судяҳо ҳангоми ба истеъфо рафтан дар ҳаҷми музди меҳнати семоҳа кӯмакпулии якдафъина дода мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 160, аз 01.08.2012 № 875).

Ба судяи дар истеъфобуда, ки на камтар аз бисту панҷ сол собиқаи кории судягӣ дорад ва собиқаи кории умумиаш аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ на камтар аз сию панҷ сол аст, баробари панҷоҳ фоизи музди меҳнати вазифаи дахлдори судягӣ таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод дода мешавад, ки он мутобиқи қонунгузории ҷорӣ индексатсия карда мешавад. Таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод ба андозаи як фоизи музди меҳнат барои ҳар як соли пурраи минбаъдаи корӣ дар вазифаи судя зиёд карда мешавад, лекин он аз шаст фоизи музди меҳнати вай зиёд шуда наметавонад(Қонуни конст.ҶТ аз 28.12.2012 № 926).

Ба судяи Суди конститутсионии дар истеъфо буда, ки аз рӯи касби ҳуқуқшиносӣ ба таври умумӣ на камтар аз сию панҷ сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиносӣ, аз он ҷумла на камтар аз понздаҳ сол собиқаи кории судягӣ доштан, баробари шаст фоизи музди меҳнати судяи ҳамин суд таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод дода мешавад. Дар мавриде, ки судяи ба истеъфобаромадаи Суди конститутсионӣ ба талаботи қисми чоруми ҳамин модда ҷавобгӯ бошад, андозаи таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод ба ӯ ба андозаи шасту панҷ фоизи музди меҳнат дода мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 28.12.2012 № 926).

Таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод ба судя дар суде, ки ҷои кори охирини вай аст ё дар суди маҳалли зисташ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ пардохта мешавад.

Истеъфои судя дар ҳолате қатъ мегардад, ки агар ӯ ба талаботи тибқи ҳамин қонуни конститутсионӣ ба судя пешбинишуда ҷавоб дода натавонад.

Истеъфои судяи Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.

Истеъфои судяи Суди ҳарбӣ, судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяи суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.

Истеъфои судя инчунин дар сурати дубора ба вазифаи судя интихоб ё таъин шуданаш қатъ мегардад.

Судяе, ки истеъфояш тибқи қисми ҳаштуми ин модда қатъ гардидааст, ба таъминоти нафақавӣ мувофиқи қонун ҳуқуқ дорад.

ФАСЛИ III СИСТЕМАИ СУДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БОБИ ЯКУМ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 20. Системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия, суди иқтисодии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятӣ, суди иқтисодии шаҳри Душанбе системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

БОБИ ДУЮМ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 21. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ташкил ва тартиби фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян менамояд.

БОБИ СЕЮМ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 22. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии судӣ ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти судҳои ҳарбии гарнизонҳо, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳия оид ба парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ ва дигар парвандаҳои дар тобеияти ин судҳо буда ба амал мебарорад.

Моддаи 23. Салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро ба сифати суди марҳилаҳои якум, кассатсионӣ, назоратӣ ва аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида, инчунин дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳо ва қарорҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

дар бораи конститутсионӣ будани қонуни татбиқшуда оиди парвандаи мушаххас ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад муроҷиат намояд.

таҷрибаи судиро ҷамъбаст менамояд, омори судиро таҳлил менамояд, ба судҳо доир ба масъалаҳои татбиқи қонунҳои амалкунанда, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои судӣ ба миён меоянд, тавзеҳоти дастурӣ медиҳад, барои аз тарафи судҳо иҷро намудани ин тавзеҳот назорат мекунад;

дар доираи салоҳияташ масъалаҳоеро, ки аз шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳаллу фасл менамояд;

дигар салоҳиятҳоеро, ки қонун пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонад.

Моддаи 24. Хориҷ карда шуд

(Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36)

Моддаи 25. Ҳайати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳайати раис, муовини якум, муовинон, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ интихоб менамояд.

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Дар Суди Олӣ Пленуми Суди Олӣ, Раёсати Суди Олӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди Олӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии Суди Олӣ ва Коллегияи ҳарбӣ таъсис дода мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581).

Моддаи 26. Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаи олии судӣ буда, дар ҳайати Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинони ӯ ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол даъват карда мешавад. Ҷаласаи Пленумро Раиси Суди Олӣ таъин мекунад.

Дар ҷаласаҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.

Дар ҷаласаҳои Пленум бо даъвати Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои судҳои дигар, аъзои Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони дахлдор ва дигар шахсон иштирок карда метавонанд (Қонуни конст.ҶТ аз 29.12.2010 № 651).

Тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олӣ оид ба татбиқи қонунгузорӣ, ки дар мавриди баррасии парвандаҳои судӣ пайдо мешаванд, барои судҳо, дигар мақомоту шахсони мансабдор, ки қонуни тавзеҳшударо татбиқ менамоянд, ҳатмӣ мебошанд.

Маълумот дар бораи рӯзи даъвати Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо, лоиҳаҳои қарорҳо аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда ба аъзои Пленум, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз як моҳ то ҷаласа фиристода мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36аз 29.12.2010 № 651).

Моддаи 27. Салоҳияти Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати он салоҳиятнок мебошад.

Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36);

ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати масъалаи ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ будани қонунҳо, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон пешниҳодот ирсол менамояд;

хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 29.12.2010 № 651);

пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои амалияи судӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 18.06.2008 № 385);

хориҷ карда шуд ((Қонуни конст.ҶТ аз 29.12.2010 № 651);

бо пешниҳоди Раиси Суди Олӣ раисон ва ҳайатҳои коллегияҳои судиро тасдиқ намуда, котиби Пленуми Суди Олиро интихоб менамояд;

ҳисоботи раисони Коллегияи ҳарбӣ ва дигар коллегияҳои судии Суди Олиро дар бораи фаъолияти коллегияҳо мешунавад;

гузоришро оид ба кори Раёсат мешунавад;

бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илмию машваратии Суди Олиро таъсис дода, низомнома ва ҳайати онро тасдиқ мекунад;

дар асоси ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва омори судӣ бо мақсади якхела намудани таҷрибаи татбиқи қонунҳо аз тарафи судҳо тавзеҳоти дастурӣ медиҳад;

коллегияи тахассусии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси коллегияи тахассусӣ ва муовини вайро интихоб менамояд ва ҳисоботи раиси коллегияи тахассусиро дар бораи фаъолияти коллегия мешунавад;

гузоришҳои раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва суди шаҳри Душанберо дар бораи таҷрибаи татбиқи қонунҳо, инчунин дар бораи иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад;

пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат накардани тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд;

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқ намудани ҳайати Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;

бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати таҳририяи маҷаллаи "Бюллетени Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро тасдиқ мекунад;

дигар ваколатҳоро, ки қонун пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонад.

Қарори Пленум бо овоздиҳии ошкоро ба тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои Пленум, ки дар ҷаласа иштирок кардаанд, қабул карда мешавад.

Барои таҳияи лоиҳаи қарори Пленум, ки он дорои тавзеҳоти дастурӣ мебошад, Пленум дар мавриди зарурӣ аз ҳисоби аъзоёнаш комиссияи таҳрирӣ ташкил медиҳад.

Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи қабул шуданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва ба тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро карда мешавад.

Дар ҷаласаи Пленум протокол тартиб дода мешавад. Қарори Пленум ва протоколро Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби Пленум имзо менамоянд.

Моддаи 28. Баррасии масъалаҳои фаъолияти судӣ аз тарафи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъалаҳое, ки мувофиқи ҳамин қонуни конститутсионӣ аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи Пленум гузошта шудаанд, мутобиқан аз рӯи маърӯзаҳои онҳо ё маърӯзаҳои шахсони аз ҷониби онҳо ваколатдор кардашуда шунида мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 29.12.2010 № 651).

Дар муҳокимаи ин масъалаҳо инчунин шахсони ба ҷаласаи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватшуда иштирок карда метавонанд.

Моддаи 29. Котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад.

Котиби Пленум дар баробари иҷрои вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ташкилиро оид ба тайёр намудани ҷаласаи Пленум, тартибдиҳии протоколро таъмин мекунад ва дигар амалҳоро анҷом медиҳад, ки барои иҷрои қарорҳои қабулкардаи Пленум зарур мебошанд.

Моддаи 30. Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ ба ҳайати Раёсат аз рӯи вазифаашон дохил мешаванд.

Дар ҷаласаҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё яке аз муовинони вай ҳатмист.

Дар ҷаласаҳои Раёсат, ки ба баррасии парвандаҳои судӣ иртибот надоранд, бо даъвати Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои судҳои дигар, аъзои Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ иштирок карда метавонанд.

Моддаи 31. Салоҳияти Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ гузаронида мешаванд ва дар сурати ҳузури аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат салоҳиятнок мебошад.

Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар доираи салоҳияташ парвандаҳои гражданӣ, ҷиноӣ, оилавӣ ва маъмуриро аз рӯи эътирози Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳолатҳои нав ошкоршуда, инчунин аз рӯи эътирози муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ва ҳолатҳои нав ошкоршуда оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ баррасӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 453, аз 12.01.2010 № 581), аз 29.12.2010 № 651);

аз рӯи эътирозҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ парвандаҳои ҷиноятиро, ки собиқ Суди Олии ИҶШС ва судҳои ҷумҳуриҳои иттифоқии собиқ ИҶШС нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудаанд, ҳал менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 29.12.2010 № 651);

маводҳои ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва омори судиро баррасӣ мекунад;

гузориши раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанберо оид ба таҷрибаи татбиқи қонунҳо мешунавад;

масъалаҳои ташкили кори коллегияҳои судӣ, Коллегияи ҳарбӣ, шӯъбаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд;

дигар масъалаҳоеро, ки қонун пешбинӣ намудааст, баррасӣ менамояд.

Қарорҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии ошкоро № 52 бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат, ки дар ҷаласа иштирок кардаанд, қабул карда шуда, аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо карда мешаванд ва аз лаҳзаи эълон карда шуданашон эътибори қонунӣ пайдо мекунанд.

Моддаи 32. Баррасии масъалаҳои умумии фаъолияти судӣ аз тарафи Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъалаҳое, ки ба баррасии парвандаҳои судӣ иртибот надоранд, аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони вай ба Раёсат пешниҳод карда мешаванд.

Дар муҳокимаҳои ин масъалаҳо шахсони ба ҷаласаи Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватшуда иштирок карда метавонанд.

Моддаи 33. Тартиби таъсиси коллегияҳои судӣ

Ҳайати коллегияҳои судиро Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ, бо амри худ барои баррасӣ намудани парвандаҳо судяҳоро аз як коллегия ба ҳайати коллегияи дигар метавонад ҷалб намояд.

Моддаи 34. Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ба тариқи кассатсионӣ парвандаҳои гражданиро баррасӣ менамояд;

парвандаҳои гражданиро аз рӯи эътирозҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 453);

дар доираи ваколатҳои худ, ки қонун муқаррар кардааст, парвандаҳои гражданиро ба сифати суди зинаи якум баррасӣ менамояд;

аризаҳои шахсони дар парванда иштироккардаро дар бораи аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав дида баромадани ҳалномаҳое, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар зинаи якум баровардааст, инчунин қарорҳои зинаҳои кассатсионӣ ё назоратиро, ки мутобиқи онҳо ҳалномаи суди зинаи якум тағйир дода шудааст ё қарори нав қабул гардидааст, баррасӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 453);

таҷрибаи судиро ҷамъбаст намуда, омори судиро таҳлил менамояд;

дигар масъалаҳоеро, ки қонун ба салоҳияти ӯ гузоштааст, ҳаллу фасл менамояд.

Моддаи 35. Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

парвандаҳоро ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ менамояд;

парвандаҳоро аз рӯи эътирозҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони вай ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 29.12.2010 № 651);

ба сифати суди зинаи якум парвандаҳои ҷиноиро мувофиқи ваколатҳои худ, ки қонун муқаррар кардааст, баррасӣ мекунад;

Моддаи 35(1). Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ

(Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581)

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- парвандаҳои оилавиро ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ менамояд;

- парвандаҳои оилавиро аз рӯи эътирозҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ, ки қонун муқаррар кардааст, парвандаҳои оилавиро ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамояд;

- аризаҳои шахсони дар парванда иштироккардаро дар бораи аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав дида баромадани ҳалномаҳое, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ дар марҳилаи якум баровардааст, инчунин карорҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратиро, ки мутобиқи онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё карори нав қабул гардидааст, баррасӣ менамояд;

- таҷрибаи судиро ҷамъбаст намуда, омори судиро таҳлил менамояд;

- дигар масъалаҳоеро, ки қонун ба салоҳияти ӯ гузоштааст, ҳаллу фасл менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581).

Моддаи 35(2). Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ

(Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581)

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- парвандаҳои маъмуриро ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ менамояд;

- парвандаҳои маъмуриро аз рӯи эътирозҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 29.12.2010 № 651);

- дар доираи ваколатҳои худ, ки қонун муқаррар кардааст, парвандаҳои маъмуриро ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамояд;

- аризаҳои шахсони дар парванда иштироккардаро дар бораи аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав дида баромадани ҳалномаҳое, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ дар марҳилаи якум баровардааст, инчунин қарорҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратиро, ки мутобиқи онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё қарори нав қабул гардидааст, баррасӣ менамояд;

Моддаи 36. Салоҳияти Коллегияи ҳарбӣ

Коллегияи ҳарбӣ дар ҳайати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд ва нисбат ба судҳои ҳарбии гарнизонҳо бевосита зинаи болоии судӣ ба шумор меравад.

Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ба сифати суди зинаи якум парвандаҳоро дар бораи ҷиноятҳои содиркардаи шахсоне, ки дорои рутбаи ҳарбии полковник ва аз он баланд мебошанд, ё дорои вазифаи қумондони полк ва баландтар аз он мебошанд ва шахсони аз рӯи вазифа ба онҳо баробарбударо баррасӣ менамояд;

ба сифати суди зинаи якум парвандаҳои ҷиноиро дар бораи ҷиноятҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ки барои содир намуданашон қонун ҷазои қатл пешбинӣ кардааст, баррасӣ мекунад;

ба сифати суди зинаи якум парвандаҳои гражданиеро, ки ба истеҳсолоти худ қабул кардааст, баррасӣ менамояд;

эътирозҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати фармонҳо, ҳалномаҳо, ҳукмҳо, таъинотҳо ва қарорҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо, эътирози муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, нисбати ҳукмҳо, таъинотҳо ва қарорҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 453, аз 29.12.2010 № 651);

аз рӯи хулосаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ парвандаҳоро аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда, ки аз рӯи онҳо судҳои ҳарбии гарнизонҳо ҳалномаҳо, ҳукмҳо, таъинотҳо баровардаанд, баррасӣ мекунад;

таҷрибаи судиро ҷамъбаст ва омори судиро таҳлил менамояд;

дигар масъалаҳоеро, ки қонун ба салоҳияти он гузоштааст, ҳал мекунад.

Моддаи 37. Тартиби аз тарафи коллегияҳои судӣ баррасӣ кардани парвандаҳо

Парвандаҳои гражданӣ, ҷиноӣ, оилавӣ ва маъмурӣ дар ҷаласаҳои коллегияҳои судӣ ба тартибе, ки қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, баррасӣ карда мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581).

Моддаи 38. Санадҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармонҳо ва ҳалномаҳо, ҳукмҳо, таъинотҳо ва қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун эътибор пайдо мекунанд ва иҷро карда мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 453).

Моддаи 39. Салоҳияти Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

роҳбарии ташкилии фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад;

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор намояндагӣ мекунад;

ба тартиби муқаррарнамудаи қонун, нисбати фармонҳо, ҳалномаҳо ҳукмҳо, таъинотҳо ва қарорҳои ҳамаи судҳои таҳти назорати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда эътирозҳо меорад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 453);

ба тариқи назоратӣ нисбати фармонҳо, ҳалномаҳо, ҳукмҳо ва таъинотҳои коллегияҳои судӣ, агар дар онҳо вайронкунии ҷиддии қонун ҷой дошта бошад, эътироз меорад (Қонуни конст.ҶТ аз 29.12.2010 № 651);

аз рӯи парвандаҳое, ки онҳоро собиқ Суди Олии ИҶШС ва судҳои ҷумҳуриҳои иттифоқии собиқ ИҶШС нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ кардаанд, ба тариқи назоратӣ эътирозҳо пешниҳод менамояд;

масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал менамояд;

тартиби тақсими парвандаҳоро байни судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

шакл ва тартиби пешниҳоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи ҳар як судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

кори ҷамъбасти таҷрибаи судиро ташкил мекунад, ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор дар бораи бартараф кардани вайронкуниҳои қонун, сабабу шароите, ки боиси ҳуқуқвайронкунӣ мешаванд, пешниҳод ирсол мекунад, инчунин кори назоратро барои иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад;

Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват менамояд ва дар ҷаласаҳои он раисӣ мекунад;

дар ҷаласаҳои коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ карда метавонад;

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани дараҷаҳои тахассусӣ пешниҳод ирсол менамояд;

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани рутбаҳои олии ҳарбӣ пешниҳод ирсол менамояд;

дар бораи ҷавобгарии интизомии судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои судяҳои Суди конститутсионӣ ва судҳои иқтисодӣ парванда мекушояд;

судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳавасманд мегардонад, инчунин онҳоро ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд;

вазифаҳоро дар байни муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мекунад;

дорои ҳуқуқи ба кор қабул кардан ва аз кор озод намудани кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

рӯйхати штатии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастури коргузорӣ, низомномаҳои шӯъбаҳо ва дигар бахшҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;

шаҳрвандонро шахсан қабул менамояд ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо ташкил менамояд;

дигар ваколатҳоро, ки қонун ба зиммаи ӯ гузоштааст, иҷро мекунад.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ фармонҳо ва амрҳо мебарорад.

Моддаи 40. Салоҳияти муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини якум, муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар ҷаласаҳои коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо бо тартиби кассатсионӣ, бо тартиби назоратӣ ва аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида раисӣ карда метавонанд;

мувофиқи тақсимоти вазифаҳо ба кори бахшҳои дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунанд;

кори такмили ихтисоси судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаомӯзии судяҳои судҳои дигарро ташкил менамоянд;

шаҳрвандонро шахсан қабул мекунанд;

дигар ваколатҳоеро, ки қонун ба зиммаи онҳо гузоштааст, иҷро менамоянд.

Дар мавриди набудани Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ӯро муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар вақти набудани муовини якум, яке аз муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 453аз 29.12.2010 № 651).

Моддаи 41. Салоҳияти раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

кори коллегияҳои судиро ташкил намуда, ҳайати судиро барои баррасии парвандаҳо муайян мекунанд;

дар ҷаласаҳои коллегияҳои судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо дар зинаи якум бо тартиби кассатсионӣ, бо тартиби назоратӣ ва аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида раисӣ мекунанд;

ба Раёсат ва Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти коллегияҳои судӣ ҳисобот медиҳанд;

парвандаҳои судиро барои ҷамъбасткунии таҷрибаи судӣ талаб мекунанд;

дигар ваколатҳоеро, ки қонун ба зиммаи онҳо гузоштааст, иҷро мекунанд.

Моддаи 42. Салоҳияти раиси Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Коллегияи ҳарбӣ аз рӯи вазифааш муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Раиси Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

кори Коллегияи ҳарбиро ташкил намуда, ҳайатҳои судиро барои баррасии парвандаҳо бо тартиби кассатсионӣ, назоратӣ муайян мекунад;

дар ҷаласаҳои Коллегияи ҳарбӣ ҳангоми баррасӣ бо тартиби кассатсионӣ ва бо тартиби назоратӣ ва оид ба ҳолатҳои нав ошкоргардида раисӣ мекунад;

ба Раёсат ва Пленуми Суди Олӣ дар бораи фаъолияти Коллегияи ҳарбӣ ҳисобот пешниҳод менамояд;

иҷрои қарорҳои дастурии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат менамояд;

шахсан шаҳрвандонро қабул менамояд;

кормандони дастгоҳи Коллегияи ҳарбиро ба вазифа қабул карда, аз вазифа озод менамояд;

дар доираи салоҳияташ фармонҳо ва амрҳо мебарорад;

дигар ваколатҳоеро, ки қонун пешбинӣ намудааст, ба амал мебарорад.

Моддаи 43. Салоҳияти муовини раиси Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини раиси Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар ҷаласаи судӣ раисӣ мекунад;

таҷрибаи судиро ҷамъбаст менамояд ;

шаҳрвандонро шахсан қабул менамояд;

дар ҳолати набудани раиси Коллегияи ҳарбӣ вазифаи ӯро иҷро менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 29.12.2010 № 651);.

Моддаи 44. Салоҳияти судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

парвандаҳоро дар зинаи якум, кассатсионӣ, назоратӣ ва аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида баррасӣ мекунад;

ҳангоми талаб карда гирифтани парванда ҳуқуқ дорад иҷрои санади судиро оид ба парвандаҳои гражданӣ то хотимаи мурофиа дар суди марҳилаи назоратӣ мутобиқи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон боздорад (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 453);

оид ба маводҳои ҷамъбасти таҷрибаи судӣ, ки барои баррасӣ ба Раёсат ва Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, маърӯза менамояд;

бо супориши Раис, муовини якум, муовинонон ва раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад.

БОБИ ЧОРУМ Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 45. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва парвандаҳои дигаре, ки аз тарафи судҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, мақоми олии судӣ буда, дар шаклҳои мурофиавие, ки қонун пешбинӣ кардааст, ба фаъолияти онҳо назорати судӣ мебарад ва оид ба масъалаҳои таҷрибаи судӣ тавзеҳоти дастурӣ медиҳад.

Моддаи 46. Салоҳияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ҳамчун зинаи якум парвандаҳоеро, ки ба судҳои иқтисодӣ мансубанд, инчунин дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда санадҳои судии қабулкардаи худро, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, аз нав баррасӣ менамояд;

ҳамчун зинаи кассатсионӣ қонунӣ будани санадҳои судиро оид ба парвандаҳое, ки судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи якум баррасӣ кардаанд, тафтиш менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

ба тариқи назорат парвандаҳоро аз рӯи эътироз ва аризаи дигар шахсони бо қонунгузорӣ пешбинишуда нисбати санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои иқтисодӣ баррасӣ мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 18.06.2008 № 385);

дар бораи конститутсионӣ будани қонуни татбиқшуда оиди парвандаи мушаххас ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад муроҷиат намояд;

таҷрибаи аз тарафи судҳои иқтисодӣ татбиқ намудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки муносибатҳоро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ танзим менамоянд, омӯхта, ҷамъбаст мекунад, оид ба масъалаҳои таҷрибаи судӣ тавзеҳоти дастурӣ медиҳад;

оид ба такмили қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ танзим мекунад, таклифҳо таҳия менамояд;

омори судиро дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда, пешбурди онро ба роҳ мемонад;

дар доираи салоҳияти худ масъалаҳоеро, ки аз шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳал мекунад;

дигар ваколатҳоеро, ки Конститутсия, қонуни конститутсионии мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, амалӣ менамояд.

Моддаи 47. Хориҷ карда шуд

(Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36)

Моддаи 48. Ҳайати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раис, муовини якум, муовинони Раис ва судяҳо иборат аст. Шумораи судяҳои ин судро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати зерин:

Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

коллегияи судӣ оиди ба тариқи кассатсионӣ тафтиш намудани қонунӣ ва асоснок будани қарорҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки эътибори қонунӣ пайдо накардаанд (Қонуни конст.ҶТ аз 18.06.2008 № 385, аз 03.07.2012 № 833);

коллегияи судӣ оиди ба тариқи назоратӣ тафтиш намудани қонунӣ ва асоснок будани қарорҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, амал мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 03.07.2012 № 833).

Моддаи 49. Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаи олии судӣ буда, дар ҳайати Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинҳои ӯ ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳимтарини фаъолияти судҳои иқтисодиро ҳал мекунад.

Дар ҷаласаҳои Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок кардан доранд. Иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Пленум ҳатмист. Бо даъвати Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Пленум судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд иштирок намоянд.

Моддаи 50. Салоҳияти Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

маводҳои омӯзиш ва ҷамъбасти амалияи татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро аз тарафи судҳои иқтисодӣ баррасӣ мекунад ва оид ба масъалаҳои таҷрибаи судӣ тавзеҳоти дастурӣ медиҳад;

пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои амалияи судӣ аз рӯи парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 18.06.2008 № 385);

масъалаи пешниҳод намудани таклифҳоро ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намудани қонунҳо, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал менамояд;

бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Раёсат, ҳайати коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури Суди Олии иқтисодиро тасдиқ мекунад;

коллегияи тахассусии судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб мекунад ва ҳисоботро дар бораи фаъолияти вай мешунавад;

дигар ваколатҳоеро, ки ҳамин қонуни конститутсионӣ пешбинӣ кардааст, ба амал мебарорад.

Моддаи 51. Тартиби кори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як сол даъват менамояд.

Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳал кардани масъалаҳо дар сурати ҳозир будани на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати он салоҳияток мебошад.

Моддаи 52. Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияташ қарор қабул мекунад.

Қарори Пленум бо овоздиҳии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои Пленум, ки дар ҷаласа иштирок кардаанд, қабул карда мешавад.

Хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 18.06.2008 № 385).

Дар ҷаласаи Пленум протокол тартиб дода мешавад. Ба қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва протокол Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби Пленум имзо мегузоранд.

Моддаи 53. Котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад.

Котиби Пленум дар баробари иҷрои вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ташкилиро оид ба тайёр намудани ҷаласаи Пленум, тартибдиҳии протоколро таъмин мекунад ва дигар амалҳоро анҷом медиҳад, ки барои иҷрои қарорҳои қабулкардаи Пленум зарур мебошанд.

Моддаи 54. Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ амал мекунад.

Бо қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд.

Дар ҷаласаҳои Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё муовинони ӯ ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Бо даъвати Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳо Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои судҳои иқтисодӣ ва шахсони дигар иштирок карда метавонанд.

Моддаи 55. Салоҳияти Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

парвандаҳоро ба тариқи назорат аз рӯи эътирозҳо ва аризаи дигар шахсони бо қонунгузорӣ пешбинишуда нисбати санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои иқтисодӣ баррасӣ мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 18.06.2008 № 385);

баъзе масъалаҳои таҷрибаи судиро баррасӣ менамояд ва дар бораи натиҷаҳои баррасӣ ба судҳои иқтисодӣ хабар медиҳад.

Моддаи 56. Тартиби кори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди зарурат даъват мекунад.

Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳо дар сурати хузур доштани на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат салоҳиятнок аст.

Қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи овоздиҳии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои дар овоздиҳӣ ҳузурдоштаи Раёсат қабул мегардад ва ба он Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мегузорад. Аъзои Раёсат ҳуқуқ надоранд, ки аз овоздиҳӣ худдорӣ кунанд. Дар сурати баробар будани овозҳо эътироз радшуда ҳисобида мешавад.

Моддаи 57. Коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст. ҶТ аз 03.07.2012 № 833)

Дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегияи судӣ ташкил карда мешавад, ки онро Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Ба коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ мекунад. Ҳангоми ҳозир набудани ӯ, бо амри Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини дигар ё яке аз судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коллегияи судӣ раисӣ мекунад.

Коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ менамояд, таҷрибаи судиро меомӯзад ва ҷамъбаст мекунад, доир ба такмил додани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таклифҳо таҳия месозад, омори судиро таҳлил мекунад, инчунин ваколатҳои дигареро, ки дастури Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 03.07.2012 № 833).

Моддаи 58. Ҳайатҳои судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таври дастаҷамъӣ баррасӣ намудани парвандаҳо дар зинаи якум аз ҷумлаи судяҳои ин суд ҳайатҳои судӣ ташкил карда мешаванд.

Ҳайатҳои судӣ ва судяи дар онҳо раисикунандаро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 59. Салоҳияти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои мурофиавиашро мутобиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ба амал мебарорад (Қонуни конст.ҶТ аз 18.06.2008 № 385).

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

фаъолияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд;

Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват менамояд ва дар маҷлисҳои онҳо раисӣ мекунад, инчунин барои баррасии Пленум ва Раёсат масъалаҳоеро, ки тавассути қонуни конститутсионии мазкур ба салоҳияти онҳо тааллуқ доранд, пешниҳод менамояд;

ба дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умумӣ мекунад, кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

вазифаҳоро дар байни муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мекунад;

аз ҷумлаи судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайатҳои судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад;

хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 20.03.2008 № 369);

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва мақомоти дигар намояндагӣ мекунад;

дар бораи ҷавобгарии интизомии судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда мекушояд;

тартиби тақсими парвандаҳоро байни судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

шакл ва тартиби пешниҳоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи ҳар як судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад(Қонуни конст. ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

масъалаи аз як суди иқтисодӣ ба суди иқтисодии дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал менамояд;

судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳавасманд мегардонад, инчунин онҳоро ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд;

ваколатҳои дигарро, ки қонуни конститутсионии мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, ба амал мебарорад.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташ фармонҳо ва амрҳо қабул мекунад.

Моддаи 60. Салоҳияти муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои мурофиавиро, ки Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ муқаррар кардааст, ба амал мебароранд (Қонуни конст.ҶТ аз 18.06.2008 № 385).

Муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба коллегияи судӣ раисӣ намуда, фаъолияти воҳидҳои сохтории дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарӣ намоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 18.06.2008 № 385, аз 03.07.2012 № 833).

Дар мавриди набудани Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ӯро ба истиснои салоҳияти ӯ оид ба даъват намудани Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисӣ намудан дар он, муовини якум ва дар вақти набудани муовини якум яке аз муовиноии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 18.06.2008 № 385).

БОБИ ПАНҶУМ СУДҲОИ ҲАРБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 61. Судҳои ҳарбӣ

Судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ, муассисаю корхона ва ташкилотҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи ҳарбӣ ва дигар қисмҳои алоҳидаи ҳарбӣ адолати судиро ба амал мебароранд.

Дар қисмҳои ҳарбии дигар давлатҳо, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, адолати судӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи созишномаҳои ба имзорасидаи байнидавлатӣ ба амал бароварда мешавад.

Судҳои ҳарбӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи принсипи ҳудудӣ дар маҳалли воқеъшавии гарнизонҳо таъсис дода шуда, аз судҳои ҳарбии гарнизонҳо ва Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.

Фаъолияти судҳои ҳарбӣ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки аз ҷамъомади ҳарбӣ мегузаранд ва дигар шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қисмҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои ҳарбӣ, мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.

Моддаи 62. Тобеияти парвандаҳо ба судҳои ҳарбӣ

Ба судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои зерин тобеияти судӣ доранд:

1) парвандаҳо дар бораи тамоми ҷиноятҳое, ки хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамчунин ӯҳдадорони ҳарбӣ дар давраи гузаштани ҷамъомади ҳарбӣ содир намудаанд;

2) парвандаҳо дар бораи тамоми ҷиноятҳое, ки шахсони ҳайати афсарӣ, прапоршикҳо, сержантҳо, старшинаҳо ва аскарони Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардаанд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36);

3) парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳое, ки хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ, воҳидҳо ва қисмҳои милисаи аз рӯи даъват ташкил кардашудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтмончиёни ҳарбӣ содир кардаанд;

4) парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳо бар зидди тартиби муқарраршудаи адои хизмат, ки шахсони ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои ислоҳӣ содир намудаанд;

5) парвандаҳо дар бораи ҷосусӣ;

6) парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст.

Судҳои ҳарбӣ якҷоя бо парвандаҳои ҷиноятӣ даъвои граждании қисмҳои ҳарбӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, дигар шахсони ҳуқуқиро, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҳамчунин даъвои шаҳрвандонро дар бораи ҷуброни зарари моддие, ки ба онҳо дар натиҷаи ҷинояти содирнамудаи хизматчиёни ҳарбӣ расидааст, баррасӣ менамоянд.

Ҳангоми гунаҳгор донистани шахс ё гурӯҳи шахсон дар содир намудани як ё якчанд ҷиноят, ақаллан парванда дар бораи як ҷиноят, ки ба суди ҳарбӣ тобеият дорад ва нисбати дигар ҷиноятҳо, ки ба дигар судҳо тобеият дорад, парвандаҳоро оиди ҳамаи ҷиноятҳо суди ҳарбӣ баррасӣ мекунад.

Ҳангоми гунаҳгор донистани гурӯҳи шахсон дар содир намудани як ё якчанд ҷиноят, агар парванда нисбати ақаллан як айбдоршаванда ба тобеияти суди ҳарбӣ қарор гирифтааст, нисбати шахсони боқимонда бошад, ба дигар суд тобеият дорад, парвандаҳоро нисбати ҳамаи айбдоршавандагон суди ҳарбӣ баррасӣ менамояд.

Парвандаҳоро оид ба ҷиноятҳои шахсони дар бандҳои 1, 2, 3, 4 қисми якуми ҳамин модда зикршуда, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ содир намудаанд ва дар вақти баррасии парванда дар суд аз хизмат ҷавоб шудаанд, судҳои ҳарбӣ баррасӣ мекунанд.

Парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳои содирнамудаи шахсон то вақти даъват ба хизмати ҳарбӣ ё дохил шуданашон ба хизмат ба мақомоти Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқан аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе ва судҳои шаҳру ноҳия баррасӣ мегарданд.

Ба суди ҳарбии гарнизон парвандаҳо дар бораи ҷинояти содирнамудаи шахсони дорои унвони то подполковник тобеияти судӣ доранд.

Парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳои содирнамудаи шахсоне, ки дорои унвони полковник ва аз он баланд ё вазифаи қумондони полкро ишғол мекунанд ва шахсони аз рӯи вазифаи хизматӣ ба онҳо баробар, парвандаҳо дар бораи тамоми ҷиноятҳое, ки барои онҳо қонунгузории ҷиноятӣ ҷазои қатл пешбинӣ намудааст, ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти судӣ доранд.

Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад, ҳама гуна парвандаро, ки ба суди ҳарбии поёнӣ тобеияти судӣ доранд, ба истеҳсоли худ ба сифати зинаи аввал қабул намояд.

Моддаи 63. Баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ аз тарафи судҳои ҳарбӣ

(Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581)

Ба судҳои ҳарбӣ тамоми парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ оиди даъвои хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳайати фармондиҳии тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин парвандаҳое,ки дар онҳо яке аз тарафҳо хизматчиёни ҳарбӣ мебошанд, тобеияти судӣ доранд (Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581).

Моддаи 64. Баррасии парвандаҳо оид ба шикояти амалу қарорҳои мақомоти идораи ҳарбӣ ва мансабдорони ҳарбӣ

Судҳои ҳарбӣ парвандаҳоро оид ба шикояти хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки аз ҷамъомади ҳарбӣ мегузаранд, дар бораи амалу қарорҳои мақомоти идоракунии ҳарбӣ, ки ҳуқуқу озодиҳои онҳоро халалдор мекунанд, баррасӣ менамоянд.

Ба салоҳияти судҳои ҳарбӣ баррасии шикоятҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ки ба ҳифзи ҳуқуқи шахсии онҳо алоқамандӣ доранд ва ин ҳуқуқҳо аз шароити хизмати ҳарбӣ, Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи статус ва замонатҳои ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо", оинномаҳои ҳарбӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бармеоянд, тааллуқ доранд.

Судҳои ҳарбӣ шикоятҳои шаҳрвандонро, ки аз хизмати ҳарбӣ ҷавоб шудаанд, нисбат ба амалу қарорҳои мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва мансабдорони ҳарбӣ, ки ҳуқуқу озодиҳои онҳоро халалдор кардаанд ва нисбати шаҳрвандони мазкур дар давраи адои хизмати ҳарбӣ содир шудаанд, баррасӣ менамоянд.

Моддаи 65. Системаи судҳои ҳарбӣ

Ба системаи судҳои ҳарбӣ Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбии гарнизонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мебошанд.

Моддаи 66. Суди ҳарбии гарнизон

Суди ҳарбии гарнизон дар ҳудуде, ки як ё якчанд гарнизони ҳарбӣ воқеъ гардидааст, ташкил мешавад.

Суди ҳарбии гарнизон аз раис, муовини раис, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ иборат аст. Вазифаи муовини раис дар судҳои ҳарбие, ки аз панҷ ва зиёда аз он судяҳо иборат аст, муқаррар карда мешавад.

Шумораи судяҳоро барои ҳар як суди ҳарбии гарнизон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 67. Салоҳияти суди ҳарбии гарнизон

Суди ҳарбии гарнизон дар доираи салоҳияти барои суди шаҳр, ноҳия муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавӣ ҳамчун суди зинаи якум парвандаҳои зеринро баррасӣ менамояд:

тамоми парвандаҳои гражданӣ, ҷиноӣ, оилавӣ ва маъмуриро ба истиснои парвандаҳое, ки ба суди болоӣ тобеияти судӣ доранд (Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581);

парвандаҳоро оиди шикоят ба амалу қарорҳои мақомоти идораи ҳарбӣ ва шахсони мансабдори ҳарбӣ.

Суди ҳарбии гарнизон ҳамчунин масъалаҳоеро, ки ҳангоми иҷрои санадҳои судӣ ба миён меоянд, баррасӣ менамояд.

Суди ҳарбии гарнизон дар бораи конститутсионӣ будани қонуни татбиқшуда оиди парвандаи мушаххас ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад муроҷиат намояд.

Моддаи 68. Салоҳияти раиси суди ҳарбии гарнизон

Раиси суди ҳарбии гарнизон:

ба кори суди ҳарбӣ роҳбарӣ менамояд;

тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоро байни судяҳо тақсим менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

дар ҷаласаҳои судӣ раисӣ мекунад;

корро бо машваратчиёни халқӣ ташкил менамояд;

кори ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ ва шарҳи қонунгузориро ташкил намуда, ин фаъолиятро бо ҳайати фармондеҳӣ ва прокуратураи ҳарбӣ мутобиқ месозад;

кормандони дастгоҳи судро ба кор қабул карда, аз кор озод менамояд;

корро оид ба баррасии арзу шикояти хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандон, қабули шахсӣ ташкил менамояд;

дар доираи салоҳияташ оид ба масъалаҳои ташкили кори суди ҳарбӣ фармонҳо мебарорад;

дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, анҷом медиҳад.

Моддаи 69. Салоҳияти муовини раиси суди ҳарбии гарнизон

Муовини раиси суди ҳарбии гарнизон:

дар ҷаласаҳои судӣ раисӣ мекунад;

мутобиқи тақсими вазифаҳо ба кори воҳидҳои сохтории дастгоҳи суди ҳарбӣ роҳбарӣ менамояд;

шаҳрвандонро шахсан қабул менамояд.

Дар баробари иҷро намудани вазифаи судя дар ҳолати набудани раиси суди ҳарбӣ вай вазифаи раисро иҷро намуда, бо супориши раис дигар ваколатҳоро иҷро менамояд.

Моддаи 70. Пуррасозии судҳои ҳарбӣ

Хизматчиёни ҳарбии Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо менамоянд.

Шумораи штатии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шаҳрвандии Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои ҳарбии гарнизон аз ҳисоби Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшуну қисмҳои алоҳидаи ҳарбӣ ҷудо карда мешавад.

Руйхати штатии вазифаҳои судяҳои судҳои ҳарбӣ ва рутбаҳои ҳарбии ба ин вазифаҳо мутобиқро барои судҳои ҳарбии гарнизонҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.

Сохтор ва штатҳои судҳои ҳарбии гарнизон, бахши судҳои ҳарбии дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Сохтор ва шумораи штатии Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди якҷояи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 71. Дастгоҳи суди ҳарбӣ

Дастгоҳи суди ҳарбӣ фаъолияти онро оиди ба амал баровардани адолати судӣ, инчунин иҷрои дигар вазифаҳои судӣ таъмин мекунад.

Дар ҳайати дастгоҳи суди ҳарбӣ аз рӯи штат вазифаи мудири бахши коргузорӣ, котиби суди ҳарбӣ ва котибони маҷлисҳои судӣ ба миқдоре, ки мутобиқи шумораи судяҳо бошад, пешбинӣ мешавад. Дар назди судҳои ҳарбӣ тарҷумонҳо, мавҷуд мебошанд (Қонуни конст.ҶТ аз 20.03.2008 № 369, аз 2.08.2011 № 754).

Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудан, ҷойивазкунии хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи судҳои ҳарбиро, раисони суди ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбии Коллегияи ҳарбиро раиси Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд. Хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбӣ, бахши судҳои ҳарбии дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми намудҳои пардохти пулӣ, молӣ ва дигар таъминот, таъминотҳои иҷтимоӣ-маишӣ, тиббӣ, санаторию курортӣ, манзилӣ, нафақавӣ ва ғайра мувофиқи меъёр ва андозаҳое, ки қонунҳои ҷорӣ барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, таъмин карда мешаванд. Ба онҳо ва аъзои оилаҳояшон тамоми ҳуқуқу имтиёзоте, ки қонунгузории ҷорӣ барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо муқаррар кардаанд, нигоҳ дошта мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 20.03.2008 № 369).

Маоши хизматии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шаҳрвандии дастгоҳи Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши судҳои ҳарбии дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари сатҳи маоши хизматии барои чунин вазифаҳои сарраёсат ва раёсатҳои марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда муқаррар карда мешавад.

Ба ҳайати шаҳрвандии дастгоҳҳои Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбӣ ва инчунин бахши судҳои ҳарбии дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани рутбаҳо, иловапулиҳо барои рутбаҳо ва собиқаи корӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 130 Қонуни конститутсионии мазкур сурат мегирад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 160).

Моддаи 72. Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар системаи судҳои ҳарбӣ

Хизматчиёни ҳарбии Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои ҳарбии гарнизон хизмати ҳарбиро адо мекунанд ва ба онҳо оинномаю низомномаҳои ҳарбие, ки тартиби адои хизмати ҳарбиро муайян мекунанд, татбиқ мегардад, ба истиснои тартибе, ки қонуни конститутсионии мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

Ба судяҳои Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи ҳарбӣ медиҳад.

Ба судяҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи ҳарбии на баланд аз полковник медиҳад.

Ба судяҳои Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди якҷояи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбӣ медиҳад.

Тартиби ба хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбӣ, бахши судҳои ҳарбии дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани рутбаҳои ҳарбӣ, инчунин тартиби ба хизмати ҳарбӣ дохил ва аз хизмати ҳарбӣ озод шудани судяҳои судҳои ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи судҳои ҳарбӣ, Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши судҳои ҳарбии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ бо назардошти муқаррароти қонуни конститутсионии мазкур муайян карда мешавад.

Хусусиятҳои хоси адои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбӣ ва бахши судҳои ҳарбии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми сафарбарӣ ва дар давраи ҷанг қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 73. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии судҳои ҳарбӣ

Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбӣ ва бахши судҳои ҳарбии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд, сурат мегирад.

Моддаи 74. Посбонӣ, нигоҳдорӣ ва бо посбон гусел кардани шахсони маҳбус

Бо посбон ба судҳои ҳарбӣ бурдани шахсоне,ки дар қисмҳои интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд, ё дар гауптвахта маҳбус мебошанд ва посбонии онҳоро дар ҷаласаҳои судӣ мутобиқан қисмҳои ҳарбӣ ё комендантҳои ҳарбии гарнизонҳо ба амал мебароранд.

Бо посбон ба маҳалли аз ҷониби судҳои ҳарбӣ баррасӣ шудани парвандаҳо гусел намудани шахсоне,ки дар дигар ҷойҳои нигоҳдории маҳбусон, инчунин дар ҳабсхонаҳо ва муассисаҳои ислоҳӣ мебошанд, аз тарафи қисмҳои ҳарбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

БОБИ ШАШУМ СУДИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӯҲИСТОНИ БАДАХШОН, СУДҲОИ ВИЛОЯТҲО, СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Моддаи 75. Ҳайати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе

Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе аз раис, муовини якум, муовини раис, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ иборат буда, дар онҳо:

раёсати суд;

коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ;

коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ (Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581);

коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ (Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581);

коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ амал мекунанд (Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581).

Шумораи ҳайати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанберо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе ва муовинони онҳоро дар асоси қарори Шӯрои адлия бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод менамояд.

Моддаи 76. Салоҳияти Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе

Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе:

дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро ба сифати суди марҳилаҳои якум, кассатсионӣ, назоратӣ ва аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида, инчунин дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, баррасӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

ба фаъолияти судии суди шаҳр, ноҳия назорат мекунанд, инчунин таҷрибаи судиро омӯхта ва ҷамъбаст менамоянд, омори судиро мавриди таҳлил қарор медиҳанд;

дигар ваколатҳоеро, ки қонун пешбинӣ кардааст, иҷро менамоянд.

Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе дар бораи конститутсионӣ будани қонуни татбиқшуда оиди парвандаи мушаххас ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд муроҷиат намоянд.

Моддаи 77. Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе

Раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе дар ҳайати раис, муовини якум, муовинони раис ва судяҳои ин судҳо бо шумораи муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Ҳайати раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанберо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Дар ҷаласаҳои раёсат ҳангоми баррасии парвандаҳои судӣ иштироки прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоятҳо, прокурори шаҳри Душанбе ва ё муовинони онҳо ҳатмӣ мебошад.

Дар ҷаласаҳои раёсат, ки бо баррасии парвандаҳои мушаххас иртибот надоранд, бо даъвати раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе судяҳои судҳои дигар метавонанд иштирок намоянд.

Моддаи 78. Салоҳияти Раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе

Раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе:

дар доираи ваколатҳои худ парвандаро ба тариқи назоратӣ ва аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида баррасӣ менамояд;

бо пешниҳоди раиси суд аз ҷумлаи судяҳо ҳайати коллегияи судиро оид ба парвандаҳои гражданӣ, коллегияи судиро оид ба парвандаҳои ҷиноӣ, коллегияи судиро оид ба парвандаҳои оилавӣ ва коллегияи судиро оид ба парвандаҳои маъмурӣ ва аз ҷумлаи муовинони раиси суд раисони коллегияҳои судиро тасдиқ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581);

маводи омӯзиш ва ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва таҳлили омори судиро баррасӣ мекунад;

ҳисоботи раисони коллегияҳои судиро оид ба фаъолияти коллегияҳо мешунавад, раисони судҳои шаҳру ноҳияро дар бораи фаъолияти ин судҳо мешунавад, масъалаҳои кори дастгоҳи судро баррасӣ менамояд;

ба судҳои шаҳру ноҳия дар татбиқи дурусти қонунҳо кӯмак мерасонад;

дигар ваколатҳоеро, ки қонун пешбинӣ кардааст, анҷом медиҳад.

Моддаи 79. Тартиби кори раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе

Ҷаласаҳои раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе дар мавридҳои зарурӣ гузаронида мешаванд.

Ҷаласаи раёсат дар сурати ҳозир будани на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои раёсат салоҳиятнок шуморида мешавад. Қарорҳои раёсат бо тартиби овоздиҳии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои раёсат, ки дар овоздиҳӣ иштирок доранд, қабул карда шуда, аз ҷониби раиси суди дахлдор имзо карда мешаванд.

Моддаи 80. Коллегияҳои судии суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии" иваз карда шаванд суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе ва раисони онҳоро раёсати ин судҳо тасдиқ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581).

Раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе дар мавриди зарурат ҳуқуқ доранд, ки судяҳои як коллегияро барои баррасии парвандаҳо ба ҳайати коллегияи дигар ҷалб намоянд.

Моддаи 81. Салоҳияти коллегияҳои судии суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе (Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581):

дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳоро ба сифати суди зинаи якум, бо тартиби кассатсионӣ ва аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамоянд;

таҷрибаи судиро меомӯзанд ва ҷамъбаст менамоянд, омори судиро таҳлил менамоянд ва дигар ваколатҳоеро, ки қонун пешбинӣ намудааст, ба амал мебароранд.

Моддаи 82. Салоҳияти раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе

Раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе:

ба кори суди дахлдор роҳбарӣ мекунанд;

парвандаҳоро дар зинаи якум баррасӣ мекунанд, дар ҷаласаҳои коллегияҳои судӣ раисӣ карда метавонанд, дар коллегияҳои судӣ ва ҷаласаҳои раёсат оид ба парвандаҳо маърӯза менамоянд;

тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳои судиро барои баррасӣ ба судяҳо месупоранд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

ба ташкили кори дастгоҳи суд роҳбарӣ мекунанд, ба кор қабул ва аз кор озод намудани кормандони дастгоҳи суди дахлдорро, ба истиснои приставҳои судӣ ва ёварони раисони судҳо, амалӣ мегардонанд;

раёсати судро даъват намуда, дар он раисӣ мекунанд;

вазифаҳоро дар байни муовинони раиси суд тақсим мекунанд;

кори такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро ташкил менамоянд;

кори оид ба омӯзиш ва ҷамъбасти таҷрибаи судӣ, таҳлили омори судиро ташкил карда, ба унвони мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор дар хусуси бартараф намудани вайронкунии қонун, сабаб ва шароите, ки ба содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамояд, таклифҳо пешниҳод мекунанд;

шахсан шаҳрвандонро қабул намуда, кори судиро оид ба қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо ташкил менамоянд;

дигар ваколатҳоеро, ки қонун пешбинӣ намудааст, ба амал мебароранд.

Дар мавриди набудани раиси суд ҳуқуқу вазифаҳои ӯро муовини якуми раис иҷро мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 29.12.2010 № 651).

Дар давраи набудани раиси суд ва муовини якуми ӯ ҳуқуқ ва вазифаҳои раисро Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи яке аз муовинони раиси суд мегузорад.

Моддаи 83. Салоҳияти муовини якум ва муовинони раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе

Муовини якум ва муовинони раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе:

парвандаҳоро дар зинаи якум баррасӣ мекунанд;

кори коллегияи судиро ташкил менамоянд;

дар ҷаласаҳои судии коллегияҳое, ки роҳбарии онҳоро ба ӯҳда доранд, раисӣ мекунанд ё барои иҷрои ин вазифа дигар судяҳоро таъин мекунанд, дар коллегияи судӣ ва дар ҷаласаҳои раёсат оид ба парвандаҳо маърӯза менамоянд;

ба раёсати суд дар бораи фаъолияти коллегия ҳисобот медиҳанд;

шахсан шаҳрвандонро қабул мекунанд;

ҳуқуқ доранд аз судҳои шаҳру ноҳия парвандаҳои судиро барои омӯхтану ҷамъбаст кардани таҷрибаи судӣ талаб намоянд;

дигар ваколатҳоро, ки қонун пешбинӣ намудааст, ба амал мебароранд.

БОБИ ҲАФТУМ СУДҲОИ ШАҲР ВА НОҲИЯ

Моддаи 84. Таъсиси суди шаҳр ва ноҳия

Суди шаҳр ва ноҳия (ғайр аз шаҳрҳои тобеи ноҳия) дар шаҳр ва ноҳия таъсис дода мешавад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суди шаҳр ва ноҳияро таъсис медиҳад.

Моддаи 85. Ҳайати суди шаҳр ва ноҳия

Суди шаҳр, ноҳия аз раиси суд, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ иборатанд. Дар суди шаҳр, ноҳия, ки аз панҷ судя ё зиёда аз он иборатанд, вазифаҳои муовини якум ва муовини раиси суд муқаррар карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 773).

Раис, муовини якум ва муовини раиси суди шаҳр, ноҳияро дар асоси қарори Шӯрои адлия бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 773).

Хориҷ карда шуд (Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 773).

Моддаи 86. Шумораи судяҳо

Шумораи судяҳоро ба ҳар суди шаҳр, ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 87. Салоҳияти суди шаҳр ва ноҳия

Суди шаҳр, ноҳия парвандаҳои гражданӣ, ҷиноӣ, оилавӣ ва парвандаҳои оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро, ки тибқи қонун ба салоҳияти он тааллуқ дорад, баррасӣ мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581).

Суди шаҳр, ноҳия дар бораи конститутсионӣ будани қонуни татбиқшуда оиди парвандаи мушаххас ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад муроҷиат намояд.

Моддаи 88. Салоҳияти раиси суди шаҳр ва ноҳия

Раиси суди шаҳр ва ноҳия:

дар маҷлисҳои судӣ раисӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

судяҳоеро, ки парвандаҳои оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунанд, муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

бо машваратчиёни халқӣ корро ташкил менамояд;

шаҳрвандонро шахсан қабул мекунад, кори судро доир ба қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо ташкил менамояд;

ба омӯзишу ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва ташкили омори судӣ роҳбарӣ мекунад, ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор дар хусуси бартараф намудани вайронкунии қонун, сабаб ва шароите, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат намудаанд, пешниҳод ирсол менамояд;

ба дастгоҳи суд роҳбарӣ намуда, баҳри такмил додани ташкили кори дастгоҳи суд тадбирҳо меандешад;

кормандони дастгоҳи судро ба истиснои пристави судӣ, ёрдамчии раис ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 20.03.2008 № 369);

кори такмили ихтисоси кормандони суд, инчунин баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии машваратчиёни халқиро ташкил мекунад;

дигар ваколатҳоеро, ки қонун пешбинӣ намудааст амалӣ мегардонад.

Моддаи 89. Салоҳияти муовини якум ва муовини раиси суди шаҳр ва ноҳия

(Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 773)

Муовини якум ва муовини раиси суди шаҳр ва ноҳия (Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 773):

дар ҷаласаҳои судӣ раисӣ мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 773);

шаҳрвандонро шахсан қабул менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 773);

мутобиқи тақсимоти вазифаҳо ба кори воҳидҳои сохтори дастгоҳи суд роҳбарӣ мекунад.

Дар ҳолати набудани раиси суд ваколатҳои ӯро муовини якуми раиси суд ва дар вақти набудани муовини якуми раиси суд муовини раиси суд иҷро мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 773).

Моддаи 90. Иҷрои вазифаи раиси суди шаҳр ва ноҳияи муваққатан ҳузурнадошта

Дар сурати муваққатан ҳузур надоштани раиси суди шаҳр, ноҳия ва дар ҳолате, ки муовин барои иҷрои ин вазифа имконият надошта бошад ва ё дар суде, ки вазифаи муовини раис набошад, Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаи раисро ба зиммаи яке аз судяи ин суд мегузорад.

БОБИ ҲАШТУМ Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо, суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Моддаи 91. Ҳайати судҳои иқтисодӣ

Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо, суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз раис ва судяҳо иборат мебошад.

Дар судҳои иқтисодӣ, ки аз панҷ судя ё зиёда аз он иборатанд, вазифаи муовини раиси суд муқаррар карда мешавад.

Моддаи 92. Салоҳияти судҳои иқтисодӣ

Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо, суди иқтисодии шаҳри Душанбе:

ҳамаи парвандаҳои мансуби судҳои иқтисодиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи якум, ба ғайр аз парвандаҳое, ки ба салоҳияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, баррасӣ мекунанд (Қонуни конст.ҶТ аз 18.06.2008 № 385аз 03.07.2012 № 833);

аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда санадҳои судии қабулкардаи худро, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, аз нав баррасӣ мекунанд;

таҷрибаи судиро меомӯзанд ва ҷамъбаст менамоянд;

омори судиро таҳлил мекунанд.

Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо, суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бораи конститутсионӣ будани қонуни татбиқшуда оиди парвандаи мушаххас ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад муроҷиат намоянд.

Моддаи 93. Салоҳияти раисони судҳои иқтисодӣ

Раисони суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо, суди иқтисодии шаҳри Душанбе:

фаъолияти суди иқтисодиро ба роҳ мемонанд;

ваколатҳои мурофиавиро, ки Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи суди иқтисодӣ муқаррар кардааст, ба амал мебароранд (Қонуни конст.ҶТ аз 18.06.2008 № 385);

тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоро байни судяҳо тақсим менамоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

барои ба таври дастаҷамъӣ баррасӣ намудани парвандаҳо ҳайати судиро ташкил медиҳанд;

ба дастгоҳи суди иқтисодӣ роҳбарии умумӣ мекунанд, коркунони дастгоҳи судро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамоянд, оиди нигаҳдории амволи давлатӣ, ки ба суд барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешанд (Қонуни конст.ҶТ аз 20.03.2008 № 369);

дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва мақомоти дигар суди иқтисодиро намояндагӣ мекунанд;

ваколатҳои дигарро, ки қонуни конститутсионии мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, ба амал мебароранд.

Раисони суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо, суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар доираи салоҳияташон фармонҳо ва амрҳо мебароранд.

Моддаи 93 (1). хориҷ карда шуд

(Қонуни конст. ҶТ аз 03.07.2012 № 833)

Моддаи 94. Салоҳияти муовинони раисони судҳои иқтисодӣ

Муовинони раисони судҳои иқтисодӣ ваколатҳои мурофиавиро, ки Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи суди иқтисодӣ муқаррар кардааст ба амал мебароранд (Қонуни конст.ҶТ аз 18.06.2008 № 385).

Муовинони раисони судҳои иқтисодӣ мувофиқи тақсими вазифаҳо фаъолияти воҳидҳои сохтории дастгоҳи суди иқтисодиро ба роҳ мемонанд.

Дар сурати набудани раиси суди иқтисодӣ ваколатҳои ӯро муовини вай ба амал мебарорад.

ФАСЛИ IV ШӯРОИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 95. Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади таҳия намудани таклифҳо оид ба гузаронидани ислоҳоти судӣ, хоста гирифтан, пешбарии номзадҳо ба мансаби судягӣ, озод намудани судяҳо аз вазифа, ташкил намудани имтиҳоноти тахассусӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми коллегиалӣ - Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор ва шумораи ҳайати Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36).

Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои дастгоҳ мебошад, ки он таъмини ташкилию техникии фаъолияти судҳоро ба амал мебарорад.

Моддаи 96. Вазифаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст:

аз пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмили системаи судию ҳуқуқӣ ва мусоидат намудан ба мустаҳкам шудани мустақилияти судҳо;

аз таъмини ташкилӣ, молиявӣ, моддию техникии судҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ, ва коромӯз-судя, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ва коромӯз-судяҳо (Қонуни конст.ҶТ аз 20.03.2008 № 369).

Моддаи 97. Салоҳияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои адлия дар муносибат бо судҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

тибқи тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин ва озод намудани судяҳои судҳои ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол менамояд;

тибқи тартиби муқарраргардида оид ба таъсиси судҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудан, таклиф ирсол менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36);

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори судӣ, шумораи судяҳо, машваратчиёни халқии судҳо ва шумораи кормандони дастгоҳи судҳо пешниҳод ирсол менамояд;

масъалаҳоро оид ба таъмини кадрҳо, таъминоти молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳо баррасӣ менамояд;

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотонидани судяҳо ва додани дараҷаҳои тахассусӣ пешниҳод ирсол менамояд;

тибқи тартиби муқарраркарда комиссияи имтиҳоноти Шӯрои адлияро таъсис дода, ҳайати онро тасдиқ мекунад;

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи комиссияи имтиҳоноти Шӯрои адлияро барои тасдиқ пешниҳод менамояд;

дастурамал оиди коргузориро дар судҳо тасдиқ менамояд;

дастури фаъолияти Шӯрои адлияро тасдиқ менамояд;

тартиби тақсими парвандаҳоро байни судяҳо тасдиқ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

шакл ва тартиби пешниҳоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи ҳар як судя муқаррар мекунад(Қонуни конст. ҶТ аз 03.07.2012 № 833);

дигар ваколатҳои муайяннамудаи қонуни конститутсионии мазкур ва қонунҳоро анҷом медиҳад.

Моддаи 98. Салоҳияти дастгоҳи Шӯрои адлия

Дастгоҳи Шӯрои адлия:

воситаҳои молиявиро баҳри таъмини фаъолияти судҳо ва асосҳои моддӣ-техникии онҳо истифода мебарад;

судҳоро бо иморат ва иншоотҳои дахлдор таъмин менамояд;

судҳоро бо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дигар маводҳо, ки барои фаъолияти онҳо заруранд, таъмин менамояд;

аз тарафи судҳо сарфа намудани манбаъҳои молиявӣ ва моддиро тафтиш менамояд;

оид ба таъминоти молиявӣ, ташкилӣ ва моддӣ-техникии фаъолияти судҳо таклифҳо таҳия менамояд ва чорабиниҳои дигарро ба амал мебарорад;

хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳоро ба вазифаи судягӣ, ва коромӯз-судя, такмили ихтисоси судяҳо ва коромӯз-судяҳо, ва кормандони дастгоҳи судҳоро ба анҷом мерасонад (Қонуни конст.ҶТ аз 20.03.2008 № 369);

фаъолияти ташкилии судҳоро тафтиш менамояд ва оид ба такмил додани он таклифҳо таҳия мекунад;

омори судиро амалӣ намуда, коргузорӣ ва кори бойгонии судҳоро ташкил медиҳад.

Моддаи 99. Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ

Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раис-котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36).

Моддаи 100. Ҷаласаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти Шӯрои адлия дар шакли ҷаласаҳо доир мегардад.

Ҷаласаҳои Шӯрои адлия дар сурати зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ аз ҷониби Раиси Шӯрои адлия ё дар вақти набудани ӯ аз ҷониби муовини аввали раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Ҷаласаи Шӯрои адлия дар мавриде салоҳиятнок мебошад, ки дар он на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои он иштирок дошта бошад (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36).

Дар ҷаласаҳои Шӯрои адлия Раиси Шӯрои адлия раисӣ мекунад. Дар вақти набудани Раис вазифаҳояшро муовини аввали раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36).

Қарорҳои Шӯрои адлия бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо аз шумораи умумии аъзои Шӯро қабул карда мешаванд.

Қарори Шӯрои адлияро Раиси Шӯрои адлия имзо мегузорад. Иҷрои қарорҳои Шӯрои адлия, ки дар доираи ваколатҳои худ қабул мекунад, барои дастгоҳи Шӯрои адлия ва дастгоҳи судҳо ҳатмист.

Тартиби гузаронидани ҷаласаҳои Шӯрои адлия тибқи дастури фаъолияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 101. Салоҳияти Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Шӯрои адлия:

ба фаъолияти Шӯрои адлия, воҳидҳои сохтории он роҳбарӣ менамояд ва фаъолияти ташкилии онҳоро таъмин менамояд;

тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқро оид ба масъалаҳои Шӯрои адлия пешниҳод менамояд;

ҷаласаҳои Шӯрои адлияро мегузаронад ва ба онҳо роҳбарӣ менамояд;

дар доираи салоҳияти худ робита бо шахсони ҳуқуқии дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалиро муқаррар менамояд;

барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори дастгоҳи Шӯрои адлияро пешниҳод менамояд;

дар ҳудуди шумораи муқарраргардидаи кормандон ва фонди пардохти музди меҳнат рӯйхати штатӣ ва сметаи хароҷоти дастгоҳи Шӯрои адлия ва дар доираи маблағҳои ҷудошуда сметаи хароҷот ва рӯйхати штатии судҳоро тасдиқ менамояд;

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин ва озод намудани раисон, муовинони раисон ва судяҳои судҳои ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳияҳо, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар асоси қарори Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 20.03.2008 № 369);

татбиқи ҷазои интизомиро нисбат ба роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохторҳои дастгоҳи Шӯрои адлия, коромӯз-судя ва приставҳои судӣ, инчунин ёварони раисони судҳо анҷом медиҳад (Қонуни конст.ҶТ аз 20.03.2008 № 369);

кормандони дастгоҳи Шӯрои адлия, приставҳои судӣ, инчунин ёварони раисони судҳоро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд ва тартиби аз санҷиш гузаронидани онҳоро муқаррар мекунад;

ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси додани рутбаҳои ҳарбӣ ба судяҳо ва хизматчиёни ҳарбии судҳои ҳарбӣ, инчунин хизматчиёни ҳарбии бахши судҳои ҳарбии дастгоҳи Шӯрои адлия пешниҳод ирсол менамояд;

коромӯз-судяҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 20.03.2008 № 369);

дигар ваколатҳои муқаррарнамудаи ҳамин қонуни конститутсионӣ ва дигар қонунҳоро амалӣ менамояд.

Моддаи 102. Котиби Шӯрои адлия

Котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

таъминоти ташкилии кори Шӯрои адлияро ба амал мебарорад;

ҷаласаҳои Шӯрои адлияро тайёр менамояд;

дар доираи салоҳияташ асноди хизматиро имзо мегузорад;

дигар ваколатҳоеро, ки қонун пешбинӣ кардааст, иҷро менамояд.

Моддаи 103. Комиссияи имтиҳонотии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имтиҳони тахассусии номзадҳои бори аввал барои таъин намудан ба вазифаи судягӣ пешбаришавандаро комиссияи имтиҳоноти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад. Низомнома дар бораи комиссияи имтиҳонотии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 103 (1). Коромӯз-судя

(Қонуни конст.ҶТ аз 20.03.2008 № 369)

Шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи судя пешбарӣ мешаванд, бо пешниҳоди комиссияи имтиҳонии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст ба мӯҳлати як сол ба сифати коромӯз-судя фаъолият намоянд.

Коромӯз-судя метавонад шахсе бошад, ки таҳсилоти олии ҳуқуқӣ дошта, синни ӯ аз 24 кам набошад, забони давлатиро донад, ҳадди ақал 2 сол собиқаи кории касбӣ дошта, аз комиссияи имтиҳонии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта бошад (Қонуни конст.ҶТ аз 2.08.2011 № 754).

Низомнома дар бораи коромӯз-судя аз тарафи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 20.03.2008 № 369).

Моддаи 104. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии Шӯрои адлия, судҳо ва дастгоҳи онҳо

Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти Шӯрои адлия, дастгоҳи он, судҳо ва дастгоҳи онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ анҷом дода шуда, дар буҷети ҷумҳурӣ бо сатри алоҳида зикр меёбад.

Маоши вазифавии раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раис-котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи Шӯрои адлияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36).

Ба Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва кормандони дастгоҳи Шӯрои адлия рутбаҳои дараҷавӣ дода мешаванд, ки онҳоро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

ФАСЛИ V КОЛЛЕГИЯҲОИ ТАХАССУСӢ. САНҶИШИ ТАХАССУСӢ ВА ҶАВОБГАРИИ ИНТИЗОМИИ СУДЯҲО

БОБИ НӯҲУМ КОЛЛЕГИЯҲОИ ТАХАССУСӢ. САНҶИШИ ТАХАССУСИИ СУДЯҲО

Моддаи 105. Коллегияҳои тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои баррасӣ намудани масъалаҳо оид ба хоста гирифтан ва ҷо ба ҷо гузоштани судяҳо, таъмини пешбарии номзадҳои арзанда ба судягии суди болоӣ, гузаронидани санҷиши судяҳо, масъулияти интизомии судяҳо ва тақвияти кафолати мустақилии судяҳо чунин коллегияҳои тахассусӣ ташкил карда мешаванд:

Коллегияи тахассусии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Коллегияи тахассусии судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Коллегияи тахассусии судяҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳр, ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе.

Коллегияҳои тахассусӣ ба мӯҳлати ваколати судяҳо интихоб карда мешаванд.

Моддаи 106. Таъсиси коллегияҳои тахассусӣ

Коллегияи тахассусии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коллегияи тахассусии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқан аз тарафи Пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи судяҳои ин судҳо дар ҳайати панҷ нафар интихоб карда мешавад.

Коллегияи тахассусии судяҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳр, ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе аз тарафи конференсияҳои судяҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ (дар якҷоягӣ) дар ҷойҳо аз ҷумлаи судяҳои ҳамин судҳо интихоб карда мешаванд. Коллегияи мазкур дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона фаъолият намуда, қароргоҳи он шаҳри Душанбе мебошад. Тартиби гузаронидани ин конференсияҳоро Низомнома муайян мекунад, ки онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Коллегияи тахассусии мазкур дар ҳайати раис, муовини ӯ ва 9 нафар аъзо ташкил карда мешавад. Ба ҳайати он дохил мешаванд:

як судя аз судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;

се судя аз судҳои вилояти Хатлон;

се судя аз судҳои вилояти Суғд (яке аз онҳо бояд судяи суди иқтисодии вилоят бошад);

се судя аз судҳои шаҳри Душанбе (яке аз онҳо бояд судяи суди ҳарбии гарнизон бошад);

як судя аз судҳои шаҳр ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ.

Барои интихоб намудани аъзои коллегияи тахассусӣ Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияҳои тамоми судяҳои судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилояти Хатлон, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳуриро даъват менамояд.

Конференсияҳои судяҳо ваколатдоранд аъзои коллегияи тахассусии судяҳоро интихоб намоянд, агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи судяҳое, ки ин конференсияҳоро ташкил медиҳанд, иштирок намоянд.

Судя ҳамон вақт аъзои коллегияи тахассусии судяҳо интихоб шуда ба ҳисоб меравад, агар дар натиҷаи овоздиҳӣ вай аз нисф зиёди овозҳои судяҳоро, ки дар овоздиҳӣ иштирок доштанд, гирифта бошад.

Ҷаласаи якуми коллегияи тахассусиро Раиси Шӯрои адлия даъват менамояд, ки дар он аз ҷумлаи аъзои коллегия раис ва муовини раиси коллегияи тахассусӣ бо роҳи овоздиҳии ошкоро ё пинҳонӣ бо аксарияти овозҳо интихоб карда мешаванд.

Интихоби аъзои коллегияи тахассусӣ ба ҷои аъзои хориҷшуда мувофиқи тартиби пешбиникардаи моддаи мазкур ба амал бароварда мешавад. Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси протоколҳои пешниҳодкардаи конференсияҳои судяҳо бо қарори худ ҳайати коллегияро ба расмият медарорад.

Моддаи 107. Салоҳияти коллегияҳои тахассусӣ

Коллегияҳои тахассусии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

бо тартиби муқарраркардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муносиб будани номзадҳо мувофиқан ба мансаби судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса медиҳанд;

санҷиши тахассуси судяҳои мувофиқан Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегузаронанд;

бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани дараҷаҳои тахассусӣ хулоса медиҳанд;

бо тартиби муқарраркардаи қонун дар бораи бозхонди судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса медиҳанд;

масъалаҳои ҷавобгарии интизомии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамоянд.

Коллегияи тахассусии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин:

дар бораи муносиб будани номзадҳо ба мансаби раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе бо дархости Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса медиҳад;

санҷиши тахассусии раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанберо мегузаронад;

бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе додани дараҷаҳои тахассусӣ ба Шӯрои адлия хулоса медиҳад;

бо тартиби муқарраркардаи қонун дар бораи аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе озод намудан хулоса медиҳад;

масъалаи ҷавобгарии интизомии раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанберо баррасӣ менамояд.

Коллегияи тахассусии судяҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳр, ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе:

бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлия дар бораи муносиб будани судяҳо барои таъин ба мӯҳлати нави ваколат ё ин ки пешниҳод ба вазифаи судяи суди болоӣ ба Шӯрои адлия хулоса медиҳад;

санҷиши тахассусии раисон, муовинони раисон, судяҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо, муовинони раисон ва судяҳои судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, раисон, муовинони раисон, судяҳои суди шаҳр, ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанберо мегузаронад;

дар бораи аз вазифа озод намудани раисон, муовинони раисон, судяҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо, муовинони раисон, судяҳои судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, раисон, муовинон, судяҳои суди шаҳр, ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе хулоса медиҳад;

масъалаҳои ба масъулияти интизомӣ кашидани судяҳоро баррасӣ намуда, вобаста ба он тафтишҳои хизматӣ мегузаронад;

бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлия бо дарназардошти натиҷаи имтиҳони тахассусӣ дар бораи тавсияи номзади бори аввал ба судягӣ пешниҳодшаванда ва ё рад кардани ӯ ба Шӯрои адлия хулоса медиҳад;

бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлия дар бораи ба раисон, муовинони раисон, судяҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо, муовинони раисон, судяҳои судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, раисон, муовинон, судяҳои суди шаҳр, ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе додани дараҷаи тахассусӣ ба Шӯрои адлия хулоса медиҳад.

Хулосаи Коллегияи тахассусии судяҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, суди шаҳр, ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе дар бораи тавсияи номзади бори аввал ба судягӣ пешниҳодшаванда ё рад кардани ӯ дар мӯҳлати се сол эътибор дорад.

Коллегияҳои тахассусии судяҳо ҳуқуқ доранд барои иҷро намудани ваколатҳояшон аз раисони судҳо, дастгоҳи Шӯрои адлия ва дигар муассисаҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор маълумоти заруриро гиранд.

Коллегияи тахассусии судяҳо ҳақ доранд ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии судяҳоро муҳофизат намоянд, аз ҳар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияи ҷамъиятӣ, шахси мансабдор оиди муроҷиати худ ба мақомоти мазкур ҷавоб талаб намоянд.

Моддаи 108. Санҷиши тахассусии судяҳо

Санҷиши тахассусии судяҳо аз тарафи коллегияҳои тахассусии судяҳо бо мақсади баҳо додан ва ҳавасмандӣ барои баланд шудани тахассуси касбии судяҳо, баланд намудани масъулияти онҳо дар риоя намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо амалӣ карда мешавад. Шакли гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳоро коллегияҳои тахассусии судяҳо муайян менамоянд.

Санҷиши тахассусии судяҳо дар мавридҳои зерин гузаронида мешавад:

ҳангоми таъин ва интихоб намудани судя ба суди болоӣ;

ҳангоми таъин ва интихоб намудани судя ба мӯҳлати навбатии ваколат;

ҳангоми пайдоиши зарурат оид ба муайян намудани муносиб будани судя ба вазифаи ишғолкардаааш.

Моддаи 109. Дараҷаи тахассусии судяҳо

(Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 160)

Ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои тахассусӣ дода мешаванд.

Дараҷаҳои тахассусии судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Низомномаи тартиби додани дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Ба судяи ба истеъфо ё ба нафақа баромада дараҷаи тахассусиаш нигоҳ дошта мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 160).

Моддаи 110. Хориҷ карда шуд

(Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 160).

Моддаи 111. Хориҷ карда шуд

(Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 160).

Моддаи 112. Мӯҳлатҳои гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳо

Санҷиши тахассусии судя на дертар аз як моҳ то рӯзи ба итмом расидани мӯҳлати будани ӯ дар дараҷаи тахассусии додашуда, гузаронида мешавад. Гузаронидани санҷиши тахассусии пеш аз мӯҳлат на пештар аз ду сол аз лаҳзаи санҷиши охирин имконпазир аст.

Шахсони аввалин маротиба ба вазифаи судя таъиншуда барои додани дараҷаи тахассусӣ дар муддати шаш моҳи баъди таъин шудан санҷиши тахассусӣ мегузаранд.

Санҷиши тахассусии судя барои муайян намудани мувофиқат кардани ӯ ба вазифаи ишғолкардааш новобаста аз вақти гузаштани санҷиши охирин гузаронида мешавад.

Моддаи 113. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳо

Ба судяе, ки санҷиши тахассусӣ мегузарад, аз тарафи дастгоҳи Шӯрои адлия тавсифнома тартиб дода мешавад, ки дар он сифатҳои корӣ, маънавӣ ва фаъолияти касбии ӯ инъикос меёбад. Ба судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин маводҳоро Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр менамоянд.

Судя бояд бо тавсифнома на дертар аз 15 рӯз то рӯзи гузаронидани санҷиш шинос карда шавад.

Санҷиши тахассусӣ дар ҳузури судяе, ки аз санҷиш мегузарад, дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи ворид шудани маводи дахлдор гузаронида мешавад.

Моддаи 114. Тартиби кори коллегияҳои тахассусии судяҳо

Пешниҳодҳо ва дигар маводҳои ба коллегияҳои тахассусии судяҳо дохилшуда ва ба салоҳияти онҳо тааллуқдошта, бояд дар мӯҳлати то 30 рӯз аз рӯзи дохилшавии онҳо, ба истиснои мӯҳлати бо сабабҳои узрнок иштирок надоштани судяе, ки нисбати ӯ масъала ҳал мешавад, баррасӣ ёбанд. Дар сурати гузаронидани тафтиши иловагӣ мӯҳлати дида баромадани маводҳо метавонад на зиёдтар аз 15 рӯз дароз карда шавад.

Тайёрии маҷлиси коллегияи тахассусии судяҳоро раиси коллегия, муовини вай ё ин ки бо супориши раис яке аз аъзои коллегия мегузаронад.

Вақт ва ҷои гузаронидани маҷлисро раиси коллегия муайян карда, на дертар аз 15 рӯз дар ин бора ба шахсе, ки нисбати ӯ масъала баррасӣ мегардад ва ба шахсони мансабдоре, ки аз рӯи пешниҳоди онҳо масъала баррасӣ мегардад, хабар мерасонад.

Маҷлиси коллегияи тахассусии судяҳо он вақт салоҳиятнок ҳисоб меёбад, ки агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои коллегия иштирок намоянд.

Коллегияи тахассусӣ маҷлисҳои худро аз рӯи зарурат мегузаронад.

Маҷлиси коллегияи тахассусӣ кушода ва ошкоро гузаронида мешавад.

Маҷлиси коллегияи тахассусиро раиси он ва дар ҳолати набудани раисмуовини вай ё яке аз аъзои коллегия, ки дар машварати коллегияи тахассусии судяҳо ба ин кор ваколатдор шудааст, мебарад. Ба маҷлиси коллегия раисони судҳои дахлдор ва намояндагони дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда метавонанд.

Баррасии масъалаҳое, ки дар маҷлиси коллегия ҳал мегарданд, аз гузориши раис ё аъзои коллегия, ки пешниҳод ва дигар маводҳои ба коллегия воридшударо пешакӣ омӯхтааст, оғоз мегардад.

Пас аз он шахсони ба маҷлиси коллегия даъватшуда шунида шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳқиқ карда мешаванд.

Моддаи 115. Ҳуқуқи аъзои коллегияи тахассусии судяҳо

Аъзои коллегияи тахассусии судяҳо ҳуқуқ доранд бо маводҳои ба коллегия пешниҳодшуда шинос шаванд, дар таҳқиқ ва тафтиши онҳо иштирок намоянд, дархост пешниҳод намоянд, далелҳои худро пешкаш намоянд, андешаҳоро оид ба масъалаи баррасишаванда баён намоянд, ҳуҷҷатҳо пешниҳод кунанд, дар қабул намудани қарор иштирок намоянд, қарори коллегияро имзо гузоранд.

Моддаи 116. Рад карда шудани аъзои коллегияи тахассусии судяҳо

Аъзои коллегияи тахассусии судяҳо, агар ҳолатҳои беғараз будани ӯро зери шубҳа гузоранда муайян карда шавад, дар баррасии масъала иштирок карда наметавонад ва бояд рад карда шавад (худрадкунӣ изҳор намояд). Дар мавриди вуҷуд доштани чунин ҳолат аъзои коллегия бояд худрадкунӣ изҳор намояд. Аз рӯи ҳамин асосҳо ба аъзои коллегия шахсе, ки нисбати ӯ масъала ҳаллу фасл мегардад ва шахсоне, ки бо пешниҳоди онҳо масъала баррасӣ мегардад, метавонанд радкунӣ изҳор намоянд.

Радкунӣ бояд асоснок бошад ва дар шакли хаттӣ то оғози баррасии масъала изҳор карда шавад.

Қарор дар бораи радкунии (худрадкунӣ) аъзои коллегия аз тарафи аксарияти аъзои коллегия, ки дар маҷлис иштирок менамоянд, дар ғайби аъзои коллегия, ки масъалаи радкунӣ (худрадкунӣ) нисбати ӯ ҳал мегардад, қабул карда мешавад.

Моддаи 117. Қарор, хулосаи коллегияи тахассусии судяҳо

Қарор, хулосаи коллегияи тахассусии судяҳо бо аксарияти овозҳои аъзои дар маҷлис иштироккунандаи коллегия қабул карда мешавад. Овоздиҳӣ дар ғоибии шахсе, ки нисбати ӯ масъала баррасӣ мегардад ва шахсони даъватшуда гузаронида мешавад.

Ҳангоми баррасии масъала нисбати судяе, ки аъзои коллегияи тахассусӣ мебошад, вай дар овоздиҳӣ иштирок карда наметавонад.

Хулоса ё қарори коллегияи тахассусӣ ба таври хаттӣ баён мешавад ва дар он бояд вақт ва ҷойи қабули он, ҳайати коллегия, асосноккунии қарорҳои қабулшуда нишон дода шаванд. Хулоса ё қарорро раисикунанда ва аъзои коллегияи тахассусӣ, ки дар овоздиҳӣ иштирок намудаанд, имзо мегузоранд. Узви (аъзои) коллегия, ки нисбат ба қарор ё хулоса фикри махсус дорад, метавонад онро дар шакли хаттӣ баён намояд. Ин ҳуҷҷат ба парванда ҳамроҳ карда мешавад, лекин эълон карда намешавад.

Як нусхаи қарор ё хулоса дар муддати ҳафт рӯз ба шахси мансабдор, ки аз рӯи пешниҳоди ӯ масъала баррасӣ гаштааст, нусхаи дуюм ба шахсе, ки нисбати ӯ масъала ҳал шудааст, фиристонида мешавад.

Нисбати қарор, хулосаи коллегияи тахассусии судяҳо ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят овардан мумкин аст.

Моддаи 118. Коргузорӣ ва таъмини моддию-техникии фаъолияти коллегияҳои тахассусӣ

Коргузорӣ дар коллегияи тахассусии судяҳо бо қарори он ба зиммаи яке аз аъзои коллегия гузошта мешавад. Дар маҷлиси коллегия протокол тартиб дода мешавад.

Таъмини ташкилӣ ва моддию техникии фаъолияти коллегияи тахассусии судяҳо гузошта мешавад:

нисбати коллегияи тахассусии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коллегияи тахассусии судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи ин судҳо;

нисбати коллегияи тахассусии судяҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, суди шаҳр, ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба зиммаи дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

БОБИ ДАҲУМ ҶАВОБГАРИИ ИНТИЗОМИИ СУДЯҲО

Моддаи 119. Асосҳои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судя

Судя ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад Қонуни конст.ҶТ аз 22.07.2013 № 972):

а) барои дағалона вайрон намудани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳои судӣ;

б) барои вайрон намудани қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ;

в) барои рафторе, ки қадру номуси судяро паст мезанад (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36).

Хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 22.07.2013 № 972).

Хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 22.07.2013 № 972).

Моддаи 120. Марҳилаҳои истеҳсолоти интизомӣ

Истеҳсолоти интизомӣ иборат аст:

аз санҷиши маълумот оид ба рафтори интизомии судя;

аз оғоз намудани истеҳсолоти интизомӣ;

аз баррасӣ намудани парвандаи интизомӣ.

Моддаи 121. Санҷиши маълумотҳо оид ба рафтори судя ва оғоз намудани истеҳсолоти интизомӣ

Шахсе, ки ҳуқуқи оғоз кардани истеҳсолоти интизомиро дорад, пешакӣ маълумоти ба асоси ҷавобгарии интизомии судя вобаста бударо месанҷад ва аз ӯ баёноти хаттӣ талаб менамояд.

Ҳуқуқи оғоз кардани истеҳсолоти интизомӣ ба инҳо дода шудааст:

ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи судяҳо, ба истиснои судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ба Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ба Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи судяҳо, ба истиснои судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ба раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе нисбати раисон, муовинони онҳо, судяҳои суди шаҳр, ноҳия, ки мутобиқан дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати судяҳои суде, ки ба он роҳбарӣ менамояд, аз рӯи ҳамаи асосҳои дар моддаи 119 қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда, нисбати раисон, муовинон ва судяҳои судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе, инчунин раисон, муовинон ва судяҳои суди шаҳр, ноҳия ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо бошад, бо асосҳои дар банди "а" қисми якуми моддаи 119 қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда метавонад истеҳсолоти интизомиро оғоз намояд.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати судяҳои суде, ки ӯ роҳбарӣ мекунад, аз рӯи ҳамаи асосҳои дар моддаи 119 қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда, нисбати раисон, муовинони онҳо ва судяҳои судҳои иқтисодии поёнӣ аз рӯи асосҳои дар банди "а" қисми якуми моддаи 119 қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда метавонад истеҳсолоти интизомиро оғоз намояд.

Раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе нисбати раисон, муовинон ва судяҳои суди шаҳр, ноҳия бо асосҳои банди "а" қисми якуми моддаи 119 қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда метавонад истеҳсолоти интизомиро оғоз намояд.

Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи асосҳои дар бандҳои "б", "в" қисми якуми моддаи 119 қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда метавонад истеҳсолоти интизомиро оғоз намояд.

Дар бораи оғоз намудани истеҳсолоти интизомӣ Раисони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоятӣ ва Суди шаҳри Душанбе қарор қабул мекунанд. Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад фармон мебарорад. Дар қарор ва фармон асосҳои оғоз кардани истеҳсолоти интизомӣ, ки ҳангоми тафтиши пешакӣ муайян шудааст, бояд нишон дода шаванд. Қарор ё фармон бо маводҳои зарурӣ барои баррасӣ ба коллегияи тахассусии судяҳои дахлдор фиристода мешавад.

То ба коллегияи тахассусӣ фиристодани маводҳои истеҳсолоти интизомӣ бо онҳо судяе, ки нисбати ӯ парванда оғоз карда шудааст, бояд шинос шавад. Ҳамзамон судя ҳуқуқ дорад баёноти иловагӣ пешниҳод намояд ё ин ки оиди гузаронидани тафтиши иловагӣ илтимоснома баён намояд.

Моддаи 122. Баррасии парвандаи интизомӣ

Парвандаи интизомӣ дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ аз рӯзи ба коллегияи тахассусӣ ворид шудани он, бе ба ҳисоб гирифтани вақт оид ба талаби маводҳои иловагӣ, маводҳо ва парвандаҳои судӣ, бояд баррасӣ шавад.

Ҳангоми баррасии парвандаи интизомӣ аз тарафи коллегияи тахассусӣ, иштироки судяе, ки ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад, ҳатмӣ мебошад. Дар ҳолати ба маҷлиси коллегияи тахассусӣ бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани судя парвандаи интизомӣ мумкин аст дар ғоибии ӯ баррасӣ гардад.

Моддаи 123. Татбиқ ва бардоштани ҷазои интизомӣ

Коллегияи тахассусии судяҳо метавонад қарор барорад:

дар бораи татбиқи ҷазои интизомӣ;

дар бораи қатъ намудани истеҳсолоти интизомӣ;

дар бораи фиристодани маводҳои истеҳсолоти интизомӣ ба мақомот ё шахсони мансабдор, ки ҳуқуқи оғоз намудани масъалаи озод ва бозхонд намудани судяро доранд, ё ин ки ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нисбати ӯ ҳал намудани масъала оид ба оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ. Дар ин маврид истеҳсолот оид ба парвандаи интизомӣ боздошта мешавад.

Коллегияи тахассусӣ метавонад ҷазои зерини интизомиро татбиқ намояд:

а) сарзаниш;

б) танбеҳ.

Ҳангоми татбиқи чораи интизомӣ хислати вайронкунӣ ва оқибати он, вазнинии рафтор, шахсияти судя, дараҷаи гуноҳи ӯ ба инобат гирифта мешавад.

Коллегияи тахассусӣ истеҳсолоти интизомиро дар ҳолатҳои зерин қатъ менамояд:

бинобар беасос оғоз намудани истеҳсолоти интизомӣ нисбати судя;

бинобар гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судя, ки бо қисми сеюми моддаи 119 қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ шудааст.

Нусхаи қарори коллегияи тахассусӣ оид ба истеҳсолоти интизомӣ ба делои шахсии судя ҳамроҳ карда мешавад.

Агар мақомот, шахси мансабдор, ки дар назди онҳо мувофиқи қарори коллегияи тахассусӣ масъалаи аз вазифа озод намудан ё бозхонди судя ё ин ки оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ нисбати судя гузошта шудааст, асоси худро наёбад, он гоҳ парвандаи интизомӣ ба коллегияи тахассусӣ баргардонида мешавад ва коллегия истеҳсолоти онро барои баррасӣ аз нав оғоз менамояд. Вақт аз рӯзи қабули қарори аввала то баргардонидани маводҳо ба мӯҳлати ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судя, ки бо қисми сеюми моддаи 119 қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ шудааст, дохил карда намешавад.

Дар мавриди аз вазифа озод ва бозхонд намудани судя ё ин ки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ӯ парвандаи интизомии боздошташудаи вай қатъ карда мешавад.

Агар дар муддати як сол аз рӯзи татбиқи чораи интизомӣ судя гирифтори татбиқи ҷазои нави интизомӣ нагардад, дар ин сурат ӯ ҷазои интизомӣ ногирифта ҳисобида мешавад.

Дар мавриде, ки рафтори бенуқсони судя ва муносибати бовиҷдонона нисбат ба иҷрои вазифаҳояш ҷой дошта бошад,бо пешниҳоди шахси истеҳсолоти интизомиро оғоз карда, дар баробари ин бо ташаббуси худи коллегияи тахассусӣ ё ин ки бо тавсияи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ин ки Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегияи тахассусии ҷазои интизомиро татбиқ карда, метавонад бо гузаштани на камтар аз шаш моҳ аз рӯзи татбиқи чораи интизомӣ онро пеш аз мӯҳлат бардорад.

ФАСЛИ VI МАБЛАҒГУЗОРИИ СУДҲО ТАЪМИНИ МОДДӢ ВА ҲИМОЯИ ИҶТИМОИИ СУДЯҲО

Моддаи 124. Маблағгузории судҳо

Маблағҷудокунӣ, таъмини моддӣ-техникӣ ва дигар таъминоти судҳо, муҳофизат ва нигоҳ доштани иморатҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастоҳҳои онҳо аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ сурат мегирад.

Хароҷотҳои вобаста ба фаъолияти ҳар як суди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети давлатӣ дар сатри алоҳида пешбинӣ карда мешаванд.

Ҳаҷми маблағ барои таъмини Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди раисони ин судҳо, барои таъмини суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, суди шаҳр, ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе бошад бо пешниҳоди Шӯрои адлия сурат мегирад.

Моддаи 125. Музди меҳнати судя

Музди меҳнати судя аз маоши вазифавӣ, иловапулиҳо барои дараҷаи тахассусӣ ва собиқаи корӣ иборат аст (Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 160).

Андозаи маоши вазифавиро барои раисони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони онҳо ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, судяҳои Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, Суди шаҳри Душанбе, суди шаҳру ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 160).

Андоза ва тартиби додани иловапулӣ барои дараҷаи тахассусӣ ва собиқаи кории судя аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Ба судяи Суди ҳарбӣ аз рӯи интихоби ӯ иловапулӣ барои унвони ҳарбӣ ё ин ки барои дараҷаи тахассусӣ дода мешавад.

Кам кардани андозаи музди меҳнати судяҳо мумкин нест.

Моддаи 126. Рухсатии судя

Барои судяҳо ҳар сол рухсатии пулакӣ ба муддати 30 рӯзи тақвимӣ дода мешавад, инчунин пули рафтуомад ба маҳалли истироҳат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 160).

Барои судяҳо ҳангоми доштани собиқаи корӣ аз рӯи касби ҳуқуқшиносӣ ба муддати зайл рухсатии иловагии пулакӣ дода мешавад:

баъди 5 соли собиқаи корӣ - 3 рӯзи корӣ;

баъди 10 соли собиқаи корӣ - 5 рӯзи корӣ;

баъди 15 соли собиқаи корӣ - 10 рӯзи корӣ;

баъди 20 соли собиқаи корӣ - 15 рӯзи корӣ.

Бо хоҳиши судя рухсатӣ мумкин аст қисм-қисм дода шавад ва дар ин маврид давомнокии як қисми рухсатии додашуда бояд аз 14 рӯзи тақвимӣ камтар набошад.

Судя ба рухсатии бемаош ба мӯҳлати на зиёда аз 60 рӯзи тақвимӣ ҳуқуқ дорад.

Моддаи 127. Кафолатҳои дигари моддӣ

Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо вазифадоранд на дертар аз шаш моҳи ваколатҳои худро гирифтани судя ё дар мавриди зарурати беҳтар намудани шароити манзилаш барои вай бидуни навбат дар маҳалли воқеъгардидаи суд хонаи истиқоматии хизматӣ бо назардошти ҳуқуқи судя ба майдони иловагии зист дар ҳаҷми на камтар аз 20 метри мураббаъ ё дар шакли утоқи алоҳида муҳайё созанд.

Баъди ба охир расидани 10 соли кори судягӣ масоҳати манзил дар хонаҳои фонди давлатии манзил бепул ба моликияти ӯ дода мешавад, ба онҳо ва аъзои оилаашон, ки бо онҳо истиқомат мекунанд 50% музди хонаи истиқоматӣ дар хонаҳои фонди давлатии манзил пардохт карда мешавад, инчунин 50% музди тамоми хизмати коммуналӣ (гармидиҳиии марказӣ, таъмини об ва ғайра) ва барои истифодаи телефон (ба ғайр аз гуфтугӯи байнишаҳрӣ) пардохт карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 8.12.2003 № 57).

Бо ризоияти судя ба ӯ ба ҷои хонаи истиқоматӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ қарзи бефоиз барои харидан ё сохтани манзил дода мешавад.

Судяҳо инчунин барои дар навбати якум ба муассисаҳои томактабии кӯдакон супурдани атфоли худ, гузаронидани телефон ҳуқуқ доранд.

Хизматрасонии тиббӣ ба судя ва аъзои оилаи ӯ дар ҳамон муассисаи табобатӣ, ки то ба мансаби нави давлатӣ гузаштан ё гузаронидан ва ба истеъфо ё ба нафақа баромадани судя расонида мешуд, нигоҳ дошта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 19.03.2013 № 936).

Дар сурати озод кардан аз вазифа ва бозхонди судя аз рӯи асосҳое, ки дар бандҳои 8, 10 қисми якуми моддаи 18-уми ҳамин қонуни конститутсионӣ пешбинӣ гардидаанд, ба оилаи вай кӯмакпулии якдафъина ба андозаи музди меҳнати панҷмоҳаи судя дода мешавад(Қонуни конст.ҶТ аз 01.08.2012 № 875).

Судя аз ҳуқуқи брон намудан ва бенавбат гирифтани ҷой дар меҳмонхонаҳо ва харидани билетҳо дар ҳамаи намудҳои нақлиёт истифода мебарад.

Ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба нафақа баромадан бо сабаби маъюбӣ дар ҳаҷми музди меҳнати семоҳа кӯмакпулии якдафъина дода мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 160, аз 01.08.2012 № 875).

Моддаи 128. Тадбирҳои ҳимояи иҷтимоии судя ва аъзои оилаи он

Ҳаёт ва саломатии судя аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи музди меҳнати ҳаштмоҳааш мавриди суғуртаи ҳатмии давлатӣ қарор мегирад (Қонуни конст.ҶТ аз 01.08.2012 № 875).

Мақомоти суғуртаи давлатӣ дар чунин ҳолатҳо маблағи суғуртаро пардохт менамоянд:

дар сурати ҳалок гардидани (вафот кардани) судя дар давраи кор, агар ин ҳодиса дар натиҷаи расидани зарари ҷисмонӣ ё дигар хел зарар ёфтани саломатӣ, ки дар натиҷаи иҷрои вазифа ба амал омада бошад, ба ворисони вай ба андозаи музди меҳнати ҳаштмоҳаи судя (Қонуни конст.ҶТ аз 01.08.2012 № 875);

дар сурати ҳангоми иҷрои вазифа маъюб шудани судя ё расидани зарари дигар ба саломатии вай, ки имконияти минбаъд бо фаъолияти касбӣ машғул шудани вайро номумкин мегардонад - ба андозаи музди меҳнати шашмоҳаи судя (Қонуни конст.ҶТ аз 01.08.2012 № 875).

Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифа маъюб шудан ё расидани зарари дигар ба саломатии судя, ки имконияти минбаъд ба фаъолияти касбӣ машғул шудани вайро номумкин мегардонад, ба судя ба шакли тафовути байни музди меҳнат ва нафақаи таъиншуда бе назардошти маблағе, ки аз суғуртаи давлатӣ гирифтааст, ҷубронпулии ҳармоҳа дода мешавад.

Дар сурати ҳалок гардидани (вафот кардани) судя, аз он ҷумла судяе, ки бо иллати дидани зарари ҷисмонӣ ё дигар зараре, ки ҳангоми иҷрои вазифа ба саломатиаш расида ба истеъфо баромадааст, ба аъзои ғайриқобили меҳнати оилааш, ки дар таъминоти вай мебошанд, ҳар моҳ дар шакли тафовути байни он қисми маоши ҳалокгардида, ки барои онҳо рост меояд нафақае, ки бинобар бе сарпараст мондан барои онҳо таъин шудааст, бидуни назардошти пардохте, ки аз суғуртаи давлатӣ гирифтааст, ҷубронпулӣ дода мешавад.

Товони зараре, ки бо нобуд ё хароб карда шудани молу мулки мутааллиқ ба судя ё аъзои оилаи вай дар натиҷаи фаъолияти хизматӣ расидааст, ба ӯ ё ба аъзои оилааш дар ҳаҷми пурра пардохта мешавад.

Товони зараре, ки дар қисмҳои 3, 4 ва 5 ин модда пешбинӣ шудааст, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ сурат мегирад.

Ҳуқуқи гирифтани бинои истиқоматии обод аз рӯи шартҳо ва асосҳое, ки дар вақти ҳалок гардидани (вафот кардани) судя вуҷуд доштанд, барои оилаи вай нигоҳ дошта мешаванд.

ФАСЛИ VII ҚОИДАҳОИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 129. Иҷрои санадҳои судӣ

(Қонуни конст.ҶТ аз 20.03.2008 № 369)

Иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ аз тарафи иҷрочиёни суд ба амал бароварда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 20.03.2008 № 369).

Моддаи 130. Дастгоҳи суд

Дастгоҳи суд фаъолияти судро оиди ба амал баровардани адолати судӣ, ҷамъбасти таҷрибаи судӣ, таҳлили омори судӣ, инчунин иҷрои дигар вазифаҳои судиро таъмин мекунад. Бо ин мақсад дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаҳо ва дигар сохторҳо ташкил карда мешаванд.

Сохтор ва шумораи умумии кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолатҳои зарурӣ ба рӯйхати штатҳояшон дар ҳудуди шумораи умумӣ ва фонди музди меҳнат тағйирот медароранд.

Сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия ва Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ба кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳо дода мешаванд. Рутбаҳои кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. Низомномаи тартиби додани рутбаҳои кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Андоза ва тартиби додани иловапулиҳоро барои рутбаҳо ва собиқаи хизмат ба кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.03.2006 № 160).

Сардорони шӯъбаҳо ва муовинони онҳо, ёрдамчиён, консултантҳои калон, консултантҳои судҳо бо тартибе, ки мувофиқан Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, аз санҷиш мегузаранд.

Кормандони дастгоҳи судҳо дар хизмати давлатӣ мебошанд. Ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо, масъулияти кормандони дастгоҳи судҳо ва шароити адои хизмати давлатии онҳоро қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар бораи хизмати давлатӣ муқаррар менамоянд.

Моддаи 131. Котиби маҷлиси суд

(Қонуни конст.ҶТ аз 2.08.2011 № 754)

Дар суди зинаи аввал парвандаҳои хоҷагӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ, оилавӣ ва дар мавридҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст, парвандаҳо оиди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ бо иштироки котиби маҷлиси суд баррасӣ карда мешаванд. Миқдори котибони маҷлисҳои суд бояд ба миқдори судяҳои ин судҳо мувофиқат кунад (Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581, аз 2.08.2011 № 754).

Ҳуқуқ ва вазифаҳои котиби маҷлиси суд, тартиби иштироки он дар баррасии парвандаҳои хоҷагӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ, оилавӣ ва парвандаҳо оиди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 12.01.2010 № 581, аз 2.08.2011 № 754).

Моддаи 132. Пристави судӣ

Дар хизмати ҳамаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон приставҳои судӣ мавҷуданд.

Вазифаи пристави судӣ ин аст, ки ба дасти иштирокчиёни мурофиаи судӣ, шоҳидон, қарздорон ва дигар шахсон огоҳинома ва даъватномаҳои судро расонад. Пристави судӣ вазифадор аст дар ҷаласаи судӣ риояи тартиботро нигаҳбонӣ кунад ва дигар супоришҳои раиси судро, ки вобаста ба амалӣ намудани адолати судӣ мебошанд, иҷро кунад.

Ба пристави судӣ барои бурда расонидани огоҳномаҳо ва даъватномаҳо дар асоси тарифҳои тасдиқшуда илова ба маошаш пул дода мешавад.

Моддаи 133. Ёрдамчиёни раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, Суди шаҳри Душанбе, суди шаҳру ноҳия

Ба зиммаи ёрдамчиёни раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, Суди шаҳри Душанбе, суди шаҳру ноҳия корҳои зайл гузошта мешаванд:

ташкили ҷалби машваратчиёни халқӣ барои ба амал баровардани адолати судӣ, ба роҳ мондани омори судӣ, баҳисобгирӣ ва назорат ба парвандаҳои боздошта, инчунин парвандаҳои муҳокимаашон ба таъхир гузошташуда;

назорат ба иҷро гардидани ҳукмҳо ва қарорҳо, таъиноти хусусӣ ва пешниҳоди суд, қарорҳо оиди парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, иҷрои ҳукмҳо ва қарорҳо оиди далелҳои шайъӣ, тасдиқи нусхаҳои ҳуҷҷатҳои судӣ.

Раиси суд барои таъмини кори суд оиди ба амал баровардани адолати судӣ метавонад ба зиммаи ёрдамчӣ вазифаҳои дигар низ гузорад.

Ёрдамчиёни раиси судро Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд.

Моддаи 134. Талабот нисбати ёрдамчиёни раисони суд, приставҳои судӣ, котибони маҷлиси судӣ

(Қонуни конст.ҶТ аз 20.03.2008 № 369, ҶТ аз 2.08.2011 № 754)

Ёрдамчиёни раисони суд, приставҳои судӣ суд метавонанд шахсоне бошанд, ки чун қоида маълумоти олии ҳуқуқӣ дошта, забони давлатиро донад ва аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаашон гузошта шудаанд, бомуваффақият бароянд (Қонуни конст.ҶТ аз 20.03.2008 № 369аз 2.08.2011 № 754).

Котибони маҷлиси судӣ метавонанд, шахсони дорои таҳсилоти миёнаи ҳуқуқшиносӣ ва ё таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ бошанд, забони давлатиро донанд ва аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаашон гузошта шудаанд, бомуваффақият бароянд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36аз 2.08.2011 № 754, аз 03.07.2012 № 833).

Моддаи 135. Маълумотҳои оморие, ки судҳо пешниҳод менамоянд

Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои Суди конститутсионӣ) ду маротиба дар як сол ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои омории шакли муқарраршударо оиди пешбурди парвандаҳои судӣ ва оиди маҳкумшудагон дар давраи ҳисоботӣ пешниҳод менамоянд.

Судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе охири ҳар сол дар бораи фаъолияти солонаи худ мувофиқан ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шакл ва тартиби муқарраргардида ахборот пешниҳод менамоянд(Қонуни конст. ҶТ аз 03.07.2012 № 833).

Моддаи 136. Санҷиши фаъолияти судҳо

Санҷиши қонунӣ будани санадҳои судие, ки судҳои поёнӣ қабул кардаанд мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз тарафи суди болоӣ сурат мегирад.

Тартиби бартараф намудани вайронкунии қонунро, ки дар ҷараёни тафтиш муайян карда шудааст, қонун муқаррар менамояд.

Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши фаъолияти ташкилӣ ва молиявии судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, Суди шаҳри Душанбе, суди шаҳр, ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанберо мутобиқи дастурамале, ки Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, анҷом медиҳад.

Моддаи 137. Бойгонии суд

Дар назди судҳо бойгониҳо мавҷуданд. Тартиби ба бойгонӣ супоридани мавод, нигоҳдорӣ ва истифодаи он мувофиқан аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 138. Нашрияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашрияи худро доранд.

Моддаи 139. Шӯрои илмию машваратии назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илмию машваратӣ таъсис дода мешавад, ки он мақоми машваратӣ дошта, дар асоси ҷамъиятӣ амал менамояд. Вазифаи он аз таҳияи тавсияҳои илман асоснок вобаста ба татбиқи қонунҳо, ки дар таҷрибаи судӣ дучор мешаванд, иборат мебошад.

Моддаи 140. Мӯҳри судҳо

Судҳо дорои мӯҳр мебошанд, ки дар он тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи суд сабт гардидаанд.

Моддаи 141. Рамзҳои ҳокимияти давлатӣ дар судҳо

Дар болои бинои суд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар толору ҳуҷраҳои кории судяҳо Парчам ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.

Ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ судяҳо дар либоси махсус, ки тасвир ва намунаи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ҷаласа мегузаронанд.

Моддаи 142. Қароргоҳҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қароргоҳҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе мебошад.

Қароргоҳҳои судҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон - маркази воҳиди марзию маъмурии суди дахлдор мебошад.

Моддаи 143. Аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунҳои конститутсионии зерин аз эътибор соқит дониста шаванд:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21, моддаи 231, соли 2000, № 6, моддаи 353);

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сохтори судӣ" аз 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21, моддаи 225; соли 1997, № 2324, моддаи 356; соли 1998, № 23-24, моддаи 334; соли 2000, № 6, моддаи 352);

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои ҳарбӣ" аз 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21, моддаи 235; соли 2000, № 6, моддаи 354);

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21, моддаи 229; соли 1997, № 9, моддаи 110; соли 1998, № 10, моддаи 115; соли 2000, № 6, моддаи 350);

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21, моддаи 241; соли 1997, № 9, моддаи 110, № 23-24, моддаи 356; соли 1998, № 10, моддаи 115; № 22, моддаи 311; соли 2000, № 6, моддаи 355).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш.Душанбе, 6 августи соли 2001 № 30

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст. ҶТ аз 8.12.2003 № 57, аз 17.05.2004 № 36, аз 3.03.2006 № 160, аз 30.07.2007 № 293, аз 20.03.2008 № 369, аз 18.06.2008 № 385, аз 31.12.2008 № 453, аз 12.01.2010 № 581, аз 29.12.2010 № 651 аз 2.08.2011 № 754, аз 26.12.2011 № 773, аз 03.07.2012 № 833, аз 01.08.2012 № 875, аз 28.12.2012 № 926, аз 19.03.2013 № 936)

ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни конститутсионии мазкур танзим менамояд

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муносибатҳоро оид ба тарзи ташкил ва фаъолияти судҳо, ҳамчунин фаъолияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба масъалаҳои таъмини ташкилӣ ва моддию техникии судҳо танзим менамояд.

Моддаи 2. Ҳокимияти судӣ

Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб шудаанд, тааллуқ дорад. Ягон мақомоти дигар ва ё шахсон ҳуқуқӣ ба зиммаи худ гирифтани адолати судиро надоранд.

Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амали шуда, дар баробари ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия амал менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36).

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба зиммаи судя вазифаҳои пешбининакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузоранд.

Ҳокимияти судӣ бо роҳи мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба амал бароварда мешавад. тартиби мурофиавии баррасии парвандаҳоро аз ҷониби суд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 453).

Моддаи 3. Вазифаҳои суд

Суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, қонуният ва адолатро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудаанд, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳифз менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36, аз 28.12.2012 № 926).

Вазифаи суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад.

Моддаи 4. Ягонагии мақоми судяҳо

Ҳамаи судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мақоми ягона буда, фақат бо ваколат ва салоҳияти худ тафовут доранд.

Моддаи 5. Мустақилияти судя

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат мекунанд.

Мустақилияти судя таъмин мегардад:

тибқи қонун интихоб, таъин, озод ва бозхонд шудан;

бо дахлнопазирии судя;

бо ба амал баровардани адолати судӣ тибқи тартиби муқарраркардаи қонун;

бо махфияти машварати судяҳо ҳангоми баровардани санадҳои судӣ;

бо манъи ҳама гуна дахолат ба фаъолият оиди ба амалбарории адолати судӣ таҳти таҳдиди ҷавобгарӣ;

бо ҷавобгарӣ барои эҳтиром накардани суд;

бо ҳуқуқ доштан барои ба истеъфо баромадан, бо хоҳиши худаш ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудан, ба нафақа баромадан ва бозхонди судя(Қонуни конст.ҶТ аз 28.12.2012 № 926);

бо ташкил намудани ҷомеаи судяҳо;

бо муҳайё намудани шароити ташкилию техникӣ барои фаъолияти судҳо;

мувофиқи мақомаш аз ҳисоби давлат аз ҷиҳати моддӣ ва иҷтимоӣ таъмин намудани судя.

Кафолати мустақилияти судяҳо, аз ҷумла чораҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии онҳо, ки қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ намудааст, ба ҳамаи судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд (Қонуни конст.ҶТ аз 28.12.2012 № 926).

Моддаи 6. Ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбати суд

Зоҳир намудани беэҳтиромӣ нисбати суд аз тарафи иштирокчиёни парванда ё шаҳрвандоне, ки дар ҷаласаи судӣ ширкат меварзанд, инчунин содир намудани ҳар гуна аъмол аз тарафи ҳар касе, ки аз беҳурматии рӯирост нисбати суд шаҳодат медиҳад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад.

Моддаи 7. Манъ будани дахолат ба фаъолияти судя

Ҳар гуна дахолат ба фаъолияти судя ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ манъ аст ва тибқи қонун ҷавобгарӣ дорад.

Таъсири ғайриқонунӣ расонидан ба судя ва машваратчии халқӣ, ки дар ба амал баровардани адолати судӣ ширкат меварзад, ба мақсади халал расонидан ба баррасии ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаи мушаххас ё ноил шудан ба баровардани ҳукми ғайриқонунии судӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад.

Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ надоранд, ки дар иттилооти худ натиҷаи баррасии парвандаи мушаххасро пешакӣ ҳал намоянд.

Судя вазифадор нест дар бораи моҳияти парвандаҳое, ки баррасӣ шудаанд ё дар ҳолати баррасӣ қарор доранд, баёнот диҳад, инчунин онҳоро барои шинос шудан дар ихтиёри касе гузорад, ба ғайр аз ҳолатҳо ва тартибе, ки тибқи қонун пешбинӣ шудааст.

Моддаи 8. Ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ

Фармонҳо ва ҳалномаҳо, ҳукмҳо, таъинотҳо ва қарорҳои қабулкардаи судҳо, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, барои иҷро ҳатмӣ мебошанд (Қонуни конст.ҶТ аз 31.12.2008 № 453).

Моддаи 9. Дахлнопазирии судя

Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.

Дахлнопазирии судя инчунин ба манзил ва утоқи хизматӣ, нақлиёт ва воситаҳои алоқае, ки дар истифодаи ӯ қарор доранд, муросилот ва ашёю ҳуҷҷатҳои вай тааллуқ дорад.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати судя танҳо аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешавад.

Судяи Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро бе ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан, ба ҳабс гирифтан мумкин нест.

Судяи суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, суди шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди иқтисодии вилоятӣ, суди иқтисодии шаҳри Душанберо бе ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан, ба ҳабс гирифтан мумкин нест.

Ба ҳабс гирифтани судя фақат бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят.

Судяе, ки дастгир шудааст, ё ин ки ба мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти давлатӣ бо тартиби таҳқиқи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оварда шудааст, баъди маълум намудани шахсияташ бояд фавран озод карда шавад.

Дохил шудан ба манзил ё утоқи хизматии судя, ба нақлиёти шахсӣ ё хизматии вай, дар он ҷо гузаронидани кофтуков ё гирифтан, гӯш кардани гуфтугӯи телефонии ӯ ва кофтукови шахсии судя, инчунин гирифтани муросилот, амвол ва асноди вай танҳо бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фақат дар иртибот бо парвандаи ҷиноии оғозгардида нисбати ин судя сурат гирифта метавонад.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати судя фақат аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Судя аз ҳуқуқи дахлнопазирии шахсӣ бархурдор буда, барои зараре, ки дар натиҷаи амали ғайриқасдона ва камбудӣ ҳангоми иҷрои вазифааш рӯй додааст, мавриди таъқиби судӣ қарор гирифта наметавонад.

Шахсоне, ки дар вайронкунии дахлнопазирии судя гунаҳгоранд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 10. Таъмини амнияти судяҳо

Судяҳо, аъзои оилаашон ва молу мулки онҳо таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доранд.

Муҳофизати бино ва молу мулки судҳо, дар сурати зарурат бо аризаи судя, муҳофизати ӯ ва аъзои оилаи вай, хонаи истиқоматӣ ва молу мулки мутааллиқ ба онҳо ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ гузошта мешавад ва он ройгон иҷро карда мешавад.

Судя барои гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани яроқ ҳуқуқ дорад. Тартиби аз тарафи судя гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани яроқро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Судя ба ҷавобгарии зерини интизомӣ кашида мешавад:

а) барои дағалона вайрон намудани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳои судӣ;

б) барои вайрон намудани қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ;

в) барои рафторе, ки қадру номуси судяро паст мезанад (Қонуни конст.ҶТ аз 17.05.2004 № 36).

Бекор ё тағйир додани санадҳои судӣ, барои ба ҷавобгарӣ кашидани судя, ки бевосита дар баровардани санади судӣ иштирок кардааст, худ ба худ асос шуда наметавонад, ба шарте, ки ӯ дар вақти баррасӣ дидаю дониста ба вайрон кардани қонун ё хунукназарӣ роҳ надода бошад.

Судя на дертар аз як моҳи ошкор кардани рафтори ӯ, ба истиснои вақти тафтиши хизматӣ ё дар кор бо сабабҳои узрнок ҳозир набудани ӯ, аммо на дертар аз шаш моҳ аз рӯзи содир намудани рафтор мумкин аст ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шавад.