Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 № 369 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 7, мод. 490; с. 2003, № 12, мод. 685; с. 2004, № 5, мод. 347; с. 2006, № 3, мод. 143; с. 2007, № 7, мод. 651) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Сархати шашуми қисми дуюми моддаи 59 хориҷ карда шавад.

2. Дар моддаи 71:

- аз қисми дуюм калимаҳои ", инчунин иҷрочиёни суд" хориҷ карда шаванд;

- аз қисми сеюм калимаҳои ", ба истиснои иҷрочиёни суд," хориҷ карда шаванд.

3. Аз сархати шашуми моддаи 88 калимаҳои "ва иҷрочии суд" хориҷ карда шаванд.

4. Аз сархати чоруми қисми якуми моддаи 93 калимаҳои "ба истиснои иҷрочиёни суд" хориҷ карда шаванд.

5. Дар сархати дуюми моддаи 96 ва сархати шашуми моддаи 98 пас аз калимаҳои "судягӣ" ва "судяҳо" мутаносибан калимаҳои "ва коромӯз-судя,", ", коромӯз-судяҳо" илова карда шаванд.

6. Дар моддаи 101:

- дар сархати ҳафтум калимаҳои "ва муовинони раисони" ба калимаҳои ", муовинони раисон ва судяҳои" иваз карда шаванд;

- дар сархати ҳаштум калимаҳои "иҷрочиёни суд" ба калимаҳои "коромӯз-судяҳо" иваз карда шаванд;

- сархати ёздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"коромӯз-судяҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.".

7. Моддаи 103 (1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 103 (1). Коромӯз-судя

Шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи судя пешбарӣ мешаванд, бо пешниҳоди комиссияи имтиҳонии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст ба мӯҳлати як сол ба сифати коромӯз-судя фаъолият намоянд.

Коромӯз-судя метавонад шахсе бошад, ки таҳсилоти олии ҳуқуқӣ дошта, синни ӯ аз 24 кам набошад, ҳадди ақал 2 сол собиқаи кории касбӣ дошта, аз комиссияи имтиҳонии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта бошад.

Низомнома дар бораи коромӯз-судя аз тарафи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.".

8. Ном ва қисми якуми моддаи 129 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"Моддаи 129. Иҷрои санадҳои судӣ

Иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ аз тарафи иҷрочиёни суд ба амал бароварда мешавад.".

9. Дар ном ва қисми якуми моддаи 134 калимаҳои "иҷрочиёни суд" ва "иҷрочиёни (иҷрочиёни калони) суд" ба калимаҳои "приставҳои судӣ" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

20 марти соли 2008 № 369

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе

6 марти соли 2008 № 450

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

13 феврали соли 2008 № 883

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О судах Республики Таджикистан"

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 6 августа 2001 года "О судах Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., № 7, ст. 490; 2003 г., № 12, ст. 685; 2004 г., № 5, ст. 347; 2006 г., № 3, ст. 143; 2007 г., № 7, ст. 651) следующие изменения и дополнения:

1. Абзац шестой части второй статьи 59 исключить.

2. В статье 71:

- из части второй слова ", а также судебные исполнители" исключить;

- из части третьей слова "за исключением судебного исполнителя" исключить.

3. Из абзаца шестого статьи 88 слова "и судебного исполнителя" исключить.

4. Из абзаца четвертого части первой статьи 93 слова "за исключением судебных исполнителей," исключить.

5. В абзаце втором части первой статьи 96 и абзаце шестом статьи 98 после слов "судьи" и "судей" соответственно дополнить словами "и стажеры-судьи", ", стажеров-судей".

6. В статье 101:

- в абзаце седьмом слова "и заместителей председателей" заменить словами ", заместителей председателей и судей";

- в абзаце восьмом слова "судебных исполнителей" заменить словами "стажеров-судей";

- абзац одиннадцатый изложить в следующей редакции:

"назначает на должность и освобождает от должности стажеров-судей;".

7. Дополнить статьей 103(1) следующего содержания:

"Статья 103(1). Стажер-судья

Лица, впервые представляемые на должность судьи, по предложению экзаменационной комиссии Совета юстиции Республики Таджикистан могут в течение года отработать в качестве стажера-судьи.

Стажером-судьей может быть лицо, имеющее высшее юридическое образование, не моложе 24 лет, имеющее как минимум 2 года профессионального стажа, прошедшие экзаменационную комиссию Совета юстиции Республики Таджикистан.

Положение о стажере-судье утверждается Советом юстиции Республики Таджикистан.".

8. Название и часть первую статьи 129 изложить в следующей редакции:

"Статья 129. Исполнение судебных актов

Принудительное исполнение судебных актов производится судебными исполнителями.".

9. В названии и части первой статьи 134 слова "судебным исполнителям" и "судебным (старшим) исполнителем" заменить соответственно словами "судебным приставом" и "судебным приставом".

Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                       Эмомали Рахмон

г. Душанбе

20 марта 2008 года № 369

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О конституционном Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О судах Республики Таджикистан"

Рассмотрев конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О судах Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О судах Республики Таджикистан".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси

Оли Республики Таджикистан                                М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 6 марта 2008 года №450

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии конституционного Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О судах Республики Таджикистан"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О судах Республики Таджикистан".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                С. ХАЙРУЛЛОЕВ

г. Душанбе, 13 февраля 2008 года № 883