×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ"

Санаи амалкуни: 24.12.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 24, мод. 408; с. 1998, № 10, мод.76; с. 1999, № 6, мод. 166; с. 2000, № 11, мод. 521; с. 2001, № 7, мод. 481; с. 2004, № 2, мод. 39; с. 2006, № 4, мод. 197; с. 2013, № 7, мод. 540)

(Қонуни ҶТ аз 21.05.1998 № 580, аз 30.06.1999 № 814, аз 29.11.2000 № 12, аз 06.08.2001 № 35, аз 28.02.2004 № 7, аз 29.04.2006 № 184, аз 22.07.2013 № 1014, аз 02.01.2019 № 1572, аз 24.12.2022 № 1948)

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)

Қонуни мазкур фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, шароити амали ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии онҳоро, ки ба истифода аз озодии сухан, ҳуқуқи шаҳрвандон барои дарёфти ахбори комилу оҷил ва ҳаққонӣ, ба муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъиятӣ равона шудааст, муайян менамояд.

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014):

- абонент - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки барномаҳои телевизион ва радиоро қабул мекунад;

- нашр (нашри намоиши телевизион ва гуфтори радио) - ба масофаи муайян пахш намудани ахбори овозӣ ва (ё) тасвирӣ тавассути шабакаҳои алоқа, ки теъдоди номаҳдуди воситаҳои телевизиону радио қабул мекунанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014);

- шабакаи нашри барнома - маҷмӯи воситаҳои техникие, ки барои пахш намудани барномаҳои телевизион ва радио пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014);

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

- пахш - ба масофаи муайян интиқол додани барномаҳои телевизион ё радио тавассути воситаҳои техникии алоқа;

- пахши мустақим - пахш намудани барномаҳои телевизион ва радио бе сабти пешакии онҳо (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014);

- интиқоли пахш - тавассути воситаҳои иловагии телевизиону радио пахш кардани барномаҳо ба мақсади зиёд намудани масофаи қабули онҳо;

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

- ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ - шахси ҳуқуқиест, ки барои истеҳсол ва (ё) пахши барномаҳои телевизиону радио ва асарҳои аудиовизуали иҷозатнома дорад (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7);

- воситаҳои пахшкунии телевизион ва радио - пахш ва қабули ҳар навъ аломати сигналҳои тасвирӣ ва сабтӣ тавассути воситаҳои электромагнитии алоқаи кайҳонӣ, ноқилӣ, оптикӣ, радиоӣ (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014);

- воситаҳои техникии пахши барномаҳо - маҷмӯи таҷҳизоти радиоэлектронӣ ва техникие, ки тавассути онҳо барномаҳо ба истифодабарандагон расонида мешаванд;

- маҳсулоти аудиовизуалӣ - асарҳои аз силсилаҳои кадрҳои ба ҳам алоқаманде иборат буда (видеотасвирҳои овоздор ё беовоз), ки барои дидану шунидан бо ёрии воситаҳои мувофиқи техники таҳия гардидаанд (аудивидеофилмҳо, кинофилмҳо, намоишномаҳо, реклама, барномаҳои консертӣ ва ғайра) (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 2. Доираи амали қонуни мазкур

Қонуни мазкур ба ҳамаи намудҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ба истиснои телевизион ва радиошунавонии махсуси маҳдуд (истеҳсолӣ, технологӣ, таълимӣ ва маъмурӣ), дӯстдорони алоқаи радиоӣ, радиоспорт ё дигар намудҳои алоқа, ки дар асоси даъвати фардӣ ё барои паҳни ахбори махсус сурат мегиранд ва барои истифодаи умумӣ равона нашудаанд ва барои кирои (прокати) ғайримавҷии маводи видео ва аудио дар муассисоти мухталиф хос нестанд татбиқ мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7аз 29.04.2006 № 184).

Қонуни мазкур нисбат ба пахш ва истеҳсолкунандагони асари аудиовизуалӣ, ки дар Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис шудаанд, аммо барои берун аз ҳудуди он таъсисёфтагон танҳо дар қисмати ба пахши иттилооти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлдошта татбиқ мегардад.

Муқаррароти Қонуни мазкур барои эфири телевизион ва радиошунавонӣ ба пуррагӣ ҳангоми ба амал баровардани телевизион ва радиошунавонӣ бо истифода аз шабакаҳои кабелӣ, ноқилӣ, спутникӣ, бисёрканалаи рақамӣ, компютерӣ, аз ҷумла шабакаи байналмилалӣ (интернет) ва дигар шабакаҳо татбиқ мегардад, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.06.1999 № 814).

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

Принсипҳои фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоанд:

- воқеънигорӣ;

- ҳақиқатнигорӣ;

- ҳуқуқи шаҳрвандон барои қабули ахбор;

- озодона иброз намудани фикру ақида;

- эҳтироми меъёрҳои умумибашарии ахлоқ;

- қатъиян риоя намудани одоби касбӣ (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014, аз 02.01.2019 № 1572).

Моддаи 5. Ваколатҳои давлат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ

Давлат сиёсати соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ва асосҳои қонунгузории иҷрои онро муайян намуда, фаъолияти вазоратҳо, идораҳо, дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад, барои таъмини моддиву техникии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ маблағ ҷудо мекунад, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони ин соҳаро таъмин менамояд, ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро карда, иштироки онро дар созмонҳои байналмилалӣ ташкил менамояд, ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ амалӣ мегардонад (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Моддаи 5.1 Танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 30.06.1999 № 814)

Танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014).

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014):

- таҳия ва таъмини амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ;

- назорат ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ;

- назорат аз болои барномаҳо ва ахбори телевизиону радио, ки аз эфир пахш мешаванд ва аз болои сифати техникии пахш;

- вазифаҳои дигари бо қонун пешбинишуда.

Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 30.06.1999 № 814аз 22.07.2013 № 1014).

Моддаи 6. Манъи дахолат ба фаъолияти эҷодии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

Дахолати мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори онҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ба фаъолияти эҷодии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, ҳамчунин сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7аз 29.04.2006 № 184аз 22.07.2013 № 1014).

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқи тағйир додан ва дигар намудани сохтори ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавониро надоранд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 7. Маҷмӯи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

Маҷмӯи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд.

Моддаи 8. Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ

Маҷмӯи ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз телевизион ва радиошунавонии ҷумҳуриявӣ, телевизион ва радиошунавонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва радиошунавонии ноқилии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иборатанд, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7). 

Ба ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ҳуқуқи бартарӣ доштан дар истифодаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ дода мешавад.

Моддаи 9. Вазифаҳои асосии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ

Вазифаҳои асосии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ инҳоянд:

- сари вақт огоҳ намудани шунавандагони радио ва тамошобинони телевизион аз ҳаводиси ҷамъиятию сиёсӣ ва дигар воқеоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он, паҳн намудани ахбори расмӣ, санадҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва ҳокимияти судӣ, ки ба таблиғи расмӣ ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7);

- таҳия ва пахш кардани барномаҳои иқтисодӣ, публицистӣ, фарҳангию маърифатӣ, таълимӣ, шавқангез, варзишӣ ва сайёҳӣ (Қонуни ҶТ аз 02.01.2019 № 1572);

- инъикоси рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мусоидат ба таҳкими робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Моддаи 10. Ташкилотҳои ғайридавлатии телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7)

Ташкилотҳои ғайридавлатии телевизион ва радиошунавонӣ ташкилотҳое мебошанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардида, дар асоси иҷозатномаи (литсензияи) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда аз ҳисоби худмаблағгузорӣ фаъолият менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7аз 22.07.2013 № 1014).

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИС, ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ ВА ҚАТЪ КАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184, аз 22.07.2013 № 1014)

Моддаи 11. Таъсисдиҳӣ ва бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони ҳуқуқӣ муайян намудааст, таъсис меёбанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1948).

Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои онҳо мувофики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184аз 24.12.2022 № 1948).

Моддаи 12. Иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи телевизиону радио

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Иҷозатномадиҳӣ ба ташкилот барои фаъолият дар соҳаи телевизиону радио мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 13. Қатъ намудани фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ

Фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ бо қарори муассисон (шарикмуассисон) ё суд қатъ мегардад ва дар ин бора ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580, аз 22.07.2013 № 1014).

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

БОБИ 3. ТАШКИЛ ВА НАВЪҲОИ ПАХШИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)

Моддаи 14. Оғози нашри барномаҳо

Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад, ки нашри барномаҳоро аз вақти гирифтани иҷозатнома (литсензия) оғоз намояд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Соҳиби воситаҳои техникии пахш ё ташкилоти истифодабарандаи онҳо ҳақ надорад ин воситаҳоро ба ихтиёри ташкилотҳои телевизион ва радиошунавоние вогузорад, ки онҳо иҷозатнома (литсензия) надоранд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ пахши барномаҳоро тавассути воситаҳои техникии худӣ ё иҷорагирифта амалӣ мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Соҳиби иҷозатнома (литсензия) ҳақ надорад шабакаи пахши барномаро ба шахсони дигар иҷора диҳад, ҳамчунин барномаҳоро берун аз ҳудуди дар иҷозатнома (литсензия) зикршуда паҳн намояд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Моддаи 15. Нишонаҳои нашр

Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ вазифадор аст, ки ҳар рӯз ном ва дигар маълумотҳои рамзии худ (сароҳанг, нишона)-ро эълон намояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 16. Ҳуқуқ ва тартиби истифодаи шабакаҳои нашр

Тартиби истифодаи шабакаҳои нашри барномаҳои телевизион ва радиошунавониро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580, аз 29.04.2006 № 184аз 22.07.2013 № 1014).

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ баъди гирифтани иҷозатнома (литсензия) ҳуқуқ доранд, ки аз мавҷҳои барои пахши барномаҳо муайян гардида истифода намоянд, ҳамчунин воситаҳои техникии пахши барномаҳоро тибқи қарордод бо соҳибонашон моликӣ, ихтиёрдорӣ ва истифода кунанд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Моддаи 17. Намоиши телевизионӣ ва радиошунавонӣ тавассути спутник

Намоиши телевизионӣ ва радиошунавонӣ тавассути спутник дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин истифода мешавад:

- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё минтақаҳои алоҳидаи он паҳн кардани барномаҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014);

- табодули барномаҳо байни ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики дигар.

Тартиби пахши барномаҳоро тавассути спутник Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580, аз 29.04.2006 № 184аз 22.07.2013 № 1014).

Моддаи 18. Нашри барномаҳо тавассути кабел (сим)

Шабакаи нашри барномаҳо тавассути кабел (сим) бо иҷозати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил мешавад. Тартиби истифодаи ин шабакаҳоро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580, аз 29.04.2006 № 184аз 22.07.2013 № 1014).

Ташкилоте, ки соҳиби шабакаи бисёрбарномавӣ аст, вазифадор мебошад, ки ба абонентҳои худ барномаҳои телевизион ва радиошунавонии давлатиро бирасонад.

Моддаи 19. Забони барномаҳои телевизион ва радио

Ташкилотҳои телевизион ва радио барномаҳоро ба забони давлатӣ, инчунин ба забонҳои дигар пахш мекунанд.

Моддаи 20. Ҳуқуқ ба дарёфти маълумот

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, кормандони онҳо барои пешбурди фаъолияти хеш тибқи муқаррароти қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо маълумоти заруриро гиранд. Шахсони мансабдор, ки ба ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ маълумот медиҳанд, барои ҳаққонӣ будани он ҷавобгаранд.

Баҳсҳо ба сабаби риоя карда нашудани талаботи ин модда аз ҷониби суд баррасӣ мегардад.

Моддаи 21. Нашри иттилооти расмӣ ва дигар хабарҳои ҳатмӣ

Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ вазифадоранд, ки изҳороти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми ҳудуди мамлакат мунташир намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1948).

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ҳуқуқ надоранд, ки аз интишори хабарҳо роҷеъ ба ҳолатҳои фавқулодда даст кашанд. Ҳуқуқи истифодаи телевизион ва радиошунавонӣ ба ин мақсад ба зиммаи мақомот ва шахсони мансабдоре мебошад, ки салоҳияти ҳалли масъалаҳоро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда доранд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1948).

Моддаи 22. Истифодаи телевизион ва радиошунавонӣ дар давраи маъракаҳои интихоботӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Тартиби истифодаи телевизион ва радиошунавониро дар давраи маъракаҳои интихоботӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 23. Додани вақт дар барнома барои суханронӣ ва изҳороти расмӣ

Пахши барнома аз ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ дар асоси ҳаҷми умумии барномаҳо ва маблағгузории умумӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 06.08.2001 № 35).

Пахши барнома аз иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз ҷониби ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ дар асоси шартномаи байни сатҳҳои муайяни маҷлис ва ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1948).

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ бо талаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои изҳороти расмӣ оид ба масоили муҳими ҳаёти давлат вақт ҷудо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 06.08.2001 № 35).

Моддаи 24. Истифодаи реклама дар ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Истифодаи реклама дар ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ мувофики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 25. Қароргоҳҳои мухбирон

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ доранд тибқи муқаррарот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он қароргоҳҳои мухбирон таъсис диҳанд, ки ин қароргоҳҳо воҳидҳои сохтории (филиали) ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ буда, манфиатҳои онро пуштибонӣ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 26. Намояндагӣ

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ доранд, ки дар назди мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои шаҳрвандон ҳайатҳои эҷодӣ ва кормандони алоҳидаро намоянда таъин намоянд. Тартиби намоянда таъин кардани ҳайатҳои эҷодӣ ва кормандони алоҳидаи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 27. Нигаҳдории барномаҳои телевизион ва радио

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ӯҳдадоранд, ки сабти аудио ва видеои барномаҳоро баъд аз интишорашон то як моҳ маҳфуз доранд ва онҳоро ба қайд гирифта, дар он мавзӯъ, мазмуни мухтасар, рӯзи интишор, вақти оғозу анҷоми он, ному насаби муаллифон, муҳаррири барномаи телевизион ва радиоро зикр намоянд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Тартиб, мӯҳлат ва шартҳои муддати зиёд нигоҳ доштани барномаҳои телевизион ва радиоро, ки қадру қимати бадеӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва қадру қиммати дигар доранд, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580, аз 22.07.2013 № 1014).

БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ ВА КОРМАНДОНИ ОНҲО

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)

Моддаи 28. Ҳуқуқи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ метавонанд барномаҳои телевизиону радио истеҳсол намоянд ё аз барномаҳою маҳсулоти аудиовизуалии дигар ташкилотҳое, ки иҷозатнома (литсензия) доранд, истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ барои эҷоди барномаҳо (филмҳо) ҳуқуқи муаллифӣ доранд, ҳамчунин ба онҳо тибқи қарордодҳои ба имзорасида ҳуқуқи муаллифӣ дода мешавад.

Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад, ки ба дигар ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он инҳоро иҷозат диҳад:

- пахши мустақими (интиқоли пахш) барномаҳои (филмҳои) худ, тасвиру овоз ё фурӯхтани сабтҳои барномаҳо (филмҳо), ки моли он аст, ҳамчунин сабти асарҳои мусиқӣ ва адабӣ-драмавӣ, ки онҳоро ташкилоти телевизион ва радио дар студия ё муассисаҳои театрӣ сабт намудааст (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Бе розигии ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ барномаҳои (филмҳои) вай дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184):

- барои истифодаи порчаҳои мухтасар - на зиёдтар аз 5 дақиқа аз ҳар барнома (филм);

- ба мақсадҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ.

Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ муносибатҳои худро бо дигар корхона, муассиса, ташкилот дар асоси шартнома ба роҳ мемонанд (Қонуни ҶТ аз 30.06.1999 № 814).

Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ надорад:

- маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахбору маводе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунад, шаъну шарафи давлат, Президент за шаҳрвандонро паст мезанад, ҷанг, зулму зӯроварӣ, терроризм ва экстремизмро дар ҳама гуна зуҳуроташон, хусумати нажодию миллӣ, маҳалгароӣ, бартарият ва оштинопазирии динӣ ё мазҳабӣ, фаҳшу фуҷурро таблиғ мекунад, ахлоқи ҷомеаро мекоҳонад, ба содир намудани дигар кирдори ҷиноятӣ мусоидат мекунад, пахш намояд(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

- маҳсулоти телевизион ва радиоро бе иҷозати соҳибонашон нусхабардорӣ кунад, намоиш диҳад ва фурӯшад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184аз 24.12.2022 № 1948).

Дар сурати бе иҷозат истифода гардидани маҳсулоти худ ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад товони зарареро, ки дар натиҷаи поймол шудани ҳуқуқаш дидааст, талаб намояд.

Моддаи 29. ӯҳдадории ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ

Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ӯҳдадор аст:

- ахбори ҳаққониро паҳн намояд;

- ба пахш ва қабули барномаҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии дигар мамониат накунад;

- талаботи маъёрҳои давлатии технология ва хусусиятҳои техникии телевизион ва радиошунавониро риоя намояд;

- абонентҳоро пешакӣи аз тағйири барномаҳои телевизион ва радио, ҳамчунин оид ба шароити интишори онҳо воқиф намояд;

- талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд (Қонуни ҶТ аз 02.01.2019 № 1572).

Моддаи 30. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро низомномаю оинномаҳои ин ташкилотҳо муайян мекунанд.

Моддаи 31. Ҳифзи иҷтимоии кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ

Кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматии худ аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҳалок гаштани кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳояшон ва ё меросхӯронашон кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми даҳ маоши солонаи шахси ҳалокшуда аз рӯи вазифаи охирини хидматиаш дода мешавад. Ба меросхӯрон ба андозаи маоши миёнаи қурбоншудагон нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъин мегардад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184аз 24.12.2022 № 1948).

Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ маҷрӯҳ шудани корманди ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин васила имкони идома додани фаъолияти касбиашро аз даст додааст, ба вай кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми панҷ музди солонаи кор аз рӯи вазифаи охирини хидматии ӯ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Агар корманди ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҷароҳати дигар бардошта бошад, ба ӯ кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми панҷ маоши миёнаи якмоҳаашон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Тартиби пардохти маблағҳои дар моддаи мазкур зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 32. Маблағгузории ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Манбаъҳои даромади иловагии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ҳамчунин инҳо буда метавонанд:

- пардохти ҳаққи абонентӣ;

- фаъолияти рекламавӣ ва тиҷоратӣ;

- барномаҳои фармоиши телевизион ва радио;

- таҳия ва истеҳсоли барномаҳои телевизиону радио ва видеофилмҳо (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

- нашри рӯзнома, маҷалла, бюллетенҳои иттилоотӣ ва китобҳо;

- истеҳсол, фурӯш ва кирояи (прокати) кассетаҳои сабти овозу тасвир (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

- ташкили спектаклҳо, консертҳо ва дигар чорабиниҳои намоишии пулакӣ;

- фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва навъҳои дигари фаъолият, ки қонун пешбинӣ кардааст;

- маблағҳои спонсорҳо, мақомоти давлатӣ, фондҳои хайрия ва фондҳои дигари ҷамъиятӣ, ҳамчунин шаҳрвандони алоҳида.

БОБИ 5. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

(Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7, аз 22.07.2013 № 1014))

Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалии ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7)

Ҳамкориҳои байналмилалии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1948).

Моддаи 34. Фаъолияти намояндагони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти мухбирони хориҷии телевизион ва радиошунавонӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580, аз 29.04.2006 № 184аз 22.07.2013 № 1014).

Вазъи ҳуқуқӣ ва фаъолияти касбии намояндагони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)

Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014).

Моддаи 36. Асосҳои аз ҷавобгарӣ озод намудан

Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ, кормандони он барои паҳн намудани маълумоте, ки ба маълумоти воқеӣ мутобиқат надорад, дар ҳолатҳои зерин аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд:

- агар ин маълумот дар ахбори расмӣ интишор ёфта бошад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

- агар маълумот аз агентиҳои давлатӣ ё маркази матбуоти мақомоти давлатӣ ва мақомоти иттиҳодияҳои шаҳрвандон гирифта шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

- агар маълумот ҳангоми пахши мустақим бар хилофи нияти муаллифон паҳн шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

- агар ин маълумот тавассути васоити дигари ахбори омма нашр шуда бошад ва зимнан манбаи он зикр гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе,

14 декабри соли 1996 № 382

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 21.05.1998 № 580, аз 30.06.1999 № 814, аз 29.11.2000 № 12, аз 06.08.2001 № 35, аз 28.02.2004 № 7, аз 29.04.2006 № 184)

Қонуни мазкур фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, шароити амали ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии онҳоро, ки ба истифода аз озодии сухан, ҳуқуқи шаҳрвандон барои дарёфти ахбори комилу оҷил ва ҳаққонӣ, ба муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъиятӣ равона шудааст, муайян менамояд.

БОБИ I. Қоидаҳои умумӣ

Моддаи 1. Шарҳи истилоҳот

Дар Қонуни мазкур истилоҳоти зерин истифода мешаванд:

- абонент - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки барномаҳои телевизион ва радиоро қабул мекунад;

- нашр (нашри намоиши телевизион ва гуфтори радио) - ба масофаи муайян паҳн намудани ахбори овозӣ ва (ё) тасвирӣ тавассути шабакаҳои алоқа, ки теъдоди номаҳдуди воситаҳои телевизиону радио қабул мекунанд;

- шабакаи нашри барнома - маҷмӯи воситаҳои техникие, ки барои паҳн намудани барномаҳои телевизион ва радио пешбинӣ шудаанд;

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

- пахш - ба масофаи муайян интиқол додани барномаҳои телевизион ё радио тавассути воситаҳои техникии алоқа;

- пахши мустақим - паҳн намудани барномаҳои телевизион ва радио бе сабти пешакии онҳо;

- интиқоли пахш - тавассути воситаҳои иловагии телевизиону радио пахш кардани барномаҳо ба мақсади зиёд намудани масофаи қабули онҳо;

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

- ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ - шахси ҳуқуқиест, ки барои истеҳсол ва (ё) пахши барномаҳои телевизиону радио ва асарҳои аудиовизуали иҷозатнома дорад (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7);

- воситаҳои паҳнкунии телевизион ва радио - пахш ва қабули ҳар навъ аломати сигналҳои тасвирӣ ва сабтӣ тавассути воситаҳои электромагнитии алоқаи кайҳонӣ, ноқилӣ, оптикӣ, радиоӣ;

- воситаҳои техникии пахши барномаҳо - маҷмӯи таҷҳизоти радиоэлектронӣ ва техникие, ки тавассути онҳо барномаҳо ба истифодабарандагон расонида мешаванд;

- маҳсулоти аудиовизуалӣ - асарҳои аз силсилаҳои кадрҳои ба ҳам алоқаманде иборат буда (видеотасвирҳои овоздор ё беовоз), ки барои дидану шунидан бо ёрии воситаҳои мувофиқи техники таҳия гардидаанд (аудивидеофилмҳо, кинофилмҳо, намоишномаҳо, реклама, барномаҳои консертӣ ва ғайра) (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 2. Доираи амали қонуни мазкур

Қонуни мазкур ба ҳамаи намудҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ба истиснои телевизион ва радиошунавонии махсуси маҳдуд (истеҳсолӣ, технологӣ, таълимӣ ва маъмурӣ), дӯстдорони алоқаи радиоӣ, радиоспорт ё дигар намудҳои алоқа, ки дар асоси даъвати фардӣ ё барои паҳни ахбори махсус сурат мегиранд ва барои истифодаи умумӣ равона нашудаанд ва барои кирои (прокати) ғайримавҷии маводи видео ва аудио дар муассисоти мухталиф хос нестанд татбиқ мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7аз 29.04.2006 № 184).

Қонуни мазкур нисбат ба пахш ва истеҳсолкунандагони асари аудиовизуалӣ, ки дар Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис шудаанд, аммо барои берун аз ҳудуди он таъсисёфтагон танҳо дар қисмати ба пахши иттилооти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлдошта татбиқ мегардад.

Муқаррароти Қонуни мазкур барои эфири телевизион ва радиошунавонӣ ба пуррагӣ ҳангоми ба амал баровардани телевизион ва радиошунавонӣ бо истифода аз шабакаҳои кабелӣ, ноқилӣ, спутникӣ, бисёрканалаи рақамӣ, компютерӣ, аз ҷумла шабакаи байналмилалӣ (интернет) ва дигар шабакаҳо татбиқ мегардад, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.06.1999 № 814).

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

Принсипҳои фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоанд:

- воқеънигорӣ;

- ҳақиқатнигорӣ;

- ҳуқуқи шаҳрвандон барои қабули ахбор;

- озодона иброз намудани фикру ақида;

- эҳтироми меъёрҳои умумибашарии ахлоқ;

- қатъиян риоя намудани одоби касбӣ (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма", Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Агар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба муқаррароти Қонуни мазкур тартиби дигарро муайян карда бошанд, тартиби шартномаҳои байналмилалӣ истифода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Моддаи 5. Ваколатҳои давлат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ

Давлат сиёсати соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ва асосҳои қонунгузории иҷрои онро муайян намуда, фаъолияти вазоратҳо, идораҳо, дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад, барои таъмини моддиву техникии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ маблағ ҷудо мекунад, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони ин соҳаро таъмин менамояд, ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро карда, иштироки онро дар созмонҳои байналмилалӣ ташкил менамояд, ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ амалӣ мегардонад (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Моддаи 5.1 Танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 30.06.1999 № 814)

Танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:

- таҳия ва таъмини амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ;

- назорат ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ;

- назорат аз болои барномаҳо ва ахбори телевизиону радио, ки аз эфир пахш мешаванд ва аз болои сифати техникии пахш;

- вазифаҳои дигари бо қонун пешбинишуда.

Низомномаи Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 30.06.1999 № 814).

Моддаи 6. Манъи дахолат ба фаъолияти эҷодии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

Дахолати мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори онҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандони алоҳида ба фаъолияти эҷодии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, ҳамчунин сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7аз 29.04.2006 № 184).

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқи тағйир додан ва дигар намудани сохтори ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавониро надоранд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 7. Маҷмӯи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

Маҷмӯи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд.

Моддаи 8. Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ

Маҷмӯи ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз телевизион ва радиошунавонии ҷумҳуриявӣ, телевизион ва радиошунавонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва радиошунавонии ноқилии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иборатанд, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7). 

Ба ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ҳуқуқи бартарӣ доштан дар истифодаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ дода мешавад.

Моддаи 9. Вазифаҳои асосии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ

Вазифаҳои асосии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ инҳоянд:

- сари вақт огоҳ намудани шунавандагони радио ва тамошобинони телевизион аз ҳаводиси ҷамъиятию сиёсӣ ва дигар воқеоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он, паҳн намудани ахбори расмӣ, санадҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва ҳокимияти судӣ, ки ба таблиғи расмӣ ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7);

- таҳия ва пахш кардани барномаҳои иқтисодӣ, публицистӣ, фарҳангию маърифатӣ, таълимӣ, шавқангез, варзишӣ;

- инъикоси рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мусоидат ба таҳкими робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Моддаи 10. Ташкилотҳои ғайридавлатии телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7)

Ташкилотҳои ғайридавлатии телевизион ва радиошунавонӣ ташкилотҳое мебошанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардида, дар асоси иҷозатномаи (литсензияи) тибқи Қонуни мазкур додашуда аз ҳисоби худмаблағгузорӣ фаъолият менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

БОБИ II. Тартиби таъсис, иҷозатномадиҳӣ ва қатъ кардани фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Моддаи 11. Таъсисдиҳӣ ва бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахси ҳуқуқӣ муайян намудааст, таъсис меёбанд.

Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои онҳо мувофики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 12. Иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи телевизиону радио

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Иҷозатномадиҳӣ ба ташкилот барои фаъолият дар соҳаи телевизиону радио мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 13. Қатъ намудани фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ

Фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ бо қарори муассисон (шарикмуассисон) ё суд қатъ мегардад ва дар ин бора ба Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580).

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

БОБИ III. ТАШКИЛ ВА НАВЪҲОИ ПАХШИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

Моддаи 14. Оғози нашри барномаҳо

Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад, ки нашри барномаҳоро аз вақти гирифтани иҷозатнома (литсензия) оғоз намояд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Соҳиби воситаҳои техникии пахш ё ташкилоти истифодабарандаи онҳо ҳақ надорад ин воситаҳоро ба ихтиёри ташкилотҳои телевизион ва радиошунавоние вогузорад, ки онҳо иҷозатнома (литсензия) надоранд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ пахши барномаҳоро тавассути воситаҳои техникии худӣ ё иҷорагирифта амалӣ мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Соҳиби иҷозатнома (литсензия) ҳақ надорад шабакаи пахши барномаро ба шахсони дигар иҷора диҳад, ҳамчунин барномаҳоро берун аз ҳудуди дар иҷозатнома (литсензия) зикршуда паҳн намояд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Моддаи 15. Нишонаҳои нашр

Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ вазифадор аст, ки ҳар рӯз ном ва дигар маълумотҳои рамзии худ (сароҳанг, нишона)-ро эълон намояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 16. Ҳуқуқ ва тартиби истифодаи шабакаҳои нашр

Тартиби истифодаи шабакаҳои нашри барномаҳои телевизион ва радиошунавониро Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580, аз 29.04.2006 № 184).

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ баъди гирифтани иҷозатнома (литсензия) ҳуқуқ доранд, ки аз мавҷҳои барои пахши барномаҳо муайян гардида истифода намоянд, ҳамчунин воситаҳои техникии пахши барномаҳоро тибқи қарордод бо соҳибонашон моликӣ, ихтиёрдорӣ ва истифода кунанд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Моддаи 17. Намоиши телевизионӣ ва радиошунавонӣ тавассути спутник

Намоиши телевизионӣ ва радиошунавонӣ тавассути спутник дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин истифода мешавад:

- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё минтақаҳои алоҳидаи он паҳн кардани барномаҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии тибқи қонуни мазкур ба қайд гирифташуда;

- табодули барномаҳо байни ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики дигар.

Тартиби пахши барномаҳоро тавассути спутник Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580, аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 18. Нашри барномаҳо тавассути кабел (сим)

Шабакаи нашри барномаҳо тавассути кабел (сим) бо иҷозати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил мешавад. Тартиби истифодаи ин шабакаҳоро Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580, аз 29.04.2006 № 184).

Ташкилоте, ки соҳиби шабакаи бисёрбарномавӣ аст, вазифадор мебошад, ки ба абонентҳои худ барномаҳои телевизион ва радиошунавонии давлатиро бирасонад.

Моддаи 19. Забони барномаҳои телевизион ва радио

Ташкилотҳои телевизион ва радио барномаҳоро ба забони давлатӣ, инчунин ба забонҳои дигар пахш мекунанд.

Моддаи 20. Ҳуқуқ ба дарёфти маълумот

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, кормандони онҳо барои пешбурди фаъолияти хеш тибқи муқаррароти қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо маълумоти заруриро гиранд. Шахсони мансабдор, ки ба ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ маълумот медиҳанд, барои ҳаққонӣ будани он ҷавобгаранд.

Баҳсҳо ба сабаби риоя карда нашудани талаботи ин модда аз ҷониби суд баррасӣ мегардад.

Моддаи 21. Нашри иттилооти расмӣ ва дигар хабарҳои ҳатмӣ

Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ вазифадоранд, ки изҳороти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми ҳудуди мамлакат мунташир намоянд.

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ҳуқуқ надоранд, ки аз интишори хабарҳо роҷеъ ба ҳолатҳои фавқулодда даст кашанд. Ҳуқуқи истифодаи телевизион ва радиошунавонӣ ба ин мақсад дар дасти мақомот ва шахсони мансабдоре мебошад, ки салоҳияти ҳалли масъалаҳоро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда доранд.

Моддаи 22. Истифодаи телевизион ва радиошунавонӣ дар давраи маъракаҳои интихоботӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Тартиби истифодаи телевизион ва радиошунавониро дар давраи маъракаҳои интихоботӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 23. Додани вақт дар барнома барои суханронӣ ва изҳороти расмӣ

Пахши барнома аз ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ дар асоси ҳаҷми умумии барномаҳо ва маблағгузории умумӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 06.08.2001 № 35).

Пахши барнома аз иҷлосияи Маҷлисҳои вилоятӣ ва дигар маҷлисҳои маҳаллӣ аз ҷониби ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ дар асоси шартномаи байни сатҳҳои муайяни маҷлис ва ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ сурат мегирад.

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ бо талаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои изҳороти расмӣ оид ба масоили муҳими ҳаёти давлат вақт ҷудо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 06.08.2001 № 35).

Моддаи 24. Истифодаи реклама дар ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Истифодаи реклама дар ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ мувофики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 25. Қароргоҳҳои мухбирон

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ доранд тибқи муқаррарот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он қароргоҳҳои мухбирон таъсис диҳанд, ки ин қароргоҳҳо воҳидҳои сохтории (филиали) ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ буда, манфиатҳои онро пуштибонӣ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Моддаи 26. Намояндагӣ

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ доранд, ки дар назди мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои шаҳрвандон ҳайатҳои эҷодӣ ва кормандони алоҳидаро намоянда таъин намоянд. Тартиби намоянда таъин кардани ҳайатҳои эҷодӣ ва кормандони алоҳидаи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 27. Нигаҳдории барномаҳои телевизион ва радио

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ӯҳдадоранд, ки сабти аудио ва видеои барномаҳоро баъд аз интишорашон то як моҳ маҳфуз доранд ва онҳоро ба қайд гирифта, дар он мавзӯъ, мазмуни мухтасар, рӯзи интишор, вақти оғозу анҷоми он, ному насаби муаллифон, муҳаррири барномаи телевизион ва радиоро зикр намоянд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Тартиб, мӯҳлат ва шартҳои муддати зиёд нигоҳ доштани барномаҳои телевизион ва радиоро, ки қадру қимати бадеӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва қадру қиммати дигар доранд, Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580).

БОБИ IV. Ҳуқуқ ва вазифаҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ва кормандони онҳо

Моддаи 28. Ҳуқуқи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ метавонанд барномаҳои телевизиону радио истеҳсол намоянд ё аз барномаҳою маҳсулоти аудиовизуалии дигар ташкилотҳое, ки иҷозатнома (литсензия) доранд, истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ барои эҷоди барномаҳо (филмҳо) ҳуқуқи муаллифӣ доранд, ҳамчунин ба онҳо тибқи қарордодҳои ба имзорасида ҳуқуқи муаллифӣ дода мешавад.

Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад, ки ба дигар ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он инҳоро иҷозат диҳад:

- пахши мустақими (интиқоли пахш) барномаҳои (филмҳои) худ, тасвиру овоз ё фурӯхтани сабтҳои барномаҳо (филмҳо), ки моли он аст, ҳамчунин сабти асарҳои мусиқӣ ва адабӣ-драмавӣ, ки онҳоро ташкилоти телевизион ва радио дар студия ё муассисаҳои театрӣ сабт намудааст (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Бе розигии ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ барномаҳои (филмҳои) вай дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184):

- барои истифодаи порчаҳои мухтасар - на зиёдтар аз 5 дақиқа аз ҳар барнома (филм);

- ба мақсадҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ.

Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ муносибатҳои худро бо дигар корхона, муассиса, ташкилот дар асоси шартнома ба роҳ мемонанд (Қонуни ҶТ аз 30.06.1999 № 814).

Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ надорад:

- маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахбору маводе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунад, шаъну шарафи давлат, Президент за шаҳрвандонро паст мезанад, ҷанг, зулму зӯроварӣ, терроризм ва экстремизмро дар ҳама гуна зуҳуроташон, хусумати нажодию миллӣ, маҳалгароӣ, бартарият ва оштинопазирии динӣ ё мазҳабӣ, фаҳшу фуҷурро таблиғ мекунад, ахлоқи ҷомеаро мекоҳонад, ба содир намудани дигар кирдори ҷиноятӣ мусоидат мекунад, пахш намояд(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

- маҳсулоти телевизион ва радио ва видеоро бе иҷозати соҳибонашон нусхабардорӣ кунад, намоиш диҳад ва фурӯшад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Дар сурати бе иҷозат истифода гардидани маҳсулоти худ ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад товони зарареро, ки дар натиҷаи поймол шудани ҳуқуқаш дидааст, талаб намояд.

Моддаи 29. ӯҳдадории ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ

Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ӯҳдадор аст:

- ахбори ҳаққониро паҳн намояд;

- ба пахш ва қабули барномаҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии дигар мамониат накунад;

- талаботи маъёрҳои давлатии технология ва хусусиятҳои техникии телевизион ва радиошунавониро риоя намояд;

- абонентҳоро пешакӣи аз тағйири барномаҳои телевизион ва радио, ҳамчунин оид ба шароити интишори онҳо воқиф намояд.

Моддаи 30. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро низомномаю оинномаҳои ин ташкилотҳо муайян мекунанд.

Моддаи 31. Ҳифзи иҷтимоии кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ

Кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматии худ аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҳалок гаштани кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳояшон ва ё меросхӯронашон кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми даҳ маоши солонаи шахси ҳалокшуда аз рӯи вазифаи охирини хидматиаш дода мешавад. Ба меросхӯрон ба андозаи маоши миёнаи қурбоншудагон нафақаи гум кардани саробон таъин мегардад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ маҷрӯҳ шудани корманди ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин васила имкони идома додани фаъолияти касбиашро аз даст додааст, ба вай кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми панҷ музди солонаи кор аз рӯи вазифаи охирини хидматии ӯ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Агар корманди ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҷароҳати дигар бардошта бошад, ба ӯ кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми панҷ маоши миёнаи якмоҳаашон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Тартиби пардохти маблағҳои дар моддаи мазкур зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 32. Маблағгузории ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)

Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).

Манбаъҳои даромади иловагии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ҳамчунин инҳо буда метавонанд:

- пардохти ҳаққи абонентӣ;

- фаъолияти рекламавӣ ва тиҷоратӣ;

- барномаҳои фармоиши телевизион ва радио;

- таҳия ва истеҳсоли барномаҳои телевизиону радио ва видеофилмҳо (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

- нашри рӯзнома, маҷалла, бюллетенҳои иттилоотӣ ва китобҳо;

- истеҳсол, фурӯш ва кирояи (прокати) кассетаҳои сабти овозу тасвир (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);

- ташкили спектаклҳо, консертҳо ва дигар чорабиниҳои намоишии пулакӣ;

- фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва навъҳои дигари фаъолият, ки қонун пешбинӣ кардааст;

- маблағҳои спонсорҳо, мақомоти давлатӣ, фондҳои хайрия ва фондҳои дигари ҷамъиятӣ, ҳамчунин шаҳрвандони алоҳида.

БОБИ V. Ҳамкории байналмилалӣ да соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7)

Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалии ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ

(Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7)

Ҳамкории ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ бо шарикони хориҷӣ дар асоси шартномаҳои имзошудаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси шартномаҳои мустақим сурат мегиранд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Фаъолияти иқтисодии хориҷии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ тибқи муқаррароти Қонун "Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва шартномаҳои байналмилалии дахлдор сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).

Моддаи 34. Фаъолияти намояндагони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти мухбирони хориҷии телевизион ва радиошунавонӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580, аз 29.04.2006 № 184).

Вазъи ҳуқуқӣ ва фаъолияти касбии намояндагони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ VI. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонун дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ

Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонун дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, кормандон, муассисони онҳо, ҳамчунин ашхоси дигар, ки муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.