Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022, № 1948 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 ноябри соли 2022,  № 902

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 декабри соли 2022, № 349

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ" аз 14 декабри соли 1996 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №24, мод. 408; с. 1998, №10, мод. 76; с. 1999, №6, мод. 166; с. 2000, №11, мод. 521; с. 2001, №7, мод. 481; с. 2004, №2, мод. 39; с. 2006, №4, мод. 197; с. 2013, №7, мод. 540; с. 2019, №1, мод. 19) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 11:

- дар қисми якум калимаи "шахси" ба калимаи "шахсони" иваз карда шавад;

- дар қисми дуюм калимаҳои "шахси ҳуқуқӣ" ба калимаҳои "шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 21:

- дар қисми якум калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар ҷумлаи дуюми қисми дуюм калимаҳои "дар дасти" ба калимаҳои "ба зиммаи" иваз карда шаванд.

3. Дар қисми дуюми моддаи 23 калимаҳои "Маҷлисҳои вилоятӣ ва дигар маҷлисҳои маҳаллӣ" ба калимаҳои "Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия" иваз карда шаванд.

4. Дар сархати дуюми қисми шашуми моддаи 28 калимаҳои "радио ва видеоро" ба калимаи "радиоро" иваз карда шаванд.

5. Дар ҷумлаи дуюми қисми дуюми моддаи 31 калимаҳои "нафақаи гум кардани саробон" ба калимаҳои "нафақа барои маҳрум шудан аз саробон" иваз карда шаванд.

6. Матни моддаи 33 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Ҳамкориҳои байналмилалии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.".

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 24 декабри соли 2022, № 1948

 

Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ТЕЛЕВИДЕНИИ И РАДИОВЕЩАНИИ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 10 ноября 2022 года, №902

Одобрить Постановлением ММ МОРТ

от 16 декабяря 2022 года, №349

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О телевидении и радиовещании" от 14 декабря 1996 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., № 24, ст. 408; 1998 г., № 10, ст. 76; 1999 г., № 6, ст. 166; 2000 г., № 11, ст. 521; 2001 г., № 7, ст. 481; 2004 г., № 2, ст. 39; 2006 г., № 4, ст. 197; 2013 г., № 7, ст. 540; 2019 г., № 1, ст. 19) следующие изменения:

1. В статье 11:

- в части первой слова "юридического лица" заменить словами "юридических лиц";

- в части второй слова "О Государственной регистрации юридических лиц" заменить словами "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей".

2. В части первой статьи 21 слова "Маджлиси Оли Республики Таджикистан" заменить словами "совместных заседаний Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан".

3. В части второй статьи 23 слова "областного и других местных маджлисов" заменить словами "Маджлиса народных депутатов ГорноБадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района".

4. В абзаце втором части шестой статьи 28 слова "теле-, радио-, видео-" заменить словами "теле-радио".

5. Текст статьи 33 изложить в следующей редакции:

"Международное сотрудничество организаций телевидения и радиовещания осуществляется в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан и международными правовыми актами, признанными Таджикистаном.".

6. В названии и тексте статьи 35 слово "нарушение" заменить словом "несоблюдение".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент   

Республики Таджикистан                                 Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 24 декабря 2022 года №1948