ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки тибқи Қонуни мазкур танзим мегарданд
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар натиҷаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ҳангоми таъсисдиҳӣ, аз нав ташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии онҳо, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо, пешбурди феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳои шахсони ҳуқуқӣ ба миён меоянд, танзим менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ
Қонунгузорӣ дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар қонунҳо, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ - амали мақоми ваколатдори давлатӣ дар мавриди ба расмият даровардани воқеияти ҳуқуқии таъсисдиҳӣ, аз нав ташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ мебошад. Шакли ҳатмии тасдиқи онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ё филиалҳои шахси ҳуқуқӣэътирофи расмии субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ, бе мақоми шахси ҳуқуқӣ мебошад. Шакли ҳатмии тасдиқи онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ - ҳуҷҷати расмии давлатӣ буда, дар бораи вазъи шахси ҳуқуқӣ гувоҳӣ медиҳад ва ҳамзамон, баробари дохилкунии маълумот дар бораи шахси ҳуқуқӣ ба феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ дода мешавад.
Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ - махзани ягонаи давлатии маълумоти иттилоотию таҳлилӣ оид ба таъсисдиҳӣ, аз нав ташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Моддаи 4. Мақсадҳои бақайдгирии давлатӣ
Бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсадҳои зерин анҷом дода мешавад:
- тасдиқи воқеияти таъсисдиҳӣ, аз нав ташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ;
- риояи мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон будани ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад, аз нав ташкил ё барҳам дода мешавад;
- пешбурди феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пешниҳод кардани маълумот дар бораи шахси ҳуқуқии таъсисдодашуда, аз нав ташкилгардида ва барҳамдодашуда.
Моддаи 5. Доираи амали Қонуни мазкур
Шахси ҳуқуқие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад, аз нав ташкил ё барҳам дода мешавад, сарфи назар аз самти фаъолият, шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва ҳайати муассисонаш (иштирокчиёнаш) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
Филиалҳо ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз қайди баҳисобгирӣ гузаранд.
Амали қонуни мазкур нисбат ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки таъсиси онҳо тибқи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ амал мекунанд, татбиқ намегардад.
Тартиби бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаро, ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ, Қонунҳои дахлдори онҳо муайян менамоянд.
Моддаи 6. Мақомоти давлатиии бақайдгирии бақайдгирии давлатӣ
Бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо анҷом дода мешавад.
Моддаи 7. Ваколатҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқии дар ҳудуди шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгирбуда, шахсони ҳуқуқӣ бо иштироки сармоягузории хориҷӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ;
- додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқии дар ҳудуди шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгирбуда, шахсони ҳуқуқӣ бо иштироки сармоягузории хориҷӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
- пешбурди феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳар семоҳа дар нашрияҳои расмии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор намудани рӯйхати шахсони ҳуқуқии ба қайд гирифташуда, аз нав ташкилгардида ва барҳамдодашуда;
- пешбурди қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳои шахси ҳуқуқӣ;
- дар ҳолатҳои муайяннамудаи Қонуни мазкур аз феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ ва бозхонди шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;
- ба мақомоти давлатии омор ва мақомоти андози маҳали ҷойгиршавӣ додани маълумот дар бораи шахси ҳуқуқии таъсисёфта, аз нав ташкилшуда ва барҳамхӯрда;
- иҷрои дигар ваколатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур.
Моддаи 8. Ваколатҳои Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо
Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқии дар ҳудуди вилоят воқеъбуда, ба истиснои шахсони ҳуқуқии дар сархати 1 моддаи 7 Қонуни мазкур зикргардида;
- додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқии дар вилоятҳо воқеъбуда, ба истиснои шахсони ҳуқуқии дар сархати 2 моддаи 7 Қонуни мазкур зикргардида;
- пешбурди феҳристи давлатии шахсони ҳуқуқии худудҳои дахлдор;
- ҳар моҳ пешниҳод намудани маълумот ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ;
- пешбурди қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳои шахси ҳуқуқӣ;
- ба мақомоти давлатии омор ва мақомоти андози маҳали ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ додани маълумот дар бораи шахси ҳуқуқии таъсисёфта, аз нав ташкилшуда ва барҳамхӯрда;
- иҷрои дигар ваколатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур.
Моддаи 9. Тартиби бақайдгирии давлатии таъсиси шахси ҳуқуқӣ
Барои бақайдгирии таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба мақоми дахлдори бақайдгиранда ариза, бо замимаи ҳуҷҷатҳои зайл, пешниҳод карда мешавад:
- ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки моддаи 53 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
- қарори муассис дар бораи таъсиси шахси ҳуқуқӣ. Агар муассиси шахси ҳуқуқӣ якчанд шахс бошанд, ин гуна қарор дар маҷлиси умумии муассисон қабул карда шуда, ба мақоми бақайдгиранда протоколи маҷлиси умумии муассисон пешниҳод мегардад, ки он бояд масъалаҳои зайлро дар бар гирад:
а) қарор дар бораи таъсисдиҳӣ;
б) қарор дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;
в) қарор дар бораи таъин намудани роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ;
- нусха аз феҳристи ягона дар мавриди бақайдгирии давлатӣ, агар муассиси (муассисони) шахси ҳуқуқӣ дигар шахси ҳуқуқӣ бошад;
- малумот дар бораи ин шахси воқеӣ, агар муассиси (муассисони) шахси ҳуқуқӣ шахси воқеӣ бошад;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавӣ, ки мақоми давлатии ваколатдор пешниҳод намудааст;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳуҷҷат дар бораи ташкили фонди оинномавӣ;
- квитансия ё нусхаи супориши пардохтӣ дар бораи пардохти боҷи давлатӣ.
Ариза ва ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо муассис (муассисон) ва ё шахси ваколатдорнамудаи он, агар шахси воқеӣ бошад, имзо мекунад, агар муассис (муассисон) шахси ҳуқуқи бошад ҳуҷҷатҳои номбурдаро роҳбари он имзо мекунад, ки бо муҳр тасдиқ карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои номбурда дар ду нусха пешниҳод карда мешаванд, ки баъди бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ як нусхаи онҳо бо тасдиқи мақоми дахлдори бақайдгири якҷоя бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба аризадиҳанда дода мешавад.
Муассис (муассисон) дар давоми як моҳ аз лаҳзаи қабули ҳуҷҷатҳои таъсиси бояд ба мақоми бақайдгиранда оиди бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқи муроиҷиат намояд.
Бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби мақоми бақайдгиранда дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз аз лаҳзаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар ҳамин модда зикргардида анҷом дода мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар мӯҳлатро пешбинӣ накарда бошад.
Дар мӯҳлати 10 рӯз аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ мақоми бақайдгиранда мақомоти давлатии омор ва мақомоти андози маҳали ҷойгиршавии шахси ҳуқуқиро оиди амали иҷрошуда огоҳ месозад.
Моддаи 10. Додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ
Аз рӯи натиҷаҳои баррасии ҳуҷҷатҳои дар моддаи 9 Қонуни мазкур зикргардида ва мавҷудияти хулосаи санҷиши ҳуқуқӣ мақоми бақайдгиранда ба шахси ҳуқуқӣ ё намояндаи он шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ медиҳад ё мутобиқи моддаи 13 Қонуни мазкур додани онро рад менамояд.
Намунаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, инчунин низомномаи тартиби гузаронидани санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ барои оғози намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки шахси ҳуқуқӣ танҳо баъди гирифтани иҷозатнома (литсензия) ҳуқуқ дорад, асос шуда наметавонад.
Барои тайёр намудани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва дигар хароҷотҳои вобаста ба бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ муассис (муассисон) ба андозаи 2 маоши ҳадди ақал ба ҳисоби мақоми бақайдгиранда маблағи пулӣ мегузаронад.
Моддаи 11. Қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳо
Қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳои шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби мақоми бақайдгиранда анҷом дода мешавад. Барои қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳои шахси ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- аризаи шахси ҳуқуқӣ дар бораи қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали он;
- нусхаи аз тарафи нотариуси давлатӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, ки намояндагӣ ё филиал таъсис медиҳад;
- қарори мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ;
а) дар бораи таъсиси намояндагӣ ё филиал;
б) дар бораи тасдиқи низомнома;
в) дар бораи таъин намудани роҳбари намояндагӣ ё филиал;
- низомномаи намояндагӣ ё филиали шахси ҳуқуқӣ;
- ваколатнома, ки ба роҳбари намояндагӣ ё филиали шахси ҳуқуқӣ дода шудааст;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маҳали ҷойгиршавии намояндагӣ ё филиали шахси ҳуқуқӣ;
- квитансия ё нусхаи супориши пардохтӣ дар бораи пардохти боҷи давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маълумот дар бораи намояндагӣ ё филиали шахси ҳуқуқӣ ба феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ворид карда мешавад. Аз натиҷаи қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиалҳои шахси ҳуқуқӣ нусха аз феҳрист дода мешавад.
Тасдиқи ҳуҷҷатҳои дар қисми якуми моддаи мазкур номбаршуда ва қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиалҳои шахси ҳуқуқӣ бо тартиб ва дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи моддаи 9 Қонуни мазкур анҷом дода мешавад.
Моддаи 12. Боҷи давлатӣ
Барои бақайдгирии давлати шахсони ҳуқуқӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои онҳо мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
Моддаи 13. Рад намудани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ
Бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои онро бо асосҳои зерин рад кардан мумкин аст:
- риоя накардани талаботи қонунгузорӣ оид ба тартиби таъсиси шахси ҳуқуқӣ;
- номутобиқатии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар ҳолате, ки агар айнан бо ҳамин ном дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда бошад.
Асосҳо барои рад кардани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ дар хулосаи санҷиши ҳуқуқӣ нишон дода мешаванд.
Рад кардани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ бо далели мувофиқи мақсад набудани таъсиси он манъ аст.
Дар мавриди рад кардани бақайдгирии давлатӣ, инчунин саркашӣ аз бақайдгирии давлатӣ ба суд шикоят намудан мумкин аст.
Моддаи 14. Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ
Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда мешавад.
Ба феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ маълумоти зерин ворид карда мешаванд:
- номи шахси ҳуқуқӣ, инчунин маълумот оид ба намояндагӣ ва филиалҳои он;
- суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, намояндагӣ ва филиалҳои он;
- шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ;
- маълумот дар бораи фонди оинномавӣ;
- маълумот дар бораи муассиси (муассисони) шахси ҳуқуқӣ;
- рақам ва санаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатип шахси ҳуқуқӣ;
- маълумот дар хусуси литсензиякунонии навъи фаъолияти шахси ҳуқуқӣ;
- маълумот дар хусуси аз нав бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ;
- маълумоти харсола дар бораи фаъолият намудани шахси ҳуқуқӣ;
- маълумот дар хусуси дар ҷараёни аз нав ташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳӣ қарор доштани шахси ҳуқуқӣ;
- маълумот дар хусуси аз нав ташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ.
Шахсони ҳуқуқӣ, намояндагиҳо ва филиалҳои онҳо, ки мутобиқи ҳамин Қонун ба қайд гирифта шудаанд, вазифадоранд ҳар сол то 1 март ба мақоми бақайдгиранда дар бораи фаъолият намудани худ ҷиҳати ворид намудан ба феҳристи ягонаи давлатӣ маълумот пешниҳод намоянд.
Риоя накардани талаботи қисми сеюми ҳамин модда мақоми бақайдгирандаро аз масъулият барои саҳеҳии маълумоти ба феҳристи ягонаи давлатӣ воридгардида озод менамояд ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассис (муассисон) ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Пеш аз ин мақоми бақайдгиранда бояд шахси ҳуқуқиро дар бораи пешниҳоди маълумоти ҳарсола, ки барои ворид намудан ба феҳрист зарур аст, огоҳ созад.
Моддаи 15. Баҳисобгирии омории шахси ҳуқуқӣ
Мақоми омори давлатӣ дар асоси маълумоти пешниҳодкардаи мақоми бақайдгиранда вазифадор аст ба феҳристи давлатии корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо додани рамзҳои ҳаммонандкардашудаи таснифи умумии корхонаҳо ва ташкилотҳо, рамзҳои таснифотӣ ва мактуби иттилоотӣ оид ба додани рамзҳои таснифи умумии корхонаҳо ва ташкилотҳо дар хусуси бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ маълумот дохил намояд.
Моддаи 16. Аз нав бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ
Шахси ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зерин бояд аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шавад:
- ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ;
- азнавташкилшавии шахси ҳуқуқӣ;
- бо қарори суд, ки нисбати азнавташкилшавии шахси ҳуқуқӣ қабул шудааст;
- дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқии ба қайд гирифташуда, агар дар қонунгузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бо қарори муассис (муассисон) ё дигар мақоми ваколатдор ворид карда мешавад.
Дар сурати ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ворид намудани тағйироту иловаҳо шахси ҳуқуқӣ вазифадор аст дар мӯҳлати як моҳ аз лаҳзаи қабули қарор дар хусуси ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ворид намудани тағйироту иловаҳо ба мақомоти бақайдгиранда дар бораи аз нав бақайдгирӣ ариза диҳад.
Аз нав бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ дар асоси талаботи сархати 1 ва 4 қисми 1 моддаи мазкур бе пардохти боҷи давлатӣ гузаронида мешавад.
Ҳангоми аз нав бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ба мақоми бақайдгиранда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза дар бораи аз нав бақайдгирӣ;
- қарори мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ворид намудани тағйироту иловаҳо;
- ҳуҷҷатҳои таъсисӣ бо тағйироти воридкардашуда, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шудааст;
- ҳуҷҷатҳои таъсисии собиқ ба қайд гирифташуда ва Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ (нусхаи асл);
- тасдиқномаи дар қайди нозироти андоз будани шахси ҳуқуқӣ;
- маълумотномаи тасдиқкунандаи суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ;
- квитансия ё супориши пардохти дар бораи пардохти боҷи давлатӣ, агар дар қонунгузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Мақоми бақайдгиранда вобаста ба натиҷаҳои аз нав бақайдгирӣ шаҳодатнома дар бораи аз нав бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ медиҳад.
Ҳангоми аз нав ташкилдихии шахси ҳуқуқӣ (муттаҳидкунӣ, тақсимкунӣ, ҳамроҳкунӣ, табдилдиҳӣ, ҷудокунӣ) ба мақоми бақайдгиранда инчунин санади супоридан интиқол ё тавозуни (баланси) тақсимот, бо зикри муқаррарот дар мавриди вориси ҳуқуқии дахлдор оид ба ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии аз нав ташкилшаванда, пешниҳод карда мешавад.
Тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ тибқи ҳамон тартиб ва ҳамон мӯҳлатҳое, ки барои бақайдгирии давлатии таъсиси шахси ҳуқуқӣ заруранд, ба қайди давлатӣ гирифта мешавад ва аз лаҳзаи чунин бақайдгирӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад.
Моддаи 17. Додани нусха (дубликат)-и шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва шаҳодатнома дар бораи аз нав бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ
Дар сурати гум кардан ва дигар ҳолатҳои лозимӣ мувофиқи аризаи шахси ҳуқуқӣ мақоми бақайдгиранда дар давоми 10 рӯз супурдани нусхаи (дубликат)- и шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва шаҳодатнома дар бораи аз нав бақайдгирии шахси ҳуқуқиро анҷом медиҳад.
Моддаи 18. Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ
Муассиси (иштирокчии) шахси ҳуқуқӣ ё мақоме, ки дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ қарор қабул намудааст, вазифадор мебошад дар бораи қабули чунин қарор бетаъхир ба мақоми бақайдгиранда хабар диҳад.
Мақоми бақайдгиранда қарорро дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ гирифта, риоя гардидани қоидаҳои барҳамдиҳиро месанҷад ва вобаста ба натиҷаҳои санҷиш ба феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ дар хусуси дар ҷараёни барҳамдиҳӣ қарор доштани шахси ҳуқуқӣ маълумот ворид менамояд.
Молики амволи шахси ҳуқуқӣ ё мақоми ваколатдоршуда, ки дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ қарор қабул кардааст, ба мақоми дахлдори бақайдгиранда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- ариза;
- нусхаи қарор дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ;
- нусхаҳои асли ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ё шаҳодатнома дар бораи аз нав бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ;
- санади барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби молик ё мақоми ваколатдор тасдиқ шудааст.
Мақоми бақайдгиранда дар муддати даҳ рӯз аз лаҳзаи ба охир расидани ҷараёни барҳамдиҳӣ вазифадор аст:
- риоя шудани тартиби барҳамдиҳиро тафтиш намояд;
- ба феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ маълумот ворид намояд;
- ба мақомоти омор ва мақомоти андози маҳали ҷойгиршавии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ хабар диҳад;
- аз феҳристи ягонаи давлатӣ нусха диҳад.
Шахси ҳуқуқӣ аз рӯзи ба феҳристи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ворид намудани маълумоти дахлдор барҳамхӯрда ба ҳисоб меравад.
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 20. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сабти давлатии корхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли соли 1991 "Дар бораи сабти давлатии корхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, с.1991, №5, моддаи 39, Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №23-24, моддаи 333. Фасли V) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 21. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазукр пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
22 апрели соли 2003 № 5
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О государственной регистрации юридического лица
Статья 1. Отношения, регулируемые настоящим Законом
Настоящий Закон регулирует отношения, возникающие в связи с государственной регистрацией юридических лиц при их создании, реорганизации и ликвидации, внесении и изменений и дополнений в их учредительные документы, ведении единого государственного реестра юридических лиц и учётной регистрации представительств и филиалов юридических лиц.
Статья 2. Законодательство о государственной регистрации юридического лица
Законодательство о государственной регистрации юридического лица основывается на Конституции Республики Таджикистан, состоит из настоящего Закона, других законов, а также международных правовых актов, приданных Республикой Таджикистан
Статья 3. Основные понятия
Государственная регистрация юридического лица - действия уполномоченного государственного органа по оформлению юридического факта создания, реорганизации и ликвидации юридического лица Обязательная форма ее утверждения устанавливается законодательством Республики Таджикистан;
Учётная регистрация представительств или филиалов юридического лица - официальное признание субъекта хозяйственной деятельности без статуса юридического лица. Обязательная форма ее утверждения устанавливается законодательством Республики Таджикистан;
Свидетельство о государственной регистрации - официальный государственный документ, свидетельствующий о статусе юридического лица, выдаваемый одновременно с внесением сведений о юридическом лице в единый государственный реестр юридических лиц;
Единый государственный реестр юридических лиц - единый государственный информационно-аналитический банк данных о создаваемых, реорганизуемых и ликвидируемых юридических лицах на территории Республики Таджикистан.
Статья 4. Цели государственной регистрации
Государственная регистрация юридических лиц на территории Республики Таджикистан осуществляется с целью;
-подтверждения факта создания, реорганизации и ликвидации юридического лица;
-соблюдения соответствия с законодательством Республики Таджикистан учредительных документов создаваемого, реорганизуемого или ликвидируемого юридического лица на территории Республики Таджикистан;
-ведения единого государственного реестра юридических лиц;
-представления сведений о созданном, реорганизованном и ликвидированном юридическом лице в установленном законодательном порядке.
Статья 5. Сфера действия настоящего Закона
Юридическое лицо, создаваемое, реорганизуемое или ликвидируемое на территории Республики Таджикистан, независимо от направления его деятельности, организационно-правовой формы и состава своих учредителей (участников), в порядке, установленном настоящим Законом, подлежит государственной регистрации.
Филиалы и представительства юридического лица, независимо от форм собственности, подлежат учётной регистрации, в порядке, установленном настоящим Законом,
Действие настоящего Закона не распространяется на органы государственной власти, действующие как юридические лица, порядок создания которых определяется другими законами Республики Таджикистан.
Порядок государственной регистрации политических партий, общественных, религиозных организаций и средств массовой информации как юридических лиц определяется соответствующими законами.
Статья 6. Государственные органы государственной регистрации
Государственная регистрация юридического лица на территории Республики Таджикистан осуществляется Министерством юстиции Республики Таджикистан, управлениями юстиции Горно-Бадахшанской автономной области и областей.
Статья 7. Полномочия Министерства юстиции Республики Таджикистан
Министерство юстиции Республики Таджикистан имеет следующие полномочия:
-осуществляет правовую проверку учредительных документов юридических лиц, расположенных на территории города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения, юридических лиц с участием иностранных инвестиции, финансовых организаций и международных общественных объединений, расположенных на территории Республики Таджикистан независимо от организационно-правовых форм;
-выдает свидетельства о государственной регистрации юридических лиц, расположенных на территории города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения, юридических лиц с участием иностранных инвестиций, финансовых организаций и международных общественных объединений, расположенных на территории Республики Таджикистан независимо от организационно- правовых форм;
-ведет единый государственный реестр юридических лиц Республики Таджикистан;
-ежеквартально публикует в официальных изданиях Министерства юстиции Республики Таджикистан перечень регистрированных, реорганизованных и ликвидированных юридических лиц;
-ведет учетную регистрацию представительств и филиалов юридического лица;
-в случаях, определенных настоящим Законом, исключает из единого государственного реестра юридическое лицо и изымает свидетельство о государственной регистрации юридического лица;
-сообщает государственным органам статистики и налоговым органам по месту нахождения юридического лица сведения о создании, реорганизации и ликвидации юридического лица;
-осуществляет иные полномочия, предусмотренные настоящим Законом.
Статья 8. Полномочии управлений юстиции Горно-Бадахшанской автономной области и областей
Управления юстиции Горно-Бадахшанской автономной области и области имеют следующие полномочия:
-осуществляют правовую проверку учредительных документов юридических лиц, расположенных на территории области, за исключением юридических лиц, указанных в абзаце 1 статьи 7 настоящего Закона;
-выдают свидетельства о государственной регистрации юридических лиц, расположенных на территории области, за исключением юридических лиц, указанных в абзаце 2 статьи 7 настоящего Закона;
-несут государственный реестр юридических лиц на соответствующей территории;
-ежемесячно предоставляют Министерству юстиции Республики Таджикистан сведения о государственной регистрации юридических лиц;
-ведут учетную регистрацию представительств и филиалов юридических лиц;
-сообщают государственным органам статистики и налоговым органам по месту нахождения юридического лица о создании, реорганизации и ликвидации юридического лица;
-осуществляют иные полномочия, предусмотренные настоящим Законом
Статья 9. Порядок государственной регистрации создания юридического лица
Для государственной регистрации создания юридического лица в соответствующий регистрирующий орган подается заявление с приложением следующих документов:
-учредительные документы юридического лица, предусмотренные статьей 53 Гражданского кодекса Республики Таджикистан;
-решение учредителя о создании юридического лица. Если учредителями юридического лица являются несколько лиц, такое решение принимается на общем собрании учредителей и в регистрирующий орган представляется протокол общего собрания учредителей, который должен включать следующие вопросы:
а) решение о создании;
б) решение об утверждении учредительных документов,
в)решение о назначении руководителя исполнительного органа юридического лица;
-выписка из единого реестра о государственной регистрации, если учредителем (учредителями) юридического лица является другое юридическое лицо;
-сведения о физическом лице, если учредителем (учредителями) является физическое лицо;
-документы, подтверждающие юридический адрес и место расположения, представленные уполномоченным государственным органом;
-документ о формировании уставного фонда в случаях, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан;
-квитанция или копия платежного поручения об уплате государственной пошлины.
Заявление и документы, указанные в первом и втором абзацах части 1 настоящей статьи, подписываются учредителем (учредителями) или его уполномоченным лицом, если оно является физическим лицом, если учредитель (учредители) является юридическим лицом, указанные документы подписываются руководителем и заверяются печатью. Указанные документы представляются в двух экземплярах, один из которых после государственной регистрации юридического лица заверяется соответствующим органом регистрации и выдается заявителю вместе со свидетельством о государственной регистрации.
Учредитель (учредители) должен обратиться в регистрирующий орган для государственной регистрации юридического лица в течение одного месяца с момента принятии учредительных документов.
Государственная регистрация юридического лица производится регистрирующим органом в срок не позднее 10 дней с момента представления указанных в настоящей статье документов, если иной срок не предусмотрен законодательством Республики Таджикистан.
В десятидневный срок со дня государственной регистрации юридического лица регистрирующий орган уведомляет государственные органы статистики и налоговые органы по месту нахождения юридического лица о произведенном действии.
Статья 10. Выдача свидетельства о государственной регистрации юридического лица
По результатам рассмотрения документов, указанных в статье 9 настоящего Закона, и при наличии заключения правовой проверки регистрирующий орган выдает учредителю или его представителю свидетельство о государственной регистрации юридического лица либо отказывает в нем в соответствии со статей 13 настоящего Закона.
Образец свидетельства о государственной регистрации юридического лица, а также Положение о порядке проведения правовой проверки учредительных документов юридического лица утверждается Министерством юстиции Республики Таджикистан.
Выдача свидетельства о государственной регистрации юридического лица не является основой для начала занятия отдельными видами деятельности, которые юридическое лицо вправе осуществлять только после получения разрешения (лицензии).
Для изготовления свидетельства о государственной регистрации юридического лица и других расходов, связанных с государственной регистрацией юридических лиц, учредитель (учредители) перечисляет в счёт регистрирующего органа денежные средства в размере 2-х минимальных заработных плат.
Статья 11. Учетная регистрация представительств и филиалов
Учетная регистрация представительств и филиалов юридического лица осуществляется соответствующим регистрирующим органом. Для учетной регистрации представительств или филиалов юридического лица представляются следующие документы:
- заявление юридического лица об учетной регистрации его представительства или филиала;
-заверенные государственным нотариусом копии учредительных документов юридического лица, создающего представительство или филиал;
-решение уполномоченного органа юридического лица:
а) о создании представительства или филиала;
б) об утверждении положения;
в) о назначении руководителя представительства или филиала,
- положение о представительстве или филиале юридического лица;
-доверенность, выданная руководителю представительства или филиала юридического лица.
-документ, подтверждающий местонахождение филиала или представительства юридического лица;
-квитанция иди платежное поручение об уплате государственной пошлины в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
Сведения о представительствах или филиалах юридического лица вносятся в единый государственный реестр юридических лиц. По результатам учетной регистрации представительств и филиалов юридического лица выдается выписка из реестра.
Утверждение документов, указанных в части первой настоящей статьи, и учетная регистрация представительств и филиалов юридического лица осуществляются в порядке и сроки предусмотренные в статье 9 настоящего Закона.
Статья 12. Государственная пошлина
За государственную регистрацию юридических лиц и учетную регистрацию их представительств и филиалов взимается государственная пошлина в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.
Статья 13. Отказ к государственной регистрации юридического лица
В государственной регистрации юридического лица и учетной регистрации его представительств и филиалов может быть отказано по следующим основаниям:
-несоблюдения требовании законодательства о порядке учреждения юридического лица;
-несоответствия представленных им документов законодательств Республики Таджикистан;
-в случае если под идентичным наименованием на территории Республики Таджикистан зарегистрировано другое юридическое лицо.
Основания отказа в государственной регистрации юридического лица указываются в заключении правовой проверки.
Отказ в государственной регистрации юридического лица по мотивам нецелесообразности его создания запрещается.
Отказ в государственной регистрации, а также уклонение от государственной регистрации могут быть обжалованы в суде
Статья 14. Единый государственный реестр юридических лиц
Единый государственный реестр юридических лиц на территории Республики Таджикистан ведется Министерством юстиции Республики Таджикистан.
В единый государственный реестр юридических лиц вносятся:
-наименование юридического лица, а также сведения о его представительствах и филиалах,
-юридический адрес и местонахождение юридического лица, его представительств и филиалов;
-организационно-правовая форма юридического лица,
-сведения об уставном фонде;
-сведения об учредителе (учредителях) юридического лица;
-номер и дата свидетельства о государственной регистрации юридического лица;
-сведения о лицензировании вида деятельности юридического лица;
-сведения о перерегистрации юридического лица;
-ежегодные сведения о функционировании юридического лица;
-сведения о нахождении юридического лица в процессе реорганизации или ликвидации,
-сведения о реорганизации или ликвидации юридического лица.
Юридические лица, их представительства и филиалы, зарегистрированные в соответствии с настоящим Законом, обязаны ежегодно до 1 марта представлять в регистрирующий орган сведения о своем функционировании для занесения в единый государственный реестр.
Несоблюдение требований части третьей настоящей статьи освобождает регистрирующий орган от ответственности за достоверность сведений, занесенных в единый государственный реестр и в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, учредитель (учредители) привлекается к ответственности.
Перед этим регистрирующий орган обязан предупредить юридическое лицо о представлении ежегодных сведений, необходимых для внесения в реестр.
Статья 15. Статистический учет юридического лица
Орган государственной статистики на основании представленных сведений регистрирующего органа обязан включить в государственный реестр предприятий и организаций Республики Таджикистан сведения о государственной регистрации юридических лиц с присвоением идентификационного кода общей классификации предприятий и организаций, классификационных кодов и выдачей информационного письма с присвоением кода общей классификации предприятий и организаций.
Статья 16. Государственная перерегистрация юридического лица
Юридическое лицо подлежит государственной перерегистрации в следующих случаях:
-внесения изменений и дополнений в учредительные документы юридического лица;
-реорганизации юридического лица;
-принятия решения суда в отношении реорганизации юридического лица;
-в других случаях, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.
Изменения и дополнения в учредительные документы зарегистрированных юридических лиц вносятся решением учредителя (учредителей) или иного уполномоченного органа, если иное не предусмотрено в законодательстве.
В случае внесения изменений и дополнений в учредительные документы юридическое лицо обязано в месячный срок с момента принятия решения о внесении изменений и дополнений в учредительные документы представить в регистрирующий орган заявление о перерегистрации.
Государственная перерегистрация юридического лица на основании абзацев I и 4 части настоящей статьи проводится без взимания государственной пошлины.
При государственной перерегистрации юридических лиц в регистрирующий орган представляются следующие документы:
-заявление о перерегистрации;
-решение уполномоченного органа юридического лица о внесении изменений и дополнений в учредительные документы;
-учредительные документы с внесенными изменениями, утвержденные в установленном порядке;
-ранее зарегистрированные учредительные документы и свидетельство о государственной регистрации (подлинник);
-подтверждение учета юридического лица в соответствующем налоговом органе;
-справка, подтверждающая юридический адрес и местонахождение юридического лица;
-квитанция или платежное поручение об уплате государственной пошлины, если иное не установлено законодательством.
По результатам перерегистрации регистрирующий орган выдает свидетельство о перерегистрации юридического лица.
При реорганизации (слиянии, разделении, присоединении, преобразовании, выделении) юридического лица в регистрирующий орган представляется также акт о передаче или разделительный баланс с указанием положений о соответствующем правопреемнике по обязательствам реорганизуемого юридического лица.
Изменения и дополнения в учредительные документы юридического лица подлежат государственной регистрации в том же порядке и в те же сроки, что и государственная регистрация создания юридического лица, и приобретают юридическую силу с момента такой регистрации.
Статья 17. Выдача дубликата свидетельства о государственной регистрации юридического лица и свидетельства о перерегистрации юридического лица
В случае утери или иной необходимости по заявлению юридического лица регистрирующий орган в течение 10 дней производит выдачу дубликата свидетельства о государственной регистрации юридического лица и свидетельства о перерегистрации юридического лица.
Статья 18. Государственная регистрация ликвидации юридического лица
Учредитель (участник) юридического лица или орган, принявший решение о ликвидации юридического лица, обязан незамедлительно сообщить в регистрирующий орган о принятии такого решения.
Регистрирующий орган, получив решение о ликвидации юридического лица, проверяет соблюдение правил ликвидации и по результатам проверки вносит в единый государственный реестр юридических лиц сведения о нахождении юридического лица в стадии ликвидации
Собственник имущества юридического лица или уполномоченный орган, принявший решение о ликвидации юридического лица, представляет в соответствующий регистрирующий орган следующие документы:
-заявление:
-копию решения о ликвидации юридического лица;
-подлинники учредительных документов, свидетельства о государственной регистрации или перерегистрации юридического лица;
-ликвидационный акт юридического лица, утвержденный собственником или уполномоченным органом.
Регистрирующий орган в течение десяти дней с момента окончания процесса ликвидации:
-проверяет соблюдение порядка ликвидации;
-вносит в единый государственный реестр юридических лиц сведения о ликвидации юридического лица;
-сообщает органам статистики и налоговым органам по месту нахождения ликвидируемого юридического лица о ликвидации юридического лица,
-выдает выписку из единого государственного реестра.
Юридическое лицо считается ликвидированным с момента внесения соответствующих данных в единый государственный реестр юридических лиц
Статья 19. Ответственность за нарушение Закона
Лица, нарушившие положения настоящего Закона, несут ответственность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
Статья 20. О признании утратившим силу Закона Республики Таджикистан "О государственной регистрации предприятии в Республике Таджикистан"
Признать утратившим силу Закон Республики Таджикистан от 21 февраля 1991 года "О государственной регистрации предприятий в Республике Таджикистан" (Ведомости Верховного Совета Таджикской ССР, 1991 г , № 5, ст. 39, Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997 г., № 23-24, ст. 333, глава V)
Статья 21. О введении в действие настоящего Закона
Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Э. РАХМОНОВ
г. Душанбе,
22 апреля 2003 года №5