Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999 № 814 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ"

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, № 24, мод.408; с.1998, № 10, мод.76) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад:

1. Ба моддаи 2 қисмҳои дуюм ва сеюми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Қонуни мазкур нисбат ба пахш ва истеҳсолкунандагони асари аудиовизуалӣ, ки дар Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис шудаанд, аммо барои берун аз ҳудуди он таъсисёфтагон танҳо дар қисмати ба пахши иттилооти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлдошта татбиқ мегардад.

Муқаррароти Қонуни мазкур барои эфири телевизион ва радиошунавонӣ ба пуррагӣ ҳангоми ба амал баровардани телевизион ва радиошунавонӣ бо истифода аз шабакаҳои кабелӣ, ноқилӣ, спутникӣ, бисёрканалаи рақамӣ, компютерӣ, аз ҷумла шабакаи байналмилалӣ (интернет) ва дигар шабакаюҳо татбиқ мегардад, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинй нашуда бошад".

2. Ба Қонун моддаи 5.1 дорои мазмуни зайл илова гардад:

"Моддаи 5.1 Танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ

Танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:

- таҳия ва таъмини амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ;

- назорат ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ;

- назорат аз болои барномаҳо ва ахбори телевизиону радио, ки аз эфир пахш мешаванд ва аз болои сифати техникии пахш;

- вазифаҳои дигари бо қонун пешбинишуда.

Низомномаи Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад".

3. Дар моддаи 11 калимаҳои "муассиса, корхона, ташкилоте" бо калимаҳои "танҳо корхона, муассиса, ташкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми чоруми моддаи 28 калимаҳои "мақомоти давлатӣ" бо калимаҳои "корхона, муассиса, ташкилот" иваз карда шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш.Душанбе 

 30 июни соли 1999 № 814

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ТЕЛЕВИДЕНИИ И РАДИОВЕЩАНИИ""

Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Ввести в Закон Республики Таджикистан от 14 декабря 1996 года "О телевидении и радиовещании" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996г., №24, ст.408; 1998г., №10, ст.76) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 2 дополнить частями второй и третьей следующего содержания:

"Настоящий Закон применяется в отношении вещателей и производителей аудиовизуального произведения, учрежденных в Республике Таджикистан, а для учрежденных вне ее пределов - только в части, касающейся распространения их информации в Республике Таджикистан.

Положения настоящего Закона для эфирного радиовещания применяются в полном объеме при осуществлении телерадиовещания с использованием кабельной, проводной, спутниковой, многоканальной, цифровой, компьютерной, включая интернет, и иных сетей, если законом не установлено иное".

2. Дополнить Закон статьей 5.1 следующего содержания:

"Статья 5.1. Государственное регулирование и контроль в области телерадиовещания

Государственное регулирование и контроль в области телерадиовещания осуществляет Правительство Республики Таджикистан через Комитет по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан.

Комитет по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан в пределах своей компетенции осуществляет следующие функции:

- разработка и обеспечение реализации государственной политики в области телевидения и радиовещания;

- контроль за соблюдением телерадиоорганизациями требований настоящего Закона;

- контроль вышедших в эфир телерадиопрограмм, телерадиопередач, информации и за техническим качеством вещания;

- иные функции, предусмотренные законом.

Положение о Комитете по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан утверждается Правительством Республики Таджикистан".

3. В статье 11 слова "предприятие, учреждение, организация" заменить словами "только предприятие, учреждение, организация Республики Таджикистан".

4. В части четвертой статьи 28 слова "государственными органами" заменить словами "предприятиями, учреждениями, организациями".

Президент

Республики Таджикистан                   Э.РАХМОНОВ

г.Душанбе,

30 июня 1999 года, № 814