Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, № 591 "Дар бораи Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда


Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).

2.Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ амалигардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардидаро таъмин намоянд.

3.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 267 «Дар бораи Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда» аз эътибор соқит дониста шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 августи соли 2026, № 591


...

Правительства Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ 

О Положении о диссертационном совете, Порядке присуждения ученых степеней, Порядке присвоения ученых званий и Порядке государственной регистрации защищённых диссертаций

В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан «О научной деятельности и государственной научно-технической политике», статьей 28 Закона Республики Таджикистан «О высшем и послевузовском профессиональном образовании» и статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить Положение о диссертационном совете, Порядок присуждения ученых степеней, Порядок присвоения ученых званий и Порядок государственной регистрации защищённых диссертаций (приложения 1, 2, 3, 4).

2.Государственному учреждению «Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан», Министерству образования и науки Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Национальной академии наук Таджикистана, отраслевым академиям, учреждениям высшего профессионального образования и послевузовского профессионального образования обеспечить реализацию указанных нормативных правовых актов.

3.Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 июня 2021, года №267 «О Положении о диссертационном совете, Порядке присуждения ученых степеней, Порядке присвоения ученых званий и Порядке государственной регистрации защищённых диссертаций».

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                             Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 августа 2026 года, № 591
...