×

Тартиби додани унвонҳои илмӣ аз 28 августи соли 2026, № 591

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «28» августи соли 2026, № 591

Тартиби додани унвонҳои илмӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Тартиби додани унвонҳои илмӣ (минбаъд – Тартиби мазкур) асосҳои ҳуқуқӣ, талабот ва меъёрҳои дарёфти унвони илмии дотсент ё профессор (минбаъд – унвони илмӣ), эътирофи ҳуҷҷатҳои хориҷӣ оид ба додани унвонҳои илмӣ, маҳрум сохтан ва барқарор кардани унвони илмиро муқаррар менамояд.

2.Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода мегарданд:

- унвони илмӣ – мақоми расмие, ки барои фаъолияти пайвастаи омӯзгорӣ, илмӣ-методӣ, таҳқиқотӣ, ки бо дастовардҳои таълимию методӣ ва илмӣ дар соҳаи илму маориф саҳмгузор аст, қадрдонӣ карда мешавад;

- довталаби дарёфти унвони илмӣ – (дотсент, профессор) шахсе, ки дорои дараҷаи илмӣ, таҷрибаи фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ-методӣ, ки бо дастовардҳои худ дар рушди илму маориф ва омода намудани мутахассисон, кормандони илмӣ-омӯзгорӣ саҳм гузоштааст, аз ҷониби муассиса барои додани унвони илмӣ ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссия) пешниҳод мегардад;

- парвандаи аттестатсионӣ – маҷмуи ҳуҷҷатҳоест, ки аз ҷониби муассиса пешниҳод гардида, ба раванди аттестатсияи довталаби дарёфти унвони илмӣ алоқаманд мебошад;

- экспертиза – тартиби махсуси арзёбии илмӣ-методӣ ва меъёриву техникӣ мебошад, ки барои санҷиши мукаммали мутобиқати раванди иҷрои талабот, меъёрҳо ва барасмиятдарории парвандаи аттестатсионӣ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ пешбинӣ шудааст;

- воситаи таълимӣ – маводди таълимию назариявӣ илова ба китоби дарсӣ буда, қисман ё пурра китоби дарсиро иваз карда метавонад. Васоити таълимӣ дар умум ба барномаи таълимӣ ё боби он мувофиқат мекунад ва асосан маводди нави курсро дар бар мегирад, ки дониши бунёдии ба китоби дарсӣ дохилшударо васеъ менамояд (барои як муаллиф на кам аз 5 ҷузъи чопӣ бошад);

- китоби дарсӣ – маводди таълимию назариявии дорои мундариҷаи мукаммали фанни таълимӣ буда, ба барномаи таҳсилотӣ мутобиқ мебошад, расман ҳамчун китоби дарсӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тавсия карда мешавад. Китоби дарсӣ маводди асосии таълим барои як фанни мушаххас буда, системаи донишҳои ибтидоиро муқаррар намуда, мазмуни он бояд ба талаботи стандарти давлатии таълимии таҳсилот ҷавобгӯй бошад. Номи китоб бояд ба номи фанни таълимии дар нақшаи таълим ҷойдошта мувофиқат намояд.

3.Унвони илмӣ ба омӯзгорон ва ходимони илмӣ бо дархости муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳое, ки фаъолияти таълимӣ-илмӣ доранд (минбаъд – муассиса), тибқи Феҳристи ихтисосҳои илмӣ барои дарёфти унвони илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссия дода мешавад.

...


Приложение 3
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «28» августа 2026, № 591

 Порядок присвоения учёных званий

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Порядок присвоения учёных званий (далее – настоящий Порядок) определяет правовые основы, требования и критерии получения учёного звания доцента или профессора (далее – учёное звание), признания иностранных документов о присвоении учёных званий, лишения и восстановления учёного звания.

2.В настоящем Порядке используются следующие понятия:

- учёное звание – официальный статус, присваиваемый в знак признания заслуг за непрерывную педагогическую, научно-методическую, исследовательскую деятельность, связанную с достижениями в области науки и образования;

- соискатель учёного звания (доцент, профессор) – лицо, имеющее учёную степень, опыт педагогической, научно-методической деятельности, своими достижениями внёсшее вклад в развитие науки и образования, подготовку специалистов, научно-педагогических кадров, представленное учреждением для присвоения учёного звания в Высшую аттестационную комиссию при Президенте Республики Таджикистан (далее – Комиссия);

- аттестационное дело – совокупность документов, представленных учреждением, относящихся к процессу аттестации соискателя учёного звания;

- экспертиза – специальная процедура научно-методической и нормативно-технической оценки, предусмотренная для всесторонней проверки соответствия выполнения требований, критериев и оформления аттестационного дела отраслевым нормативным правовым актам;

- учебное пособие – учебно-теоретический материал к учебнику, который может частично или полностью его заменить. Учебное пособие в целом соответствует учебной программе или её разделу и в основном содержит новый материал курса, расширяющий базовые знания, включённые в учебник (для одного автора не менее 5 печатных листов);

- учебник – учебно-теоретический материал, содержащий полный объём учебной дисциплины, соответствующий учебной программе, официально рекомендованный в качестве учебника уполномоченным государственным органом в сфере образования и науки. Учебник является основным учебным материалом по конкретной дисциплине, систематизирует базовые знания, содержание которого должно соответствовать требованиям государственного образовательного стандарта. Название учебника должно соответствовать названию учебной дисциплины, указанной в учебном плане.

...