Низомномаи шурои диссертатсионӣ аз 28 августи соли 2026, № 591

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «28» августи соли 2026, № 591

Низомномаи шурои диссертатсионӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Низомномаи шурои диссертатсионӣ (минбаъд – Низомномаи мазкур) вазъи ҳуқуқӣ, тартиби таъсис, боздошт ва қатъи фаъолият, ташкили ҳимояи якдафъаина, қабул ва ҳимояи диссертатсия, экспертиза ва масъалаҳои дигари ташкилию молиявии шурои диссертатсиониро ба танзим медарорад.

2.Шурои диссертатсионӣ (минбаъд – Шуро) фаъолияти худро дар асоси Низомномаи мазкур, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, қарорҳои раёсат, фармоишҳои дахлдори раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссия) ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

3.Шуро дар фаъолияти худ риояи принсипҳои қонуният, шаффофият, адолат, салоҳиятнокӣ, беғаразӣ, ошкорбаёнӣ, арзёбии воқеъбинона ва ҳимояи ахлоқи илмиро таъмин менамояд.

4.Роҳбари муассисаи илмӣ, муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (минбаъд – муассиса) тибқи талаботи Низомномаи мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар барои фаъолияти Шуро масъул мебошад.

5.Фаъолияти Шуро бевосита аз тарафи муассиса ва Комиссия назорат карда мешавад.

6.Шуро аз натиҷаи фаъолияти худ ба роҳбари муассиса ва Комиссия ҳисоботдиҳанда мебошад.

2. ТАРТИБИ ТАЪСИСИ ШУРО

7.Шуро дар назди муассиса, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ихтисосҳои дар замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки ҳуқуқи тайёр кардани кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олиро доранд, таъсис ёфта, диссертатсияҳоро барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм, доктори ҳабилитат, доктори илм (минбаъд – доктори фалсафа (PhD), номзади илм, доктори ҳабилитат, доктори илм) баррасӣ менамояд.

8.Таъсиси Шуро дар асоси дархости муассиса ба Комиссия бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо мутобиқи номгӯйи ҳуҷҷатҳои барои таъсиси Шурои диссертатсионӣ пешбинишуда ба роҳ монда мешавад (замимаи 1).

...


Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 28 августа 2026 года, № 591

 Положение о диссертационном совете

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Положение о диссертационном совете (далее – настоящее Положение) регулирует правовой статус, порядок создания, приостановления и прекращения деятельности, организацию разовой защиты, приёма и защиты диссертаций, экспертизы и иные организационные финансовые вопросы деятельности диссертационного Совета.

2.Диссертационный совет (далее – Совет) осуществляет свою деятельность на основании настоящего Положения, Порядка присуждения учёных степеней, соответствующих решений и распоряжений председателя Высшей аттестационной комиссии при Президенте Республики Таджикистан (далее – Комиссия) и иных действующих нормативных правовых актов Республики Таджикистан.

3.Совет в своей деятельности обеспечивает соблюдение принципов законности, прозрачности, справедливости, компетентности, беспристрастности, гласности, объективной оценки и защиты научной этики.

4.Руководитель научного учреждения, учреждения высшего профессионального образования и последипломного профессионального образования (далее – учреждение) в соответствии с требованиями настоящего Положения и иными нормативными правовыми актами несёт ответственность за деятельность Совета.

5.Контроль за деятельностью Совета осуществляется непосредственно учреждением и Комиссией.

6.Совет отчитывается о результатах своей деятельности перед руководителем учреждения и Комиссией.

2. ПОРЯДОК СОЗДАНИЯ СОВЕТА

7.Совет при учреждении, независимо от формы собственности, создаётся в пределах специальностей, указанных в приложении к лицензии на осуществление образовательной деятельности, предусматривающей право подготовки научных и научно-технических кадров высшей квалификации и осуществляет рассмотрение диссертаций на соискание учёных степеней доктора философии (PhD)-доктора по специальности, кандидата наук, доктора хабилитат и доктора наук (далее – доктор философии (PhD), кандидат наук, доктор хабилитат, доктор наук).

...