×

Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ аз 28 августи соли 2026, № 591

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «28» августи соли 2026, № 591

Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ (минбаъд – Тартиби мазкур) талаботи ягонаро ба сатҳи тахассуси илмӣ, илмию техникӣ, аттестатсияи кормандони илмӣ барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯйи ихтисос (минбаъд – доктори фалсафа (РhD), номзади илм, доктори ҳабилитат, доктори илм (минбаъд – дараҷаи илмӣ), маҳрум ва барқарор кардани дараҷаи илмиро муқаррар мекунад.

2.Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода мегардад:

- аттестатсияи кормандони илмӣ – маҷмуи чорабиниҳои дахлдор, ки дар раванди омодасозии кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ, аз ҷумла супоридани имтиҳонҳои ҳадди ақалли номзадӣ ва маҷмуӣ, апробатсияи маводди илмӣ дар семинару конференсияҳо, маҷаллаҳои илмӣ, ҳимояи расмии диссертатсия бо мақсади дарёфти дараҷаи илмӣ, экспертизаи меъёриву илмии диссертатсия ҷиҳати арзёбии сатҳи илмӣ, навгонӣ ва сифати натиҷаҳои илмии он гузаронида мешавад;

- дараҷаи илмӣ – шакли эътирофи расмии сатҳи тахассуси мутахассис аз рӯйи дастовардҳои илмии ӯ ба шумор рафта, дар натиҷаи ҳимояи расмии диссертатсия дипломи дараҷаи илмӣ дода мешавад, ки он аз қобилияти зеҳнӣ ва малакаи ҳалли масъалаҳои мураккаби касбӣ ва илмӣ дар соҳаи дахлдори илм шаҳодат медиҳад;

- роҳбари илмӣ – шахси соҳибтахассуси дорои дараҷаи илмӣ, ки ба муҳаққиқ дар раванди иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ёрии методӣ ва илмӣ мерасонад. Нақши асосии роҳбари илмӣ аз мусоидат ба рушди малакаҳои таҳқиқотӣ, ташаккули қобилияти гузаронидани таҳлили сифатӣ, миқдорӣ, инчунин, кумак дар мураттабсозии сохтор, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва манзури тақриз ба диссертатсия иборат аст. Агар мавзуи таҳқиқоти диссертатсионӣ дар пайвастагии ду ихтисос тарҳрезӣ шуда бошад, мушовири илмӣ низ зарур аст;

- мушовири илмӣ – мутахассиси таҷрибадори соҳаи муайяни илм, ки дар таҳияи мундариҷа, методологияи таҳқиқот, қоидаҳои тартибдиҳӣ ва интишори маводди илмӣ машварат дода, барои таҳияи диссертатсия роҳнамоӣ мекунад;

- диссертатсия – кори мустақилонаи илмии тахассусӣ буда, дар доираи барномаи тайёр кардани кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳимми илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ бо ҳуқуқи дастнавис аз рӯйи ихтисоси (ҳамгиро) муайян барои дарёфти дараҷаи илмӣ таҳия карда мешавад. Диссертатсия дорои ягонагии дохилӣ, навгониҳои илман асосноки техникиву технологӣ буда, бояд дар рушди илм, иқтисоди миллӣ аҳаммияти амалӣ ва назариявӣ дошта бошад;

- автореферати диссертатсия – шакли мухтасари натиҷаи таҳқиқоти диссертатсионӣ буда, бо мақсади инъикоси натиҷаҳои таҳқиқот ва арзёбӣ гардидани он аз ҷониби мутахассисон истифода мегардад. Автореферат ин шиносномаи диссертатсия ба ҳисоб рафта, гардиш ва дастрасии бештарро нисбат ба диссертатсия таъмин мекунад;

- муассисаи пешбар – муассисаи илмӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ки имконияти арзёбии ҳамаҷонибаи таҳқиқоти диссертатсионии довталаби дараҷаи илмиро аз рӯйи ихтисос дорад;

...


Приложение 2
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 28 августа 2026, № 591

 Порядок присуждения учёных степеней

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок присуждения учёных степеней (далее – настоящий Порядок) устанавливает единые требования к уровню научной, научно-технической квалификации, аттестации научных работников для получения учёных степеней доктора философии (РhD)-доктора по специальности (далее – доктора философии (РhD), кандидата наук, доктора хабилитат, доктора наук (далее – учёная степень), лишения и восстановления учёной степени.

2. В настоящем Порядке используются следующие понятия:

- аттестация научных работников – комплекс соответствующих мероприятий, проводимых в процессе подготовки научных и научно-технических кадров высшей квалификации, включая сдачу комплексных и квалификационных экзаменов, апробацию научных материалов на семинарах и конференциях, в научных журналах, публичную защиту диссертации с целью получения учёной степени, нормативно-научную экспертизу диссертации для оценки её научного уровня, новизны и качества научных результатов;

- учёная степень – форма официального признания уровня квалификации специалиста по его научным достижениям, которая присваивается по результатам официальной защиты диссертации с выдачей диплома о научной степени и свидетельствует об интеллектуальных способностях и навыках решения сложных профессиональных и научных задач в соответствующей области науки;

- научный руководитель – квалифицированный специалист, обладающий учёной степенью, который оказывает методическую и научную помощь исследователю в процессе выполнения научно-исследовательских работ. Основная роль научного руководителя заключается в содействии развитию исследовательских навыков, формированию способности проводить качественный и количественный анализ, а также помощи в систематизации структуры, результатов научного исследования и предоставлении отзыва на диссертацию. Если тема диссертационного исследования находится на стыке двух специальностей, назначение научного консультанта является обязательным;

- научный консультант – опытный специалист в определённой области науки, который консультирует по разработке содержания, методологии исследования, правилам оформления и публикации научных материалов, и руководит разработкой диссертации;

- диссертация – самостоятельная квалификационная научная работа, которая разрабатывается в рамках программы подготовки научных и научно-технических кадров высшей квалификации для решения важных научных, научно-исследовательских задач с правом рукописи по определённой специальности (интегрированный) для получения учёной степени. Диссертация должна обладать внутренней целостностью, научно-обоснованными техническими и технологическими новшествами, иметь практическое и теоретическое значение для развития науки и национальной экономики;

- автореферат диссертации – краткая форма результатов диссертационного исследования, используемая для их отражения и оценки специалистами. Автореферат является паспортом диссертации и имеет более широкий оборот и доступность по сравнению с диссертацией;

...