Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда аз 28 августи соли 2026, № 591

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 4
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «28» августи соли 2026, № 591

Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда (минбаъд – Тартиби мазкур) масъалаҳои тартиби барасмиятдарорӣ, пешниҳод, баҳисобгирии диссертатсия ва автореферати он, додан ва пур намудани варақаи баҳисобгирии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, бақайдгирии давлатӣ, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории диссертатсияҳоеро, ки дар шуроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – муассиса) барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм, доктори ҳабилитат, доктори илм ва/ё аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он дар соҳаи муайяни илм ҳимоя шудаанд ва аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссия) ва/ё муассисаи аттестатсионии дахлдори хориҷи кишвар тасдиқ гардидааст, муайян менамояд.

2.Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ММПИ) мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҷустуҷӯйи маълумот буда, таъминоти иттилоотии мавзуи таҳқиқоти илмиро амалӣ менамояд.

3.Бақайдгирии давлатӣ, ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории диссертатсияҳои кормандони илмӣ аз ҷониби ММПИ ба роҳ монда мешавад.

4.ММПИ захираи иттилоотӣ, фонди миллии диссертатсияҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махзани маълумоти ягонаро барои нигоҳдории онҳо таъсис медиҳад.

5.ММПИ омодасозии варақаи баҳисобгирии диссертатсияро ба таври муттамарказ амалӣ менамояд.

6.Корманди илмӣ уҳдадор аст, ки як нусхаи диссертатсия ва автореферати онро дар шакли чопӣ ва электронӣ ба ММПИ бо мақсади ташаккули захираи миллии илмию иттилоотӣ ва фонди миллии диссертатсияҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи муқаррарнамудаи Тартиби мазкур пешниҳод намояд.

7.Муҳаққиқон бо дархости муассиса, новобаста аз шакли моликият, пеш аз тасдиқи мавзуи таҳқиқоти диссертатсионӣ дар ММПИ ҷиҳати асосноксозии мавҷуд набудани таҳқиқоти такрорӣ бояд аз низоми ҷустуҷӯйи мавзуӣ гузаронанд.

8.ММПИ Тартиби гузаронидани ҷустуҷӯйи мавзуи таҳқиқоти диссертатсионӣ барои муҳақиқонро муайян мекунад.

9.Ҳама намуди ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва ҳисоботӣ тибқи талаботи муқаррарнамудаи Тартиби мазкур ба ММПИ ба таври бебозгашт супорида мешавад.

...


Приложение 4
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 28 августа 2026, № 591

 Порядок государственной регистрации защищенных диссертаций

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Порядок государственной регистрации защищенных диссертаций (далее – настоящий Порядок) определяет вопросы оформления, представления, учета диссертации и ее автореферата, выдачи и заполнения учетной карточки результатов научной и научно-технической деятельности, государственной регистрации, сбора и хранения диссертаций, защищенных в диссертационных советах при научных учреждениях, учреждениях высшего профессионального и послевузовского профессионального образования Республики Таджикистан (далее – учреждение) на соискание ученой степени доктора философии (PhD)-доктора по специальности, кандидата наук, доктора хабилитат, доктора наук и/или защищенных гражданами Республики Таджикистан за пределами ее территории в соответствующей области науки и утвержденных Высшей аттестационной комиссией при Президенте Республики Таджикистан» (далее – Комиссия) и/или соответствующим иностранным аттестационным органом.

2.Государственное учреждение «Национальный патентно-информационный центр» Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан (далее – НПИЦ), являясь уполномоченным государственным органом, обеспечивает поиск информации по теме научного исследования.

3.НПИЦ осуществляет государственную регистрацию, сбор, учёт и хранение диссертаций научных работников.

4.НПИЦ создает информационный ресурс, национальный фонд диссертаций в Республике Таджикистан, а также единую базу данных для их хранения.

5.НПИЦ осуществляет подготовку учетной карточки диссертации в централизованном порядке.

6.Научный работник обязан представить в НПИЦ один экземпляр диссертации и ее автореферата в печатном и электронном виде в целях формирования в соответствии с требованиями, установленными настоящим Порядком национального научно-информационного ресурса и национального фонда диссертаций в Республике Таджикистан.

7.Исследователи по ходатайству учреждения, независимо от формы собственности, в НПИЦ для обоснования отсутствия дублирующего исследования до утверждения темы диссертационного исследования должны проверить её через систему тематического поиска.

8.НПИЦ определяет Порядок проведения поиска темы диссертационного исследования для исследователей.

...