Тағйироте, ки аз 23.11.2015 № 1231 ба қисми 7 моддаи 16, қисми 5 моддаи 91, қисми 4 моддаи 172 ва банди а) қисми 2 моддаи 215 ворид карда шудааст аз 27 марти соли 2016 мавриди амал қарор дода шавад.
КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 505; с. 2003, №12, мод. 683; с. 2004, №7, мод. 455; с. 2005, №3, мод. 127; с. 2008, №3, мод. 190, №12, қ. 1, мод. 987; с. 2010, №7, мод. 552, №12, қ. 1, мод. 810; с. 2011, №6, мод. 443; с. 2012, №4, мод. 255, №7, мод. 716, №12, қ. 1, мод. 1018; с. 2013, №7, мод. 507, №12, мод. 880; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015, № 1230; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015, № 1231)
(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 15.07.2004 № 48,аз 1.03.2005 № 87, аз 20.03.2008 № 371, аз 31.12.2008 № 452, аз 21.07.2010 № 619, аз 29.12.2010 № 648, аз 28.06.2011 № 732, аз 16.04.2012 № 805, аз 03.07.2012 № 866, аз 28.12.2012 № 924, аз 22.07.2013 № 979, аз 28.12.2013 № 1036, аз 23.11.2015 № 1230, 1231, аз 15.03.2016 № 1276)
(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 55, аз 15.07.2004 № 48,аз 1.03.2005 № 87, аз 20.03.2008 № 371, аз 31.12.2008 № 452, аз 21.07.2010 № 619, аз 29.12.2010 № 648, аз 28.06.2011 № 732, аз 16.04.2012 № 805, аз 03.07.2012 № 866, аз 28.12.2012 № 924, аз 22.07.2013 № 979, аз 28.12.2013 № 1036, аз 23.11.2015 № 1230, 1231, аз 15.03.2016 № 1276)
ҚИСМИ УМУМӢ
ФАСЛИ I.МУҚАРРАРОТИ АСОСИИ ҚОНУНГУЗОРИИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БОБИ I.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳо иборат мебошад.
2. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст мувофиқат намояд.
Моддаи 2. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои иҷрои ҷазо
Мақомоти ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба қонун асосёфтаро қабул намоянд.
Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
1. Мақсади қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ислоҳи маҳкумшудагон ва пешгирии содир кардани ҷиноятҳои нав, чи аз тарафи онҳо ва чи аз ҷониби ашхоси дигар иборат мебошад.
...