Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015 № 1230 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 9 октябри соли 2015, № 152

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 ноябри соли 2015, № 117

ҷониборӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 505; с. 2003, №12, мод. 683; с. 2004, №7, мод. 455; с. 2005, №3, мод. 127; с. 2008, №3, мод. 190; №12, қ. 1, мод. 987; с. 2010, №7, мод. 552; №12, қ. 1, мод. 810; с. 2011, №6, мод. 443; с. 2012, №4, мод. 255; №7, мод. 716; №12, қ. 1, мод. 1018; с. 2013, №7, мод. 507; №12, мод. 880), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 24:

- ба қисми 1 пас аз калимаи "бемориҳои" калимаи "сил," илова карда шавад;

- дар қисми 2 калимаи "бемории" ба калимаҳои "бемориҳои сил," иваз карда шавад.

2. Ба қисми 5 моддаи 105 пас аз калимаҳои "аз қабули хӯрока" ва "истеъмоли хӯрока" мувофиқан калимаҳои "ва доруворӣ тибқи таъиноти духтур" ва "ва доруворӣ" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

23 ноябри соли 2015 № 1230

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС ИСПОЛНЕНИЯ УГОЛОВНЫХ НАКАЗАНИЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят Постановлением МН МОРТ

от 9 октября 2015 года,№ 152

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 12 ноября 2015 года,№ 117

Статья 1. Внести в Кодекс исполнения уголовных наказаний Республики Таджикистан, принятого Законом Республики Таджикистан от 6 августа 2001 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., №7, ст. 505; 2003 г., №12, ст. 683; 2004 г., №7, ст. 455; 2005 г., №3, ст. 127; 2008 г., №3, ст. 190, №12, ч. 1, ст. 987; 2010 г., №7, ст. 552, №12, ч. 1, ст. 810; 2011 г., №6, ст. 443; 2012 г., №4, ст. 255, №7, ст. 716, №12, ч. 1, ст. 1018; 2013 г., №7, ст. 507, №12, ст. 880), следующие дополнения:

1. В статье 24:

- часть 1 после слова "больным" дополнить словом "туберкулезом,";

- часть 2 после слова "болен" дополнить словом "туберкулезом,".

2. Часть 5 статьи 105 после слов "от приема пищи" и "принудительное питание" соответственно дополнить словами "и лекарств по назначению врача" и "и прием лекарств".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан               Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 23 ноября 2015 года, № 1230