Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2022, № 454 "Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон"

Санаи амалкуни: 05.01.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Оинномаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1-17).

2. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2009, № 649 "Дар бораи таъсис додани Маҷмааи давлатии "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ гардида, баъд аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "ва моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.";

- банди 3 хориҷ карда шавад.

3. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2002, № 902 "Дар бораи таъсиси Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;

- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.".

4. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1093 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Китобхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

5. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1094 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Осорхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

6. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2006, № 1767 "Масъалаҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 23 январи соли 2003, № 992 "Дар бораи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 14 феврали соли 2003, № 1005 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шаванд.

7. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳангоми зарурат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 сентябри соли 2022, № 454

 

Замимаи 1  Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат" - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 2  Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и

           Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ  

 

Замимаи 3   Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ 

 

Замимаи 4   Муассисаи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ 

 

Замимаи 5   Оинномаи Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи

            Президенти ҶТ 

 

Замимаи 6   Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ  

 

Замимаи 7   Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

Замимаи 8   Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ" (Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)

 

Замимаи 9   Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 10  КВД комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 11  Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 12  Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 13  Муассисаи давлатии қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 14  Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 15  КВД "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 16  КВД "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 17   ҶСК "Маркази савдои Тоҷикистон"

 

 

Замимаи 7

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 сентябри соли 2022, № 454

Оинномаи Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Осорхона) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

2. Муассиси Осорхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.

3. Масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии осорхона аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи Президент) ҳал карда мешаванд.

4. Осорхона фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо", фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Муассис ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.

5. Бинои Осорхона ҳамчун иншооти махсусан муҳим, ганҷинаи мероси гаронбаҳои фарҳанги миллӣ ва дастоварди пурарзиши умумихалқӣ аз ҷониби давлат таҳти муҳофизати махсуси давлат қарор дода мешавад.

6. Номи расмии Осорхона:

- бо забони тоҷикӣ - Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ", дар шакли мухтасар - МД ОМ;

- бо забони русӣ - Государственное учреждение "Национальный музей", дар шакли мухтасар - ГУ НМ;

- бо забони англисӣ - State institution "National museum", дар шакли мухтасар ҒI NM.

6. Суроғаи ҳуқуқии Осорхона: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 11.

2. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ОСОРХОНА

7. Осорхона шахси ҳуқуқӣ буда, дорои молу мулк бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, тавозуни мустақил, ҳисобномаҳои бонкӣ, аз ҷумла ҳисобномаҳои асъорӣ, муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи Осорхона бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, штамп, тамғаи хизматрасонӣ ва тамғаҳои дахлдор, бланкҳо, сомонаи интернетӣ ва почтаи электронӣ мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Маблағгузории хароҷоти Осорхона аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус тибқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.

8. Осорхона метавонад аз номи худ шартномаҳо баста, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар иштирок кунад.

9. Осорхона дар мувофиқа бо мақоми идоракунӣ дар асоси шартнома бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқи истифодабарии қарзҳои бонкиро дорад.

10. Осорхона ҳуқуқ дорад, ки ба фаъолияти даромаднок машғул шавад. Осорхона тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад ва молу мулки бадастовардаро соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд.

11. Дар Осорхона шӯрои илмии ҳамоҳангсозӣ, шӯрои барқарорсозӣ ва комиссияи фондӣ, комиссияи харид, комиссияи экспертӣ, комиссияи аттестатсионӣ ва озмоишгоҳи ҷумҳуриявии барқарорсозӣ ва консерватсия фаъолият менамоянд.

12. Осорхона дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳо муайян кардааст.

3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ОСОРХОНА

13. Осорхона ганҷинаи бузурги мероси таърихию фарҳангӣ ва осорхонаи марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқӣ, оммавию маърифатӣ ва ҳифзу нигаҳдошти намунаҳои табиӣ, мероси таърихию фарҳангии давраҳои қадимтарин, қадим, асрҳои миёна, инчунин таърихи наву навтарин таъсис дода шудааст.

14. Осорхона намудҳои зерини фаъолиятро ба амал мебарорад:

- такмили фаъолият ва хизматрасонии осорхонавӣ дар ҷумҳурӣ;

- инъикоси пурраи осорхонавии табиати Тоҷикистон, таърих, фарҳанг ва санъати халқи Тоҷикистон тавассути ҷамъоварӣ, харидорӣ ва коллексиясозии беҳтарин ва муҳимтарин ёдгориҳо, намунаҳои табиӣ, ашёи осорхонавӣ дар Осорхона;

- чустуҷӯ, ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, омӯзиш, ҳуҷҷатнигорӣ, коллексиясозӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ, истифодаи дуруст, пешкаши умум намудани намунаҳои табиати Тоҷикистон, ёдгориҳои муҳимми давраҳои гуногуни таърихӣ тавассути ташкил ва гузаронидани ҳафриёти бостоншиносӣ, экспедитсияҳои мардумшиносӣ, харид ва ҳамчун тӯҳфа қабул намудани намунаҳои табиат, осори таърихию фарҳангӣ;

- таҳияи барномаҳои соҳавӣ, мусоидат ба тарбияи кадрҳои осорхонавӣ, таблиғу ташвиқи мероси таърихию фарҳангӣ ва ҷалби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ин кор;

- ташкили корҳои оммавӣ дар байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифз ва ғанигардонии мероси таърихию фарҳангӣ ва зеҳнӣ (ғайримоддӣ);

- ҳифз ва истифодаи дурусти ашё, коллексияҳои осорхонавӣ;

- муаррифии табиат ва мероси миллии таърихию фарҳангӣ дар шакли экспозитсия, намоишҳои сайёри муваққатӣ ва барномаҳои радио ва телевизион;

- ҳамкорӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии маҳаллию хориҷӣ дар асоси шартнома;

- аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба табъ расонидани нашрияи илмӣ таҳти унвони "Ахбори Осорхонаи миллӣ" бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва алифбои ниёгон бо истифодаи маводи илмии кормандони Осорхона ва дигар мутахассисони маҳаллию хориҷӣ;

- чопи ҳисоботи муфассал оид ба фаъолияти солонаи Осорхона;

- ташкилу баргузорӣ, инчунин иштирок дар конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо, курсҳои омӯзишӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ.

15. Осорхона метавонад фаъолияти дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намояд.

4. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ОСОРХОНА

16. Осорхона дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми идоракунӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ муайян намудани номгӯй ва нархномаи хизматрасониҳои муздноки Осорхона;

- тибқи тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронидани экспедитсияҳои илмии ҷустуҷӯйӣ ва бостоншиносӣ;

- ташкили экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва сафарҳои хизматӣ барои ҷамъоварӣ ва хариди ёдгориҳои арзишноки таъриху фарҳанги миллӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар;

- тибқи тартиби муқарраргардида тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмиву педагогӣ (магистратура, докторантура аз рӯи ихтисоси PhD, аспирантура ва унвонҷӯ);

- бо мақсади мукаммалгардонии фонди Осорхона фармоиш ва харидорӣ намудани асарҳои санъати тасвирию амалӣ, ҳунарҳои мардумӣ, хушнависӣ ва ғайра;

- ҳуҷҷатгузорӣ (аксу наворбардорӣ, тавсиф) ва ҷамъоварӣ намудани маводи осорхонавӣ, ки ба ёдгориҳои минтақаҳои гуногун, шахсиятҳои шинохта, воқеаҳо ва чорабиниҳои муҳимми сиёсию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд;

- тибқи тартиби муқарраргардида муайян намудани андозаи ҷуброни зарари ба Осорхона расонидаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- ташкил намудани корҳои таъмирӣ, сохтмони асосӣ, азнавтаҷҳизонӣ, эҳёгардонӣ, барқарорсозӣ ва консерватсияи ашёи осорхонавӣ ва коллексияҳои осорхонавии фонди Осорхона;

- иҷрои вазифаи фармоишгари давлатӣ оид ба ҷойгир намудани фармоишҳо барои таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасониҳое, ки барои фаъолияти Осорхона заруранд;

- иштирок дар ҷаласа ва конференсияҳои байналмилалӣ дар доираи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи осорхонашиносӣ, таърихнигорӣ, забоншиносӣ, иттилоотӣ, инчунин оид ба масъалаҳои марбут ба осорхонаҳо ва мероси моддию маънавӣ;

- пешниҳоди барномаю лоиҳаҳои соҳавӣ ба сармоягузорони маҳаллию хориҷӣ бо мақсади рушди фаъолияти осорхонавӣ;

- чопи ашё ва коллексияҳои осорхонавӣ;

- омӯзиш ва истифодаи ашё ва коллексияҳои осорхонавии мансуб ба бахши ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Тоҷикистон;

- ташкили нуқтаҳои савдо барои фурӯши китобҳо, армуғонҳо, маводи канселярӣ ва чопӣ.

17. Осорхона дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳо муқаррар кардааст.

18. Осорхона уҳдадор аст:

- доир ба фаъолияти Осорхона ба мақоми идоракунӣ ҳисоботи шашмоҳа ва солона пешниҳод намояд;

- истифодаи самаранок ва ҳифзу нигаҳдории молу мулки давлатии дар тавозунбударо таъмин намояд;

- қоидаҳои муқарраргардидаи ҳифзи меҳнат, меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва талаботи бехатарии зиддисӯхторро риоя намояд;

- баҳисобгирии муҳосибии фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва дигар навъи фаъолияти муассисаро дар ин самт ба амал бароварда, ҳисоботи оморӣ ва муҳосибавиро тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод намояд;

- фондҳои Осорхонаро такмил ва ҳифз намуда, ҳуҷҷатнигории онҳоро амалӣ намояд;

- ба мақоми идоракунӣ масъалаи барои ба фонди Осорхона бозпас баргардонидани ашё ва коллексияҳои осорхонавии муваққатан беруншударо пешниҳод намояд;

- баҳисобгирии дурусти гардиши дохилӣ ва берунии фонди Осорхонаро таъмин намояд;

- қоидаҳои дастрасии шаҳрвандон, нигаҳдорӣ, истифодабарӣ ва муҳофизати биноҳо, фонд, таҷҳизот ва дигар молу мулки дар ихтиёри Осорхона қарордоштаро муайян ва таъмин намояд;

- ҳуқуқҳои кормандони Осорхонаро тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намуда, ба мақоми идоракунӣ доир ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо таклифҳо пешниҳод намояд;

- ба дигар осорхонаҳои ҷумҳурӣ ёрии методӣ расонида, фаъолияти онҳоро мавриди омӯзиш қарор диҳад.

5. МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ОСОРХОНА

19. Идоракунии Осорхона ба воситаи мақоми идоракунии он ба амал бароварда мешавад. Осорхона мақомоти идоракунии зерин дорад:

- мақоми идоракунии Осорхона - Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақоми иҷроияи Осорхона - маъмурият бо роҳбарии Директори Осорхона.

20. Мақоми идоракунӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- самтҳои асосии рушди фаъолияти Осорхонаро муайян мекунад;

- бо пешниҳоди Директор сохтори Осорхонаро тасдиқ мекунад;

- дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани Директор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

- бо пешниҳоди Директор муовинон, аз ҷумла муовини якуми Осорхонаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- фаъолияти Осорхонаро назорат карда, бо асноди ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос мешавад;

- тавозуни муҳосибавии Осорхонаро тасдиқ намуда, ҳисоби молиявии фаъолияти Осорхонаро мебарад;

- дигар масъалаҳоеро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақоми идоракунӣ мансуб дониста шудаанд, ҳал менамояд.

21. Мақоми иҷроияи Осорхона - директор ба фаъолияти ҷории Осорхона роҳбарӣ мекунад. Директори Осорхона аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директори Осорхона муовини якум ва муовинон дорад, ки бо пешниҳоди директори Осорхона аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

22. Директори Осорхона дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- бе ваколатнома амал карда, роҳбарии фаъолияти Осорхонаро амалӣ месозад, манфиатҳои Осорхонаро дар мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, инчунин судҳо намояндагӣ мекунад, аз номи Осорхона шартномаҳоро ба имзо расонида, ваколатнома медиҳад;

- сохтори Осорхонаро барои тасдиқ ба мақоми идоракунӣ пешниҳод менамояд;

- дар хусуси ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовинон, аз ҷумла муовини якум ба мақоми идоракунӣ таклиф пешниҳод месозад;

- вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида кормандони Осорхонаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, вазифаҳои онҳоро муайян карда, бо онҳо шартномаҳои меҳнатӣ мебандад;

- мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кормандони Осорхона тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ ва чораҳои интизомиро меандешад;

- молу мулки Осорхонаро бо дарназардошти талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Оинномаи мазкур идора менамояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони Осорхона барои иштирок дар судҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо ваколатнома медиҳад;

- санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти молиявию хоҷагидории Осорхонаро тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқ менамояд;

- дастурамал, қоида, тартиб ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилиидоравии фаъолияти Осорхонаро тасдиқ мекунад;

- низомномаҳои сохторҳои таркибии Осорхонаро тасдиқ карда, фармону фармоишҳо мебарорад, ки иҷрои он барои ҳамаи кормандон ҳатмӣ мебошад;

- тибқи тартиби муқарраргардида шароити зидди сӯхтор ва риояи техникаи бехатариро таъмин мекунад;

- натиҷа ва нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти Осорхонаро ба мақоми идоракунӣ пешниҳод менамояд;

- супоришҳои мақоми идоракуниро иҷро менамояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти давлатӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.

23. Директори Осорхона уҳдадор аст талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд.

24. Директор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

25. Дар мавриди набудани Директори Осорхона вазифаҳои ӯ муваққатан ба зиммаи муовини якум гузошта мешаванд.

26. Муовинони Директор дорои вазифаҳои зерин мебошанд:

- барои татбиқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхона ва иҷрои вазифаҳои дар назди Осорхона гузошташуда масъулияти шахсӣ доранд;

- ба ғайр аз иҷрои вазифаҳои мустақими худ вазифаҳои иловагии дигарро, ки аз ҷониби Директор муайян карда мешаванд, иҷро менамоянд;

- барномаҳо, консепсияҳои ояндабинӣ ва стратегияи рушди фаъолияти осорхонавиро таҳия карда, дар рушди самтҳои дахлдори фаъолияти Осорхона бевосита саҳм мегузоранд;

- бо супориши Директор Осорхонаро дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, намояндагӣ мекунанд;

- дар ҳалли масъалаҳои марбут ба такмили фонд, корҳои илмию методӣ, омӯзишию эҷодӣ, ташкилӣ ва идории Осорхона бевосита иштирок менамоянд.

6. ФОНДИ ОСОРХОНА

27. Фонди Осорхона аз бахши асосӣ ва ёрирасон иборат мебошад. Бахши асосии Фонди Осорхона ба гурӯҳои таърихию кишваршиносӣ, санъати тасвирию амалӣ ва мубодилавӣ тақсим шуда, моликияти бебаҳои умумидавлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ашёи осорхонавӣ ва коллексияҳои он ба моликияти хусусӣ гузаронида намешаванд. Фондн Осорхона тибқи тартиби муқарраргардида мукаммал ва ғанӣ гардонида мешавад. Осорхона ҳангоми зарурат метавонад дар асоси қарори Комиссияи фондии Осорхона дар мувофиқа бо мақоми идоракунӣ ашё ва коллексияҳои осорхонавиро бо дигар осорхонаҳои давлатии Тоҷикистон мубодила намояд.

28. Ашё ва коллексияҳои Фонди Осорхона ба ҳисоби муҳосибавӣ гирифта намешаванд. Ашё ва коллексияҳои Фонди Осорхона дар китобхои алоҳидаи фондӣ (китобҳои воридотӣ, инвентарӣ) ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ашёи ба бахши ёрирасони Фонди Осорхона воридшуда дар ҳолатҳои зарурӣ дар асоси қарори Комиссияи фондии Осорхона метавонанд аз Фонди Осорхона хориҷ карда шаванд.

29. Фонди Осорхона қисми ҷудонопазири Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

7. МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ МОЛИЯВИИ ОСОРХОНА

30. Молу мулки Осорхона аз фонди асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин воситаҳои дигаре, ки аз тарафи мақоми идоракунӣ дар тавозуни мустақили Осорхона муайян карда шудаанд, иборат мебошад.

31. Молу мулки Осорхона, аз ҷумла фонди осорхонавии он моликияти давлатӣ буда, ба Осорхона бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобаста карда шудааст.

32. Манбаъҳои ташкил ёфтани молу мулки Осорхона:

- захираҳои фондӣ (ашёи осорхонавӣ ва коллексияҳои осорхонавӣ);

- бино, майдончаҳои наздиҳавлигӣ ва иншоотҳо;

- маблағҳое, ки аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд;

- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

33. Даромадҳое, ки Осорхона тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст меорад, инҳо мебошанд:

- даромад аз ҳисоби таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаву барномаҳо дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ;

- даромад аз ҳисоби фурӯши билетҳо;

- пасандозҳо, хайрияҳои ихтиёрӣ ва молу мулки васияткардаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- даромад аз баргузор намудани машваратҳои илмӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, лексияҳо, экскурсияҳо, намоишҳо, ташкили барномаҳои фарҳангӣ, таълимӣ ва эҷодӣ;

- даромад аз фурӯши армуғону тӯҳфаҳо, маҳсулоти чопӣ, маҷаллаҳо, феҳристҳо, буклетҳо, эълонномаҳо, овезаҳо, тақвимҳо ва дигар навъҳои маҳсулоти интишории дар компактдискҳо, аудио ва видеокассетаҳо сабтгардида;

- даромад аз хизматрасонии осорхонавӣ, аз ҷумла аз ҳисоби воридоти маблағ барои ҷуброни хароб ё гум кардани экспонатҳои Осорхона;

- даромад аз экспертизаи илмӣ ва бадеии мероси таърихию фарҳангӣ;

- даромад аз барқарорсозӣ ва консерватсияи ёдгориҳо;

- даромад аз ҷойгир кардани рекламаҳо дар Осорхона ва саҳифаи интернетии он;

- дигар даромадҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

34. Осорхона дар тавозуни худ метавонад биноҳои истиқоматӣ, хобгоҳ, истироҳатгоҳ, меҳмонхона, маркази тиббӣ, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ва нақлиёти хизматии сабукрав, мусофирбар ва боркаш дошта бошад.

8. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ОСОРХОНА

35. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Осорхона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.