Замимаи 17
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 сентябри соли 2022, № 454
Оинномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази савдои Тоҷикистон"
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази савдои Тоҷикистон" (минбаъд - Ҷамъият) дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи табдил додани Корхонаи иҷоравии "Маркази савдо" таъсис дода шудааст.
2. Ҷамъият дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд, санадҳои Ҷамъият, ки дар доираи ваколатҳои он интишор гардидаанд ва Оинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
2. НОМИ РАСМӢ ВА МАҲАЛЛИ ҶОЙГИРШАВИИ ҶАМЪИЯТ
3. Номи пурраи расмии Ҷамъият
- бо забони давлатӣ - Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази савдои Тоҷикистон";
- бо забони русӣ - Открытое акционерное общество "Маркази савдои Точикистон";
- бо забони англисӣ - Open Joint Stock "Markazi savdoi Tojikiston".
4. Маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъият: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 83.
3. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ҶАМЪИЯТ
5. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъият мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур муайян карда мешавад.
6. Ҷамъият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ мебошад.
7. Муассиси Ҷамъият Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 100 (сад) фоизи саҳмияҳои Ҷамъият ба он тааллуқ доранд.
8. Ҷамъият аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ таъсисгардида дониста шуда, фаъолияти худро тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.
9. Ҷамъият тибқи уҳдадориҳои худ ба тамоми молу мулке, ки ба он тааллуқ дорад, ҷавобгар мебошад. Ҷамъият вобаста ба уҳдадориҳои саҳмдорони худ ҷавобгар намебошад. Саҳмдорон вобаста ба уҳдадориҳои Ҷамъият дар доираи арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта ҷавобгар мебошанд.
10. Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз он дар бонкҳо ва ташкилотҳои дигари қарзӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ суратҳисоб ва ҳисобҳои дигар дошта бошад.
11. Ҷамъият бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи пурраи расмии худ бо забони давлатӣ муҳри мудаввар дорад.
12. Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки муҳр (штамп) ва бланкҳои бо номи фирмавии худ, инчунин тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ тамғаи молӣ ва воситаҳои дигари тасвирии шинохташаванда дошта бошад.
13. Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ, ки дар он ҷо филиал ва намояндагӣ ҷой гирифтаанд, филиал ва намояндагиҳо таъсис диҳад, ба шарте ки дар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
14. Филиал ва намояндагиҳои Ҷамъият шахсони ҳуқуқӣ намебошанд ва аз номи Ҷамъият дар асоси низомномаҳои тасдиқкардаи Ҷамъият амал менамоянд.
15. Роҳбари филиал ва намояндагии Ҷамъият аз ҷониби директори генералии Ҷамъият ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда шуда, дар асоси ваколатномаи аз ҷониби директори генералии Ҷамъият додашуда амал менамояд.
16. Ба филиалҳо ва намояндагиҳо аз ҷониби Ҷамъият молу мулке дода мешавад, ки ҳам дар тавозуни худи онҳо ва ҳам дар тавозуни Ҷамъият ба ҳисоб гирифта мешавад.
17. Ҷамъият барои фаъолияти филиал ва намояндагиҳои худ масъулият дорад.
18. Ҷамъият метавонад ҷамъиятҳои саҳомии фаръӣ ва вобаста бо мақоми шахси ҳуқуқиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва ҳам берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ таъсис ёфтааст, дошта бошад, агар дар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
4. МАҚСАД ВА НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТ
19. Мақсади асосии фаъолияти Ҷамъият ба даст овардани фоида мебошад.
20. Барои ба даст овардани фоида Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки ҳама намуди фаъолиятро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, амалӣ созад, аз ҷумла:
- ташкили савдо ва хизматрасонии босифат ба аҳолӣ ва гузаронидани маъракаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум;
- ташкили нуқтаҳои фурӯши маҳсулот дар ҳудуди Ҷамъият;
- истеҳсол ва фурӯши молу маҳсулоти гуногун;
- ба роҳ мондани хариду фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум тариқи нуқтаҳои савдои замонавӣ;
- фаъолияти савдо ва харид;
- интишори маҳсулоти чопӣ ва паҳн кардани онҳо, созмон додани студияи радио бо ҳуқуқи пахши он дар ҳудуди Ҷамъият ва берун аз ҳудуди он;
- гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати беҳбудии фарҳангу одоби хизматрасонӣ ва ворид намудани шаклу усулҳои муосири савдо;
- ба роҳ мондани хизматрасониҳои хӯроки умумӣ;
- амалӣ намудани дигар хизматрасониҳо.
21. Ҷамъият фаъолияти истеҳсолию хоҷагии худро дар асоси шартномаҳо ба роҳ мемонад.
22. Ҷамъият метавонад намудҳои дигари фаъолиятро, ки дар Оинномаи мазкур пешбинӣ нашуда, вале қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба роҳ монад.
23. Ба баъзе намудҳои фаъолият, ки номгӯйи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, барои амалисозии он гирифтани иҷозатнома зарур аст, Ҷамъият танҳо дар асоси доштани чунин иҷозатнома метавонад машғул шавад.
5. САРМОЯИ ОИННОМАВИИ ҶАМЪИЯТ
24. Сармояи оинномавии Ҷамъият аз арзиши номиналии саҳмияҳои Ҷамъият иборат мебошад.
25. Сармояи оинномавии Ҷамъият 2 000 000 (ду миллион) сомониро ташкил медиҳад. Сармояи оинномавӣ ба 2000 (ду ҳазор) адад саҳмияҳои оддии ғайриҳуҷҷатӣ тақсим шудааст. Арзиши номиналии ҳар як саҳмия 1000 (ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.
26. Сармояи оинномавии Ҷамъият дар шакли бино, иншоот, таҷҳизот ва дигар арзишҳои моддӣ, қоғазҳои қиматнок, моликияти зеҳнӣ (ноу-хау), инчунин дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ, воситаҳои пулӣ ташкил ва арзиши саҳмҳо бо асъори миллӣ баҳо дода мешавад.
27. Сармояи оинномавии Ҷамъият метавонад:
- бо роҳи зиёд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ё барориши саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда шавад;
- бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё кам кардани шумораи умумии онҳо ё ба тариқи харида гирифтани қисме аз саҳмияҳо тибқи ҳолатҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" пешбинишуда кам карда шавад.
28. Зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият фақат баъди пардохти пурраи он мумкин аст.
29. Зиёд кардани сармояи оинномавӣ бо мақсади ҷуброн намудани зараре, ки ба Ҷамъият расидааст ё барои пардохти қарзи муҳлаташ гузаштаи кредиторӣ мумкин нест.
30. Кам кардани сармояи оинномавӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ гардонида мешавад.
31. Ҷамъият вазифадор аст, ки сармояи оинномавии худро дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кам намояд.
6. САҲМДОРОНИ ҶАМЪИЯТ, ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
32. Ҷамъият уҳдадор аст аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ пешбурд ва нигоҳдории феҳристи саҳмдорони Ҷамъиятро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
33. Ҳуқуқу уҳдадориҳои саҳмдорон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
34. Ҳар як саҳмияи одии Ҷамъият ба саҳмдор - соҳиби он маҷмуи баробари ҳуқуқҳоро фароҳам меорад.
35. Саҳмдорон - соҳибони саҳмияҳои оддии Ҷамъият ҳуқуқ доранд, ки:
- шахсан ё тавассути намояндагони худ дар маҷлиси умумии саҳмдорон иштирок намоянд;
- аз фаъолияти Ҷамъият суд ба даст оранд;
- оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории Ҷамъият маълумот гиранд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои Ҷамъият шинос шаванд;
- дар сурати барҳамдиҳии Ҷамъият, қисме аз моликияти онро тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оранд;
- ҳуқуқҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур пешбинӣ намудаанд ва бо қарорҳои маҷлиси умумии саҳмдорон дар асоси ваколати он қабул карда шудаанд, амалӣ намоянд.
7. СУДИ (ДИВИДЕНДИ) САҲМИЯҲО
36. Ҷамъият уҳдадор аст, ки дар як сол на кам аз як маротиба оид ба пардохти суди саҳмияҳо аз рӯи саҳмияҳои паҳнкардашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намояд.
37. Суди саҳмияҳо аз ҳисоби даромади софи Ҷамъият бо асъори миллӣ пардохт карда мешавад.
38. Қарор дар бораи пардохт ва андозаи суди саҳмияҳои солонаи Ҷамъият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
39. Муҳлати пардохти суди саҳмияҳо аз рӯзи қабули қарор дар бораи пардохти суди саҳмияҳо набояд аз 90 (навад) рӯз зиёд бошад.
40. Рӯйхати шахсоне, ки барои гирифтани суди саҳмияҳо ҳуқуқ доранд, дар санаи таҳияи рӯйхати шахсоне, ки барои иштирок дар маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ доранд, тартиб дода мешавад.
8. ФОНДҲОИ ҶАМЪИЯТ
41. Ҷамъият ба андозаи 5 (панҷ) фоизи сармояи оинномавии Ҷамъият фонди захиравӣ таъсис медиҳад.
42. Андозаи ҳиссаҷудокунии ҳатмии ҳарсола ба фонди захиравии Ҷамъият то расидан ба маблағи муқарраршудаи фонди захиравӣ 5 (панҷ) фоизи маблағи фоидаи софи Ҷамъиятро ташкил медиҳад.
43. Фонди захиравии Ҷамъият барои пӯшонидани зарарҳои молиявӣ, пардохти арзиши вомбаргҳои Ҷамъият ва харидории саҳмияҳои Ҷамъият дар сурати норасоии маблағҳои дигар пешбинӣ шудааст.
44. Истифодаи фонди захиравии Ҷамъият ба мақсадҳои дигар манъ аст.
45. Ҷамъият тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фондҳои дигарро, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории онро таъмин менамоянд, таъсис дода метавонад.
46. Молу мулки Ҷамъият аз ҳисоби манбаъҳои зерин ташаккул меёбад:
- даромад аз фурӯши маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо;
- қарзҳои бонкӣ;
- сармоягузориҳо;
- кумакҳои бебозгашти молиявӣ ва хайриявии ташкилотҳои байналмилалӣ;
- манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
9. МАҚОМОТИ ИДОРАИ ҶАМЪИЯТ
47. Мақомоти идораи Ҷамъият инҳо мебошанд:
- мақоми олӣ - маҷлиси умумии саҳмдорон;
- мақоми идора - шӯрои нозирон;
- мақоми иҷроия - директори генералӣ.
10. МАҶЛИСИ УМУМИИ САҲМДОРОНИ ҶАМЪИЯТ
48. Бо дар назар доштани он ки ҳамаи саҳмияҳои овоздори Ҷамъият ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, қарорҳои вобаста ба масъалаҳои ба ваколати маҷлиси умумии саҳмдорон мансуббуда аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
49. Ба ваколати маҷлиси умумии саҳмдорон масъалаҳои зерин дохил мешаванд:
- ба мансаб таъин ва аз мансаб озод кардани директори генералии Ҷамъият;
- азнавташкилдиҳии Ҷамъият;
- барҳамдиҳии Ҷамъият, таъини комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи тавозунҳои фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳӣ;
- муайян намудани миқдор, арзиши номиналӣ, намуди (навъи) саҳмия ва вомбаргҳои эълоншуда, инчунин ҳуқуқҳое, ки ба ин саҳмияҳо ва вомбаргҳо дода шудааст;
- зиёд кардани сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи зиёд кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ;
- кам намудани сармояи оинномавии Ҷамъият тавассути кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо;
- қабули қарор дар бораи иштироки Ҷамъият дар таъсис ё фаъолияти шахсони ҳуқуқии дигар бо роҳи супоридани як ё якчанд қисми дороиҳое, ки дар маҷмуъ 25 (бисту панҷ) ё бештари фоизи ҳамаи дороии Ҷамъиятро ташкил медиҳад;
- тасдиқи ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият, ки фаъолияти маҷлиси умумии саҳмдорон ва шӯрои нозиронро танзим мекунад, инчунин ҳуҷҷатҳои дохилии дигари Ҷамъият, ки тасдиқи онҳо мутобиқи қонунгузорӣ ба ваколати маҷлиси умумии саҳмдорон мансуб аст;
- масъалаҳои дигаре, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ба ваколати маҷлиси умумии саҳмдорон мансубанд.
50. Масъалаҳое, ки ба ваколати маҷлиси умумии саҳмдорон мансуб мебошанд, ҷиҳати ҳал намудан набояд ба шӯрои нозирон ва мақоми иҷроияи Ҷамъият дода шаванд.
51. Масъалаҳои ташкил ва баргузор намудани маҷлиси умумии саҳмдорон, маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон, аз ҷумла, тартиби иштироки саҳмдорон дар маҷлиси умумии саҳмдорон, кворуми маҷлиси умумии саҳмдорон, пешниҳоди иттилоот дар бораи гузаронидани маҷлиси умумии саҳмдорон, тартиби пешниҳоди таклифҳо ба рӯзномаи маҷлиси умумии саҳмдорон, тартиби қабул кардани қарори маҷлиси умумии саҳмдорон, тартиби овоздиҳӣ дар маҷлиси умумии саҳмдорон, талабот нисбат ба таҳияю тасдиқи протоколҳои маҷлиси умумии саҳмдорон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" муайян карда мешавад.
11. ШӯРОИ НОЗИРОНИ ҶАМЪИЯТ
52. Ҳайати шӯрои нозиронро Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Директори генералии Ҷамъият узви доимоамалкунандаи шӯрои нозирон мебошад, вале ҳамчун раиси он интихоб шуда наметавонад. Аъзои шӯрои нозирон, ба истиснои намояндагони Ҷамъият, ҳуқуқ надорад, ки бо Ҷамъият муносибатҳои меҳнатӣ дошта бошад.
53. Шӯрои нозирон ба фаъолияти Ҷамъият роҳбарии умумиро амалӣ мекунад, фаъолияти Ҷамъиятро танзим ва назорат менамояд ва вазифаҳои худро дар асоси низомнома ба роҳ мемонад. Масъалаҳои ба салоҳияти шӯрои нозирон дахлдошта, барои баррасӣ ва ҳаллу фасл ба мақоми иҷроияи Ҷамъият супорида намешаванд.
54. Аъзои шӯрои нозирон ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳои худ ва иҷрои вазифаҳо бояд ба манфиати Ҷамъият амал намуда, амалигардонии ҳуқуқҳои худ ва иҷрои уҳдадориҳоро дар муносибат бо Ҷамъият содиқона ва одилона анҷом диҳад. Аъзои шӯрои нозирон дар назди Ҷамъият барои зараре, ки ба Ҷамъият бо амалҳои (беамалии) он расонида шудааст, ҷавобгар мебошад, агар асосҳои дигар ва андозаи масъулиятнокӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашуда бошад.
55. Ба директори генералии Ҷамъият ё яке аз аъзои шӯрои нозирон додани ваколатҳо ва салоҳияти шӯрои нозирон манъ мебошад.
56. Уҳдадориҳои аъзои шӯрои нозирон, инчунин фаъолияти шӯрои нозирон дар асоси қарори Муассис қатъ карда мешавад.
57. Раиси шӯрои нозирони Ҷамъият кори шӯрои нозиронро ташкил менамояд, ҷаласаи онро даъват менамояд, фаъолияти шӯрои нозиронро ҳамоҳанг сохта, дар он раисӣ менамояд ва дар ҷаласаҳои шӯро тартиб додани протоколро ташкил менамояд.
58. Муовини раиси шӯрои нозирони Ҷамъият бо овоздиҳии аъзои шӯрои нозирони Ҷамъият интихоб карда мешавад. Дар сурати набудани раиси шӯрои нозирони Ҷамъият иҷрои вазифаҳои ӯ ба муовини раиси шӯрои нозирони Ҷамъият гузошта мешаванд.
59. Раиси шӯрои нозирон бояд бо директори генералии Ҷамьият робитаи доимӣ дошта, бо ӯ стратегияи рушди умумии Ҷамъият ва масъалаҳои марбут ба идоракунии хатарҳоро муҳокима намояд. Директори генералии Ҷамъият оид ба ҳамаи ҳодисаҳои муҳим, ки барои баҳодиҳии вазъият ва рушди Ҷамъият аҳамияти муҳим доранд, таъҷилан ба раиси шӯрои нозирони Ҷамъият иттилоъ медиҳад. Раиси шӯрои нозирони Ҷамъият ба маълумоти аъзои шӯрои нозирон вазъияти баамаломадаро расонида, ҳангоми зарурат ҷаласаи ғайринавбатии шӯрои нозирони Ҷамъиятро даъват менамояд.
60. Ҷаласаҳои шӯрои нозирон аз рӯи зарурат, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешаванд. Ҷаласаи шӯрои нозирон аз ҷониби раиси шӯрои нозирон (ё муовини раиси шӯрои нозирон) бо ташаббуси ӯ ё тибқи талаботи аъзои шӯрои нозирон даъват карда мешавад. Дар ҷаласаи якуми шӯрои нозирон, ки дар ҳайати нав интихоб шудааст, ҳатман масъалаи интихоби муовини раиси шӯрои нозирон баррасӣ мегардад. Қарори шӯрои нозирони Ҷамъият метавонад тариқи овоздиҳии ғоибона (бо роҳи пурсиш) қабул карда шавад. Ҳангоми овоздиҳии ғоибона ба ҳамаи аъзои шӯрои нозирон мавод оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа ва варақаи пурсиш барои овоздиҳӣ бо нишон додани муҳлате, ки аз ҷониби аъзои шӯрои нозирон варақаи пурсишии пуркардашуда ва ба имзо расонидашуда бояд ба шӯрои нозирони Ҷамъият пешниҳод карда шавад, дастрас карда мешавад. Аъзои шӯрои нозирони дар ҷаласаи шӯро ҳузурнадошта ҳуқуқ доранд ба таври хаттӣ фикрҳои худро аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи корӣ бо тартиби муқаррарнамудаи фаъолияти шӯрои нозирон баён намоянд. Супоридани ҳукуқи овоздиҳии аъзои шӯрои нозирон ба шахси дигар, аз ҷумла ба аъзои дигари шӯрои нозирон роҳ дода намешавад. Қарор дар ҷаласаи шӯрои нозирон бо аксарияти овозҳои аъзои шӯрои нозирон, ки дар ҷаласа иштирок менамоянд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кабул карда мешавад. Қарор дар бораи маъқул донистани аҳде, ки дар иҷрои он манфиат вуҷуд дорад, мутобиқи моддаи 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" аз ҷониби шӯрои нозирон бо аксари овозҳо қабул карда мешавад.
61. Таъмини ташкилию техникии фаъолияти шӯрои нозиронро котиби масъули он, ки узви шӯрои нозирон набуда, аз ҷониби раиси шӯрои нозирон таъин мегардад, ба роҳ мемонад. Раиси шӯрои нозирон на дертар аз 10 рӯз то санаи баргузории ҷаласаи шӯрои нозирон лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатй ва ё гайринавбатии шӯрои нозирон, инчунин ҳуҷҷатҳо ва маводи иттилоотй аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро тасдиқ менамояд ва ба аъзои шӯрои нозирон расонидани онро таъмин мекунад. Протоколи ҷаласаи шӯрои нозирон аз тарафи котиби масъули он дар рафти ҷаласа бурда мешавад. Ба протокол раисикунандаи ҷаласа, аъзои шӯрои нозирон ва котиби масъул, ки масъулияти дуруст тартиб додани онро ба зимма дорад, имзо мегузоранд. Фикру андешаи узви шӯрои нозирон, ки зидди қарори қабулшуда овоз додааст, ба протокол ворид карда мешавад. Протоколи ҷаласаи шӯрои нозирон на дертар аз 3 (се) рӯз аз санаи баргузории ҷаласа тартиб дода мешавад. Дар протоколи шӯрои нозирон ин маълумот зикр мегардад:
- ҷой ва вақти баргузории ҷаласаи шӯрои нозирон;
- шахсони дар ҷаласаи шӯрои нозирон ҳузурдошта;
- рӯзномаи ҷаласа;
- масъалаҳое, ки ба овоздиҳӣ гузошта мешаванд ва натиҷаҳои овоздиҳӣ аз рӯи онҳо;
- қарорҳои қабулшуда.
62. Протокол аз рӯйи натиҷаҳои овоздиҳӣ бо роҳи пурсиш на дертар аз 2 (ду) рӯз аз санаи муайяншудаи натиҷаҳои овоздиҳӣ бо роҳи пурсиш тартиб дода мешавад ва ба он раиси шӯрои нозирон ва дар сурати ҳозир набудани ӯ, аз ҷониби муовини раиси шӯрои нозирон имзо гузошта мешавад. Варақаҳои пурсиш қисми ҷудонопазири протокол маҳсуб меёбанд.
63. Дар протоколе, ки аз рӯйи натиҷаҳои овоздиҳии ғоибона тартиб дода шудааст, чунин маълумот дарҷ мегардад:
- вақт ва макони таҳияи протокол;
- аъзои шӯрои нозирон, ки ҳангоми қабули қарор варақаҳои пурсиши онҳо ба эътибор гирифта шудаанд;
- аъзои шӯрои нозирон, ки варақаҳои пурсиши онҳо беэътибор дониста шудаанд;
- масъалаҳое, ки ба овоздиҳӣ гузошта шудаанд, натиҷаҳои овоздиҳӣ аз рӯйи онҳо;
- қарорҳои қабулшуда.
64. Нигоҳдории нусхаи аслии протоколҳои шӯрои нозиронро котиби масъули он таъмин менамояд. Протоколҳо бо тартиби хронологӣ рақамгузорӣ шуда, рақамгузории дутарафа доранд, дар парвандаи алоҳида ҷой дода мешаванд ва бо тартибе, ки барои ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти иҷозаташ маҳдуд муқаррар гардидааст, нигоҳдорӣ мешаванд. Нусхаи протоколҳои шӯрои нозирон, ки аз ҷониби котиби масъули он имзо гардидааст, ба раиси шӯрои нозирон, аъзои он ва директори Ҷамъият фиристода мешаванд.
65. Ҳар як узви шӯрои нозирон вазифадор аст, ки манфиатҳои Ҷамъиятро ба роҳбарӣ гирифта, дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият намоянд. Узви шӯрои нозирон ҳуқуқ надорад, ки ҳангоми қабули қарорҳо манфиатҳои худро пеш гузорад ё имкониятҳои соҳибкорӣ, маъмурӣ ва имкониятҳои дигареро, ки бинобар узвияти ӯ дар шӯрои нозирон пайдо мешаванд, ба манфиати худ истифода барад. Муносибати дуҷонибаи шӯрои нозирон бо директори генералӣ ва ҳайати шӯрои нозирон дар асоси ҳамкории зич ва мудохила накардан ба ваколати ҷонибҳо ба роҳ монда мешавад.
66. Шӯрои нозирони Ҷамъият метавонад ба ҷаласаҳои худ коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллиро ҷалб намояд.
67. Ҳайати шӯрои нозирони Ҷамъият на камтар аз 5 (панҷ) нафар муайян мегардад.
68. Аъзои шӯрои нозирони Ҷамъият дар Маҷлиси умумии саҳмдорон бо аксарияти овозҳои саҳмдорони дар маҷлис иштирокдошта ба мӯҳлати то Маҷлиси умумии солонаи минбаъдаи саҳмдорон интихоб карда мешавад.
69. Дар сурати интихоб шудани шӯрои нозирони Ҷамъият дар Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъият, аъзои шӯрои нозирони Ҷамъият то Маҷлиси умумии солонаи минбаъдаи саҳмдорон интихобшуда ҳисобида мешаванд.
12. МАҚОМИ ИҶРОИЯИ ҶАМЪИЯТ - ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛӢ
70. Ба фаъолияти ҷории Ҷамъият мақоми иҷроия - Директори генералӣ роҳбарӣ карда, ба Муассис ва шӯрои нозирони Ҷамъият ҳисоботдиҳанда мебошад.
71. Директори генералии Ҷамъият аз ҷониби Муассиси Ҷамъият ва муовинони (муовини) ӯ аз ҷониби директори генералӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
72. Тибқи тартиби муқарраргардида Директори генералӣ бе ваколатнома аз номи Ҷамъият амал мекунад, аз ҷумла:
- иҷрои нақшаҳои фаъолияти Ҷамъият, ки барои ҳалли вазифаҳои ӯ зарур мебошанд, таъмин менамояд;
- иҷрои қарорҳои Муассисро ташкил менамояд;
- баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳиро пеш мебарад ва таъмин менамояд;
- моликияти Ҷамъиятро идора менамояд, аз номи Ҷамъият амалиёт мегузаронад, ваколатномаҳо медиҳад, дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ суратҳисобҳои ҷамъиятро мекушояд;
- фармонҳо мебарорад, дастурамалҳо, санадҳои меъёрӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъиятро аз рӯйи масъалаҳои таҳти ваколати ӯ қарордоштаро тасдиқ (қабул) менамояд, фармоишҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо аз тарафи ҳамаи кормандони Ҷамъият ҳатмӣ мебошад;
- аз номи Ҷамъият шартномаҳо мебандад, дигар муомилот ва амалҳоро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, анҷом медиҳад;
- ба ҳуҷҷатҳои Ҷамъият имзо мегузорад;
- нархҳои шартномавӣ ба маҳсулот ва арзиши хизматрасониҳоро муайян ва тасдиқ мекунад;
- сохтор, шумораи кормандон ва хароҷоти нигоҳдории онҳоро муайян ва тасдиқ менамояд. Кормандон, роҳбарони воҳидҳо ва шӯъбаҳои ҷамъиятро ба кор қабул мекунад, бо онҳо шартномаи меҳпатӣ мебандад, тағйир медиҳад ва қатъ месозад;
- роҳбарони филиалҳои Ҷамъиятро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- нисбати кормандони Ҷамъият мувофиқи қонунгузории меҳнат ҳуқуқу вазифаҳои корфарморо амалӣ намуда, низомнома дар бораи музди меҳнат, дар бораи пардохти мукофотпулии яквақта барои собиқаи корӣ ва додани имтиёзҳои иҷтимоӣ ба кормандони ҷамъиятро тасдиқ менамояд:
- масъалаҳои ҷории фаъолияти Ҷамъиятро ҳал менамояд.
73. Муовинони (муовини) Директори генералӣ ва шахсони дигари Ҷамъият аз номи Ҷамъият амал мекунанд, дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва давлатҳои хориҷӣ манфиатҳои онро намояндагӣ менамоянд, дар доираи ваколати ба онҳо додаи Директори генералӣ, ки дар эътимоднома дарҷ гардидааст, муомилот ва дигар амалҳои ҳуқуқиро анҷом медиҳанд.
13. АУДИТОРИ ҶАМЪИЯТ
74. Барои амалигардонии назорати фаъолияти солонаи молиявию ҳоҷагидории Ҷамъият шӯрои нозирон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Ҷамъият аудиторҳои дохилӣ ва берунаро ҷалб мекунад.
75. Аудитор бояд бо Ҷамъият муносибатҳои молумулкӣ надошта бошад.
76. Гузаронидани аудити Ҷамъият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" амалӣ карда мешавад.
77. Андозаи подошпулии аудитори Ҷамъият аз ҷониби шӯрои нозирон тасдиқ карда мешавад.
14. БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВИИ ҶАМЪИЯТ
78. Ҷамъият вазифадор аст баҳисобгирии муҳосибавиро пеш бурда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи молиявиро пешниҳод кунад.
79. Масъулияти ташкил, ҳолат ва саҳеҳии баҳисобгирии муҳосибавӣ дар Ҷамъият, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботи солона ва дигар ҳисоботи молиявӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ, инчунин маълумот оид ба фаъолияти Ҷамъият, ки барои Муассиси Ҷамъият, кредиторон ва воситаҳои ахбори омма пешниҳод мегарданд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи мазкур ба зиммаи Директори генералии Ҷамъият гузошта шудааст.
80. Саҳеҳии маълумоти ҳисоботи солонаи Ҷамъият ва ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ бояд аз ҷониби аудитори Ҷамъият, тасдиқ карда шавад.
81. Ҷамъият уҳдадор аст пеш аз нашри ҳуҷҷатҳои дар моддаи 91 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" нишондодашуда, барои тафтиши ҳарсола ва тасдиқи ҳисоботи солонаи молиявӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аудитореро, ки бо Ҷамъият ва ё саҳмдорони он аз лиҳози манфиатҳои молумулкӣ алоқаманд намебошад, ҷалб намояд.
82. Ҳисоботи солонаи Ҷамъият аз ҷониби Директори генералии Ҷамъият, дар давоми 30 рӯз баъд аз гузаронидани санҷиши аудиторӣ тасдиқ карда мешавад.
15. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ҶАМЪИЯТ
83. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Ҷамъият бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.